Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 6

Чӣ тавр вақтхушиҳои фоидабахшро интихоб кунем

Чӣ тавр вақтхушиҳои фоидабахшро интихоб кунем

«Ҳамаашро барои ҷалоли Худо ба ҷо оваред» (1 ҚӮРИНТИЁН 10:31).

1, 2. Интихоби мо дар мавриди вақтхушиҳо бояд чӣ гуна бошад?

ТАСАВВУР кунед, ки шумо меваи бомазаеро хӯрданиед, аммо нохост мебинед, ки як ҷои он пӯсидааст. Шумо чӣ кор мекардед? Шумо метавонистед меваро яклухт бо ҷои вайроншудааш бихӯред, ё онро партоед, ё ҷои вайроншударо бурида боқимондаашро хӯред. Шумо чӣ гуна амал мекардед?

2 Ба маънои дигар гирем вақтхуширо ба чунин мева монанд кардан мумкин аст. Баъзан, шумо истироҳат кардан мехоҳед, лекин дарк мекунед, ки бештари вақтхушиҳои имрӯза бад буда, ҳатто ахлоқан вайронанд. Пас чӣ бояд кард? Баъзеҳо шояд, чизҳои бадро раво меҳисобанд ва ҳар намуди вақтхушиеро, ки ин ҷаҳон пешниҳод мекунад, «фурӯ» мебаранд. Дигарон бошанд, аз тамоми вақтхушӣ даст мекашанд, то боварӣ дошта бошанд, ки худро ба ягон таъсири зараровар олуда накардаанд. Вале баъзеҳо шояд мекӯшанд, ки аз вақтхушии зараровар дар канор бошанд, аммо баъзан дар вақтхушиҳое иштирок мекунанд, ки каму беш фоидаоваранд. Барои дар муҳаббати Худо мондан, шумо бояд чиро интихоб кунед?

3. Мо ҳоло чиро дида мебароем?

3 Бисёриамон бешубҳа сеюмашро интихоб мекунем. Мо дарк мекунем, ки ба истироҳат кардан эҳтиёҷ дорем, вале ба шарте, ки он ахлоқан пок бошад. Барои ҳамин, мо бояд мулоҳиза ронем, ки чӣ тавр метавонем муайян созем, ки кадом вақтхушиҳо фоидабахшанд ва кадомашон не. Пеш аз ҳама, биёед дида бароем, ки чӣ тавр интихоби вақтхушиҳо метавонад ба ибодати мо ба Яҳува таъсир расонад.

«ҲАМААШРО БАРОИ ҶАЛОЛИ ХУДО БА ҶО ОВАРЕД»

4. Чӣ гуна ба Худо бахшида шуданамон бояд ба интихоби вақтхушиҳо таъсир расонад?

4 Чанде пеш, як Шоҳиди солхӯрда, ки соли 1946 таъмид гирифта буд, чунин гуфт: «Ман мақсад гузоштам, ки дар ҳар як нутқе, ки барои таъмидгирандагон садо медиҳад, иштирок кунам ва онро бодиққат гӯш кунам, ки гӯё ман ҳам таъмид гирифта истодаам». Барои чӣ? Ӯ чунин фаҳмонд: «Барои содиқ мондан ба Худо, хеле муҳим аст, ки ба Ӯ бахшидани худро ба хотир орeм». Шумо бешубҳа бо чунин суханон розиед. Агар шумо ба худ хотиррасон кунед, ки ба Яҳува ваъда додаед, ки тамоми ҳаёти худро ба хизмати Ӯ мебахшед, ин ба шумо кӯмак мерасонад, то дар озмоишҳо истодагарӣ намоед. (Воиз 5:3-ро хонед.) Дар ҳақиқат, дар бораи ба Худо бахшида шуданамон мулоҳиза рондан на танҳо ба муносибатамон нисбати хизмат, ҳамчунин ба дигар ҷонибҳои ҳаёт аз ҷумла ба вақтхушиҳо низ таъсир мекунад. Павлуси расул, вақте ки ба масеҳиёни давраи худ менавишт, ин ҳақиқатро чунин қайд намуд: «Хоҳ мехӯред, хоҳ менӯшед, ё кори дигаре мекунед, ҳамаашро барои ҷалоли Худо ба ҷо оваред» (1 Қӯринтиён 10:31).

