Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 8

Худо халқи покро дӯст медорад

Худо халқи покро дӯст медорад

«Худамонро аз ҳар гуна наҷосати ҷисм ва рӯҳ тоза карда, қудсияти худро дар тарси Худо мукаммал намоем» (2 ҚӮРИНТИЁН 7:1).

1–3. a) Чаро модар ба либоси тозаву озода пӯшидани писараш диққат медиҳад? б) Чаро Яҳува мехоҳад, ки хизматгорони Ӯ тозаву пок бошанд ва чӣ моро бармеангезад, ки худро тозаву пок нигоҳ дорем?

МОДАРЕ кӯдакашро либос пӯшонда, ба сайру гашт тайёр мекунад. Ӯ ба шустушӯ кардани кӯдак ва либоси тозаву озода пӯшиданаш диққат медиҳад. Вай медонад, ки риоя кардани гигиена барои саломатии фарзандаш хеле муҳим аст. Ӯ ҳамчунин медонад, ки аз сару либоси кӯдак дигарон мефаҳманд, ки волидони ӯ чӣ гуна шахс мебошанд.

2 Яҳува, Падари осмониамон, мехоҳад, ки хизматгорони Ӯ тозаву пок бошанд. Дар Каломи Ӯ гуфта мешавад: «Худамонро аз ҳар гуна наҷосати ҷисм ва рӯҳ тоза карда, қудсияти худро дар тарси Худо мукаммал намоем» (2 Қӯринтиён 7:1) *. Яҳува моро дӯст медорад; Ӯ медонад, ки риоя кардани тозагӣ ба мо манфиати бисёр меорад. Ҳамчунин Ӯ интизор аст, ки дигарон аз рӯи рафтори мо чун Шоҳидонаш, Ӯро таъриф хоҳанд кард. Дар ҳақиқат, агар мо тозаву озода бошем ва дуруст рафтор кунем, ин ба Яҳува ва ба номи муқаддаси Ӯ шаъну шараф меорад, на ин ки нанг. (Ҳизқиёл 36:22; 1 Петрус 2:12-ро хонед.)

3 Донистани он ки Худо одамони тозаро дӯст медорад, моро бармеангезад, ки тоза бошем. Азбаски Худоро дӯст медорем, мо мехоҳем, ки бо тарзи зиндагии худ Ӯро ҷалол диҳем. Мо ҳамчунин мехоҳем худро дар муҳаббати Ӯ нигоҳ дорем. Пас биёед дида бароем, ки чаро мо бояд тозаву пок монем ва покиза будан чӣ маъно дорад ва чӣ тавр онро нигоҳ дошта метавонем. Чунин санҷиш кӯмак мекунад, то бубинем, ки дар ҳаётамон аз кадом ҷиҳат ба мо беҳтар шудан лозим аст.

ЧАРО МО БОЯД ТОЗАГИРО НИГОҲ ДОРЕМ?

4, 5. a) Сабаби асосии тоза монданамон дар чист? б) Чӣ гуна муҳаббати Худо нисбати тозагӣ дар офаридаҳои намоёни Ӯ дида мешавад?

4 Яҳува моро роҳнамоӣ карда, ба мо намуна медиҳад. Барои ҳамин, Каломи Ӯ моро бармеангезад: «Ба Худо тақлид намоед» (Эфсӯсиён 5:1). Сабаби аслии пок мондани мо ин аст, ки Яҳува Худоеро, ки мо ибодат мекунем аз ҳар ҷиҳат пок ва қуддус, яъне муқаддас аст. (Ибодат 11:44, 45-ро хонед.)

5 Муҳаббати Яҳува нисбати тозагӣ мисли дигар хислатҳо ва корҳояш дар офаридаҳои намоёни Ӯ дида мешавад (Румиён 1:20). Аз рӯи ниятҳои Ӯ замин бояд барои одамон хонаи тозае мебуд. Яҳува сиклҳои табииро тавре ҷойгир кардааст, ки ба туфайли он ҳаво ва об тоза мешаванд. Баъзе бактерияҳо нақши санитарҳоро иҷро намуда, партовҳоро ба моддаҳои безарар табдил медиҳанд. Олимон баъзе намуди ин микробҳои гуруснаро истифода мебаранд, то ки доғҳои нафт ё дигар ифлосиҳое, ки аз сабаби худпарастӣ ва ҳарисии одамон пайдо мешаванд, бартараф кунанд. Аён аст, ки тозагӣ барои Шахсияте, ки «заминро... офарид», хеле муҳим аст (Ирмиё 10:12). Мо низ бояд ба тозагӣ чунин назар дошта бошем.

6, 7. Чӣ гуна дар қонуни Мусо қайд шуда буд, ки аз ибодаткунандагони Худо тозагӣ талаб карда мешавад?