5. Чӣ гуна Ибодат 22:18–20 ба мо барои дидани огоҳии пинҳоние, ки дар Румиён 12:1 омадааст, кӯмак мерасонад?

5 Ҳар кореро ки шумо дар ҳаётатон накунед, он бо ибодат ба Яҳува алоқаманд аст. Павлус дар номаи худ ба румиён ибораи таъсирбахшеро истифода бурд, то ки ин ҳақиқатро дар майнаи ҳамимононаш ҷо кунад. Ӯ онҳоро бо чунин суханон барангехт: «Ҷисмҳои худро ҳамчун қурбонии зинда, муқаддас ва писандидаи Худо тақдим кунед: ибодати оқилонаи шумо ҳамин хоҳад буд» (Румиён 12:1). Зери калимаи «ҷисмҳо» ақл, дил ва қуввати ҷисмонӣ дар назар дошта шудааст, ки шумо ҳамаи инро барои хизмати Худо истифода мебаред (Марқӯс 12:30). Чунин хизмате, ки аз сидқи дил карда мешавад, Павлус онро қурбонӣ меҳисобад. Ин ибора огоҳии пинҳониро дар бар мегирад. Мувофиқи қонуни Мусо, Худо он қурбониеро, ки айб дошт, рад мекард (Ибодат 22:18–20). Ба монанди ин, агар қурбонии рӯҳонии масеҳиён аз ягон ҷиҳат айб дошта бошад, Худо онро рад мекунад. Чӣ тавр чунин рӯй доданаш мумкин?

6, 7. Чӣ гуна масеҳӣ метавонад ҷисми худро ба чизи бад олуда гардонад ва ин ба чӣ оварда мерасонад?

6 Павлус масеҳиёни Румро чунин огоҳ мекунад: «Андоми [узвҳои бадани] худро ба гуноҳ насупоред». Боз ба онҳо гуфт, ки «аъмоли ҷисмониро» бикушанд (Румиён 6:12–14; 8:13). Чанде пеш, Павлус дар номаи худ, оиди чунин «амали ҷисмонӣ» якчанд мисол овард. Дар бораи одамони гунаҳкор чунин гуфта шудааст: «Даҳонашон пур аз ғайбат... аст». «Пойҳошон барои хунрезӣ шитобон аст». «Дар пеши чашмашон тарси Худо нест» (Румиён 3:13–18). Агар масеҳӣ «андом», ё узвҳои баданашро барои корҳои гунаҳкорона истифода барад, ӯ бадани худро ба чизи бад олуда мегардонад. Масалан, агар масеҳӣ дидаву дониста чунин маводи бадахлоқонаро ба монанди порнография ё зӯроварии бераҳмона тамошо кунад, ӯ чашмони худро ба гуноҳ месупорад ва тамоми баданашро ба чизи бад олуда мегардонад. Чӣ кореро, ки ӯ дар ибодати Худо накунад, онро метавон ба қурбоние монанд кард, ки дигар он барои Худо муқаддас ва раво ҳисобида намешавад (Такрори Шариат 15:21; 1 Петрус 1:14–16; 2 Петрус 3:11). Ин вақтхушиҳои нораво чӣ оқибати талхе доранд!

7 Фаҳмост, ки интихоби вақтхушиҳо барои масеҳиён оқибати ҷиддӣ доранд. Бешакку шубҳа, мо мехоҳем вақтхушиеро интихоб кунем, ки он қурбонии моро ба Яҳува оро диҳад, на ин ки нопок гардонад. Ҳоло бошад, биёед чӣ гуна муайян намудани вақтхушиҳои фоидабахш ва зарароварро дида бароем.

«АЗ БАДӢ НАФРАТ КУНЕД»

8, 9. a) Вақтхушиҳоро ба кадом ду қисм ҷудо кардан мумкин аст? б) Масеҳиён кадом намуди вақтхушиҳоро рад мекунанд ва чаро?

Вақтхушиҳоро умуман метавон ба ду қисм ҷудо кард. Ба қисми якум вақтхушиҳое дохил мешаванд, ки масеҳиён онҳоро бечунучаро рад мекунанд. Ба дуюмаш бошад, вақтхушиҳое дохил мешаванд, ки масеҳиён метавонанд онҳоро муносиб ё номуносиб ҳисобанд. Дар аввал биёед, қисми якумро дида бароем: вақтхушиҳое, ки масеҳиён онҳоро рад мекунанд.

9 Чуноне ки дар боби як гуфта шуда буд, дар баъзе намудҳои вақтхушӣ корҳое мебошанд, ки дар Китоби Муқаддас аниқ маҳкум карда шудаанд. Масалан, оиди веб-сайтҳо, филмҳо, барномаҳои телевизионӣ ва мусиқӣ, ки зӯроварии бераҳмона, иблисӣ ё порнографиро дар бар мегиранд ва ба корҳои бадахлоқонаву нафратовар бармеангезанд, андеша кунед. Азбаски дар чунин вақтхушиҳои паст корҳое ҳастанд, ки ба таври ҷолиб тасвир карда мешаванд, вале муқобили принсипу қонунҳои Китоби Муқаддасанд, масеҳиёни ҳақиқӣ аз онҳо бояд дурӣ ҷӯянд (Аъмол 15:28, 29; 1 Қӯринтиён 6:9, 10; Ваҳй 21:8). Вақтхушиҳои номуносибро рад карда, шумо ба Яҳува исбот мекунед, ки дар ҳақиқат аз бадӣ нафрат доред ва доимо нопокиро рад мекунед. Чунин амал намуда, шумо нишон медиҳед, ки «имони бериё» доред (1 Тимотиюс 1:5; Забур 33:15; Румиён 12:9).

10. Кадом мулоҳизаронӣ оиди вақтхушиҳо хатарнок аст ва чаро?

10 Баъзеҳо чунин меҳисобанд, ки тамошои барномаҳо ва филмҳое, ки дар он рафтори бадахлоқона равшан нишон дода мешавад, ба онҳо ҳеҷ зараре намерасонад. Онҳо чунин мулоҳиза мекунанд: «Гарчанд ман бадахлоқиро дар филмҳо ва барномаҳо тамошо кунам ҳам, аммо худам ҳеҷ гоҳ чунин амал намекунам». Чунин мулоҳизаронӣ фиребанда ва хатарнок аст. (Ирмиё 17:9-ро хонед.) Агар он чизе ки вақти моро хуш гардонад, вале Яҳува онро маҳкум мекунад, оё гуфтан мумкин аст, ки мо аз нопокӣ нафрат дорем? Агар мо роҳ диҳем, ки бадахлоқӣ мунтазам ба мо таъсир расонад, он гоҳ ҳиссиётамон кунд мегардад (Забур 118:70; 1 Тимотиюс 4:1, 2). Чунин рафтор метавонад ба амали мо таъсир кунад ё аз таъсири он мо дар рафтори гунаҳкоронаи одамон ягон бадие намебинем.

11. Чӣ тавр ҳақ будани суханон аз Ғалотиён 6:7 дар мавриди вақтхушиҳо тасдиқ гашт?

11 Ба ин монанд аллакай рух дода буд. Баъзе масеҳиён ба бадахлоқӣ дода шуданд, чунки тамошои вақтхушиҳо, ки барояшон одат шуда буд, ба онҳо таъсир расонд. Онҳо аз таҷрибаи талхи худ фаҳмиданд, ки «он чи одамизод мекорад, ҳамонро хоҳад даравид» (Ғалотиён 6:7). Аммо аз чунин оқибатҳои бад канорагирӣ кардан мумкин аст. Агар шумо бо ҷидду ҷаҳд дар майнаи худ чизи покро бикоред, бо хурсандӣ чизи фоидабахшро хоҳед даравид. (Ба замимаи « Ман бояд кадом вақтхуширо интихоб кунам?» нигаред.)