6 Сабаби дигаре, ки мо бояд тоза монем — Яҳува, Офаридгори мо аз хизматгоронаш тозагиро талаб мекунад. Аз рӯи Қонуне, ки Яҳува ба Исроил дода буд, тозагӣ бо ибодати Худо сахт алоқаманд буд. Дар Қонун махсусан гуфта мешуд, ки дар рӯзи кафорат саркоҳин дар як рӯз бояд на як бор, балки ду бор шустушӯ мекард (Ибодат 16:4, 23, 24). Аз коҳиноне, ки вазифаҳои худро иҷро мекарданд, талаб карда мешуд, ки пеш аз овардани қурбонӣ бояд дасту пойҳояшонро шӯянд (Хуруҷ 30:17–21; 2 Вақоеънома 4:6). Дар Қонун тақрибан 70 сабабе оварда шудааст, ки одам ҷисман ё аз рӯи қоидаҳои маросим нопок мешуд. Шахси нопок дар ибодати Худо иштирок карда наметавонист, дар баъзе мавридҳо ҷазои чунин шахс ҳатто ҳукми қатл буд (Ибодат 15:31). Шахсе ки усули покшавӣ, масалан шустани бадан ё либоси худро, ки Қонун талаб менамуд, рад мекард, ӯ бояд аз «ҷамоат» маҳв мешуд (Ададҳо 19:17–20).

7 Гарчанд имрӯз қонуни Мусо амал накунад ҳам, мо ба туфайли он, нуқтаи назари Худоро дар масъалаҳои гуногун фаҳмида метавонем. Чуноне ки маълум мешавад, дар Қонун қайд карда шуда буд, ки аз ибодаткунандагони Худо тозагӣ талаб карда мешавад. Яҳува тағйир наёфтааст (Малокӣ 3:6). Худо ҳамон вақт ибодатамонро нисбати Ӯ қабул мекунад, агар он «пок ва беайб» бошад (Яъқуб 1:27). Барои ҳамин, мо бояд донем, ки дар чунин маврид Ӯ аз мо чиро интизор аст.

ДАР НАЗАРИ ХУДО ТОЗА БУДАН ЧӢ МАЪНО ДОРАД

8. Аз кадом ҷиҳатҳо Яҳува мехоҳад, ки мо пок монем?

8 Дар Китоби Муқаддас тозагӣ танҳо ба маънои аслӣ наомадааст. Аз рӯи нуқтаи назари Худо, мо бояд дар ҳама мавридҳои ҳаёт тозаву пок бошем. Яҳува мехоҳад, ки мо чор намуди покизагиро нигоҳ дорем: покии рӯҳонӣ, покии ахлоқӣ, покии ҷисмонӣ ва покӣ дар фикр. Биёед, ҳар яки инҳоро дар алоҳидагӣ дида бароем.

9, 10. Рӯҳан пок мондан, чӣ маъно дорад ва масеҳиёни ҳақиқӣ чиро рад мекунанд?

9 Покии рӯҳонӣ. Агар оддӣ карда гӯем, рӯҳан тоза ё пок будан, маънои онро дорад, ки ибодати дурӯғро бо ибодати ҳақиқӣ омехта насозем. Вақте ки исроилиён Бобилро тарк карда ба Ерусалим баргаштанд, онҳо бояд ба ин насиҳат гӯш медоданд: «Аз он ҷо берун оед! Ба чизи нопок нарасед!... худро тоза кунед!» (Ишаъё 52:11). Исроилиён асосан барои барқарор кардани ибодати ҳақиқӣ ба Яҳува, ба ватанашон баргашта буданд. Ин ибодат бояд пок мебуд, яъне ба ягон таълимот, амал ё урфу одатҳои аз Бобил гирифташуда, ки Худоро бадном мекарданд, бояд олуда намешуд.

10 Имрӯз мо чун масеҳиёни ҳақиқӣ бояд эҳтиёт бошем, ки худро ба ибодати дурӯғ олуда насозем. (1 Қӯринтиён 10:21-ро хонед.) Боэҳтиётӣ хеле муҳим аст, зеро таъсири дини дурӯғ дар ҳама ҷо паҳн гаштааст. Дар бисёр давлатҳо анъана, урфу одат ва расму русумҳои гуногун бо таълимоти динҳои дурӯғин алоқаманданд, масалан, тасаввурот дар бораи он ки баъд аз марг чизе одамро тарк карда зиндагиро давом медиҳад (Воиз 9:5, 6, 10). Масеҳиёни ҳақиқӣ урфу одатҳое, ки бо таълимоти динҳои дурӯғин алоқаманданд, рад мекунанд *. Мо намегузорем, ки зери фишори атрофиён меъёрҳои Китоби Муқаддасро дар бобати ибодати пок вайрон кунем (Аъмол 5:29).

11. Ахлоқан пок мондан, чӣ маъно дорад ва чаро ин хеле муҳим аст?