ҚАРОРҲОИ ШАХСИЕ, КИ БАР КИТОБИ МУҚАДДАС АСОС ЁФТААНД

12. Чӣ гуна дар интихоби вақтхушиҳо ояти Ғалотиён 6:5-ро истифода бурдан мумкин аст ва барои қабули қарорҳои шахсӣ мо аз рӯи кадом роҳбарӣ амал карда метавонем?

12 Биёед ҳоло бо шумо қисми дуюмро дида бароем: вақтхушиҳое, ки дар бораашон дар Китоби Муқаддас аниқ чизе гуфта нашудааст. Вақте ки мо чунин вақтхушиҳоро интихоб мекунем, ҳар як масеҳӣ бояд шахсан қарор қабул кунад ва муайян созад, ки чиро фоидабахш ҳисобидан мумкин аст. (Ғалотиён 6:5-ро хонед.) Вале дар чунин масъалаҳо мо бе роҳбарии Худо нестем. Дар Китоби Муқаддас принсип ё ҳақиқатҳои асосие мавҷуданд, ки барои фаҳмидани тарзи фикрронии Яҳува ба мо кӯмак мерасонанд. Ин принсипҳоро ба назар гирифта, мо дар тамоми лаҳзаҳои ҳаётамон, аз он ҷумла дар интихоби вақтхушиҳо метавонем фаҳмем, ки «иродаи Худо чист» (Эфсӯсиён 5:17).

13. Барои рад намудани вақтхушиҳое, ки Яҳуваро хафа мекунанд, чӣ моро бармеангезад?

13 Фаҳмост, ки ҳамаи масеҳиён идроки ахлоқӣ ё мулоҳизакории худро як хел инкишоф надодаанд (Филиппиён 1:9). Ғайр аз ин, масеҳиён дарк мекунанд, ки дар мавриди вақтхушиҳо нуқтаи назари онҳо гуногун аст. Барои ҳамин, набояд интизор шуд, ки ҳамаи масеҳиён қарори якхела қабул мекунанд. Ба ҳар ҳол, агар мо ҳар чӣ бештар ба принсипҳои Худо имкон диҳем, ки ба дилу ақламон таъсир расонанд, ҳамон қадар бо хоҳиши зиёдтар ҳар вақтхушиҳое, ки дили Яҳуваро хафа карда метавонанд, рад мекунем (Забур 118:11, 129; 1 Петрус 2:16).

14. a) Ҳангоми интихоби вақтхушиҳо чиро бояд ба назар гирифт? б) Барои он ки кори Салтанат дар ҳаёти мо дар ҷои аввал истад, чӣ кор бояд кунем?

14 Дар вақти интихоби вақтхушӣ, боз як чизи муҳимеро бояд ба назар гирем, яъне вақтро. Намуди вақтхушии интихобкардаатон нишон медиҳад, ки шумо чиро раво меҳисобед. Вале он вақтеро, ки шумо ба вақтхушӣ сарф мекунед нишон медиҳад, ки чӣ бароятон муҳим аст. Албатта, масеҳиён корҳои рӯҳониро аз ҳама муҳим меҳисобанд. (Матто 6:33-ро хонед.) Пас чӣ гуна мо боварӣ ҳосил карда метавонем, ки кори Салтанат дар ҳаёти мо дар ҷои аввал меистад? Павлуси расул гуфт: «Бодиққат назар кунед, ки чӣ гуна рафтор менамоед, на чун бехирадон, балки чун хирадмандон ва фурсатро ғанимат донед» (Эфсӯсиён 5:15, 16). Дар ҳақиқат, вақти ба вақтхушиҳо ҷудо кардаатонро маҳдуд карда, шумо барои чизҳое, ки «беҳтар аст», яъне барои корҳое, ки ба беҳбудии рӯҳониатон манфиат меоваранд, вақт меёбед (Филиппиён 1:10).

15. Чаро ҳангоми интихоби вақтхушиҳо оқилона мебуд, ки барои худ сарҳад бимонем?

15 Инчунин аз рӯи хирад мебуд, ки ҳангоми интихоби вақтхушиҳо барои худ сарҳад бимонем. Ин чӣ маъно дорад? Боз як бори дигар мисоли меваро дида мебароем. Барои он ки аз беэҳтиётӣ ҷои вайроншударо нахӯред, шумо на танҳо ҷои пӯсидааш, балки атрофи онро низ бурида мепартоед. Ҳамин тавр, дар интихоби вақтхушиҳо оқилона мебуд, ки ба марзи гуноҳ аз ҳад наздик нашавем. Масеҳии бохирад на танҳо аз вақтхушиҳое, ки аниқ принсипҳои Китоби Муқаддасро вайрон мекунанд, мегурезад, балки вақтхушиҳои шубҳанок, ё вақтхушиҳое, ки дар худ чизҳое доранд, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ зарароваранд (Масалҳо 4:25–27). Аз рӯи гуфтаҳои Каломи Худо амал намуда, мо айнан ҳамин тавр рафтор мекунем.

ҲАР ОН ЧӢ «ПОК АСТ»

Ҳангоми интихоби вақтхушиҳо, принсипҳои Худо моро аз зарари рӯҳонӣ ҳифз менамоянд

16. a) Чӣ гуна мо нишон дода метавонем, ки дар масъалаҳои ахлоқӣ нуқтаи назари Яҳуваро ба инобат мегирем? б) Чӣ гуна иҷро намудани принсипҳои Китоби Муқаддас тарзи зиндагии мо шуда метавонад?

16 Масеҳиёни ҳақиқӣ дар вақти интихоби вақтхушӣ, пеш аз ҳама нуқтаи назари Яҳуваро ба инобат мегиранд. Дар Китоби Муқаддас ҳиссиёт ва меъёрҳои Яҳува нишон дода шудаанд. Масалан, шоҳ Сулаймон якчанд чизеро ки Яҳува аз онҳо нафрат дорад, номбар мекунад, ба мисли: «забони дурӯғгӯй ва дастҳое ки хуни бегуноҳро мерезад, диле ки қасдҳои бадро мепарварад, пойҳое ки сӯи бадӣ мешитобад» (Масалҳо 6:16–19). Чӣ гуна нуқтаи назари Яҳува бояд ба шумо таъсир расонад? «Эй дӯстдорони Худованд аз бадӣ нафрат кунед!» — даъват мекунад забурнавис (Забур 96:10). Вақтхушие, ки шумо интихоб мекунед бояд нишон диҳад, ки шумо ҳақиқатан ҳам он чизе ки барои Яҳува нафратовар аст, нафрат доред (Ғалотиён 5:19–21). Боз дар хотир дошта бошед, ки ҳар он чизеро ки шумо на дар назди одамон, балки дар танҳоӣ мекунед, дар асл кӣ будани шуморо нишон медиҳад (Забур 10:4; 15:8). Аз ин рӯ, агар шумо аз таҳти дил хоҳиш дошта бошед, ки дар тамоми ҷонибҳои ҳаётатон дар масъалаҳои ахлоқӣ нуқтаи назари Яҳуваро ба инобат гиред, ҳамаи қарорҳои шумо ҳамеша мувофиқи принсипҳои Китоби Муқаддас хоҳанд буд. Бо гузашти вақт чунин рафтор тарзи ҳаёти шумо мегардад (2 Қӯринтиён 3:18).

17. Пеш аз интихоб кардани вақтхушӣ кадом саволҳоро мо бояд ба худ диҳем?

17 Дар интихоби вақтхушӣ, то боварӣ ҳосил намоем, ки мо мувофиқи тарзи фикрронии Яҳува амал мекунем, боз чӣ кор карда метавонем? Дар бораи чунин савол фикр кунед: «Чӣ гуна ин ба ман ва ба муносибатам бо Худо таъсир мекунад?» Масалан, пеш аз тамошо кардани ин ё он филм, аз худ пурсед: «Чӣ гуна мазмуни ин филм ба виҷдонам таъсир мерасонад?» Биёед дида бароем, ки кадом принсипҳоро мо дар ин маврид истифода бурда метавонем.

18, 19. a) Чӣ тавр принсип аз Филиппиён 4:8 метавонад ба мо кӯмак расонад, то муайян созем, ки кадом вақтхушӣ фоидабахш аст ва кадомаш не? б) Кадом принсипҳои дигар ба шумо барои интихоби вақтхушии хуб кӯмак расонда метавонад? (Ба эзоҳ нигаред.)

18 Принсипи асосӣ дар Филиппиён 4:8 навишта шудааст: «Ҳар он чи рост аст ва ҳалол аст ва боинсоф аст ва пок аст ва хушоянд аст ва шоёни таҳсин аст ва ҳар эҳсон ва ҳамде ки бошад,— дар бораи онҳо фикр кунед». Албатта, Павлус на дар бораи вақтхушӣ, балки дар бораи мулоҳизаронии дил, ки бояд Худоро хурсанд кунад, сухан мегуфт (Забур 18:15). Бо вуҷуди ин, суханони Павлусро метавон дар мавриди вақтхушӣ истифода бурд. Вале чӣ тавр?

19 Аз худ бипурсед: «Оё филмҳо, бозиҳои электронӣ, мусиқӣ ё дигар намуди вақтхушиҳо майнаи маро бо он чизе ки “пок аст”, пур мекунанд?» Масалан, баъди тамошои филм, дар майнаи шумо кадом тасвирҳо нақш мебанданд? Агар онҳо хушу гуворо, тоза ва тароватбахш бошанд, гуфтан мумкин аст, ки вақтхушӣ фоидабахш буд. Вале агар филми тамошокардаатон ба фикр кардани чизи нопок барангезад, он гоҳ ин вақтхушӣ бефоида ва ҳатто зараровар мебошад (Матто 12:33; Марқӯс 7:20–23). Барои чӣ? Барои он ки мулоҳиза дар бораи чизҳои ахлоқан нопок, оромии дилро ба ташвиш меорад, виҷдони бар Китоби Муқаддас таълиёфтаатонро захмдор мекунад ва муносибататонро бо Худо вайрон месозад (Эфсӯсиён 5:5; 1 Тимотиюс 1:5, 19). Азбаски чунин вақтхушӣ шахсан ба шумо таъсири зараровар дорад, бо қатъият аз он дурӣ ҷӯед (Румиён 12:2) *. Мисли забурнавис бошед, ки ба Яҳува дуо мегуфт: «Чашмонамро аз дидани чизҳои ҳеҷу пуч пешгирӣ намо» (Забур 118:37).

НАФЪИ ДИГАРОНРО БИҶӮЕД

20, 21. Чӣ тавр 1 Қӯринтиён 10:23, 24 ба интихоби вақтхушии фоидабахш вобастагӣ дорад?

20 Павлус як принсипи муҳими Китоби Муқаддасро қайд намуд, ки онро бояд ҳангоми қабули қарорҳои шахсӣ ба назар гирем. Ӯ гуфт: «Ҳама чиз барои ман ҷоиз аст, лекин на ҳар чиз фоиданок аст; ҳама чиз барои ман ҷоиз аст, лекин на ҳар чиз обод мекунад. Ҳеҷ кас нафъи худро толиб набошад, балки нафъи дигаронро» (1 Қӯринтиён 10:23, 24). Чӣ гуна ин принсип ба интихоби вақтхушии фоидабахш вобастагӣ дорад? Шумо бояд аз худ бипурсед: Чӣ гуна вақтхушии интихобкардаам ба дигарон таъсир мерасонад?

21 Эҳтимол виҷдони шумо ба интихоби вақтхушие, ки он дар назаратон «ҷоиз» ё раво мебошад, роҳ диҳад. Вале агар шумо бинед, ки бародарон ва хоҳароне, ки виҷдонашон нозуктар аст, онро нораво меҳисобанд, шояд шумо аз он даст кашед. Барои чӣ? Барои он ки шумо намехоҳед, «бар зидди бародарон» ё ҳатто чуноне ки Павлус гуфта буд «бар зидди Масеҳ» гуноҳ кунед. Зеро ба ҳамимононатон барои нигоҳ доштани садоқат ба Худо, душвортар мегашт. Чунки шумо ба маслиҳати зерин ҷиддӣ нигоҳ мекунед: «Касе дар сари роҳи бародараш пешпое ё васвасае нагузорад» (Румиён 14:13). Масеҳиёни ҳақиқии имрӯза ба маслиҳати Павлус, ки бо ғамхорӣ ва мулоҳизакорӣ дода буд, гӯш карда аз вақтхушиҳое, ки «ҷоиз» мебошанд, лекин «фоида» намеоранд, канорагирӣ мекунанд (Румиён 14:1; 15:1).

22. Чаро масеҳӣ набояд аз дигарон талаб кунад, ки нуқтаи назари онҳо мисли назари вай бошад?

22 Нафъи дигаронро ҷуста, мо бояд боз як чизи дигарро дар хотир дошта бошем. Масеҳие, ки виҷдони ҳассос дорад, набояд дигар аъзоёни ҷамъомадро маҷбур кунад, ки дар мавриди вақтхушиҳои муносиб, мисли вай нигоҳи ҷиддӣ дошта бошанд. Агар ӯ чунин рафтор кунад, ӯро ба ронандае монанд кардан мумкин аст, ки дар роҳи рости мошингард аз дигар ронандагон талаб мекунад, ки суръати ронданашонро бо ӯ баробар кунанд. Чунин талабот аз рӯи хирад нест. Масеҳие, ки виҷдони ҳассос дорад, ҳамимонони худро, ки назари онҳо дар интихоби вақтхушӣ аз назари ӯ фарқ мекунад, лекин интихобашон мувофиқи принсипҳои Китоби Муқаддас мебошад, бояд ҳурмат кунад. Ҳамин тавр, «бигзор оқилии шумо ба ҳамаи одамон маълум бошад» (Филиппиён 4:5, ТДН; Воиз 7:16).

23. Чӣ тавр боварӣ ҳосил карда метавонед, ки шумо вақтхушии фоидабахшро интихоб намудед?

23 Хулоса, чӣ гуна боварӣ ҳосил кардан мумкин аст, ки шумо вақтхушии фоидабахшро интихоб кардед? Ҳар вақтхушие, ки дар он корҳои нафратовар ва бадахлоқона, ки дар Китоби Муқаддас маҳкум карда мешаванд, рад кунед. Агар дар Китоби Муқаддас дар бораи баъзе вақтхушиҳо равшан ягон чиз гуфта нашуда бошад, аз рӯи принсипҳои Навиштаҳои Муқаддас амал кунед. Аз вақтхушиҳое, ки ба виҷдони шумо зарар меоранд, канорагирӣ кунед ва бо тайёрӣ аз вақтхушие, ки ба ҳиссиёти дигарон, хусусан ба ҳиссиёти ҳамимонон зарар расонда метавонад, даст кашед. Бигзор хоҳиши чунин амал кардани шумо Худоро ҷалол диҳад ва шумову аҳли оилаатонро дар муҳаббати Ӯ нигоҳ дорад.

^ сарх. 19 Баъзе принсипҳои дигаре, ки ба вақтхушиҳо тааллуқ доранд, дар чунин оятҳо оварда шудаанд: Масалҳо 3:31; 13:20; Эфсӯсиён 5:3, 4; Қӯлассиён 3:5, 8, 20.