11 Покии ахлоқӣ. Ахлоқан пок мондан — бадахлоқии ҷинсиро бо ҳар намудаш рад кардан аст. (Эфсӯсиён 5:5-ро хонед.) Барои мо хеле муҳим аст, ки ахлоқан пок монем. Чӣ тавре ки аз боби навбатии ин китоб мебинем, барои худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доштан, мо бояд «аз зино» бигрезем. Касоне ки ба бадахлоқии ҷинсӣ даст зада, тавба намекунанд «вориси Малакути Худо намешаванд» (1 Қӯринтиён 6:9, 10, 18). Чунин одамон дар назари Худо дар қатори «палидон» мебошанд. Агар онҳо худро ахлоқан пок нигоҳ надоранд, «насибашон... мамоти дуюм аст» (Ваҳй 21:8).

12, 13. Чӣ гуна фикру амал бо ҳам алоқаманд мебошанд ва чӣ тавр мо дар фикр покиро нигоҳ дошта метавонем?

12 Покӣ дар фикр. Чизе ки дар фикр аст, он дар амал иҷро мешавад. Агар мо ба фикрҳои нодуруст роҳ диҳем, ки дар майнаву диламон ҷойгир шаванд, дер ё зуд мо ба рафтори нопок даст мезанем (Матто 5:28; 15:18–20). Аммо агар мо дар майнаамон фикрҳои пок ва тозаро ҷо кунем, барои мо ахлоқан пок мондан осон мегардад. (Филиппиён 4:8-ро хонед.) Чӣ тавр мо метавонем фикрамонро пок нигоҳ дорем? Аввал мо бояд аз ҳар намуди вақтхушие, ки метавонад фикррониамонро вайрон кунад, дурӣ ҷӯем *. Дуюм, мо метавонем бо мунтазам хондани Каломи Худо майнаамонро бо фикрҳои пок пур намоем (Забур 18:9, 10).

13 Барои худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доштан, ба мо муҳим аст, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ, ахлоқӣ ва фикрронӣ, пок монем. Ин ҷиҳатҳои покизагӣ дар бобҳои дигари ин китоб муфассалтар муҳокима карда мешаванд. Ҳоло бошад, биёед ҷиҳати чорумро дида бароем — покизагии ҷисмонӣ.

ЧӢ ТАВР МО ПОКИИ ҶИСМОНИРО НИГОҲ ДОШТА МЕТАВОНЕМ?

14. Чаро риоя намудани тозагии ҷисмонӣ танҳо кори шахсӣ нест?

14 Риоя намудани покӣ ё тозагии ҷисмонӣ, гигиенаи шахсӣ ва тоза нигоҳ доштани хонаро дар бар мегирад. Оё гуфтан мумкин аст, ки риояи чунин тозагӣ — кори шахсӣ буда, ҳеҷ кас набояд ба он кордор шавад? Шоҳидони Яҳува ин тавр фикр намекунанд. Чӣ хеле ки аллакай қайд шуда буд, барои Яҳува покии ҷисмонӣ на танҳо барои он муҳим аст, ки он ба фоидаи мост, балки боз барои он муҳим аст, ки аз сару либоси мо дигарон ба чӣ гуна шахсият будани Яҳува баҳо медиҳанд. Мисолеро, ки дар аввали боб оварда шудааст, ба хотир оред. Вақте ки шумо бачаи сару либосаш бетартибу чиркинро мебинед, хоҳу нохоҳ чӣ гуна шахсон будани падару модарашро фикр мекунед, ҳамин тавр не? Мо намехоҳем, ки бо намуди зоҳирӣ ва тарзи зиндагониамон ба номи Падари Осмониамон нанг орем, ё диққати одамонро ба хушхабаре, ки мавъиза мекунем, парешон созем. Дар Каломи Худо чунин гуфта шудааст: «Дар ҳеҷ чиз мо мамониат намерасонем, то ки хизмати мо ба мазаммат дучор нашавад. Балки дар ҳар чиз худро ҳамчун хизматгузорони Худо зоҳир месозем» (2 Қӯринтиён 6:3,4). Пас чӣ тавр мо покии ҷисмониро нигоҳ дошта метавонем?

15, 16. Доштани кадом одатҳои хуб манфиатнок аст ва либоси мо бояд чӣ гуна бошад?

15 Гигиенаи шахсӣ ва намуди зоҳирӣ. Гарчанд дар ҳар мамлакат маданият ва шароити зиндагӣ гуногун аст, лекин бисёр вақт собун ва об ба мо дастрас мебошад ва мо метавонем доимо шустушӯ карда, худ ва фарзандонамонро тоза нигоҳ дорем. Пеш аз хӯрок хӯрдан ё пухтани он, баъд аз ҳоҷатхона ва шустушӯи кӯдак ва иваз намудани эзорча (пелёнка)-и вай одати дастро бо собун шустан хеле муҳим аст. Одати дастонро бо собун шустан моро аз касалиҳо эмин медорад ва ҳатто ҳаётамонро наҷот медиҳад. Ба туфайли ин одат пеши роҳи паҳншавии вирусу бактерияҳои зараровар гирифта мешаванд ва аз касалиҳое, ки ба дарунравӣ меоранд, дар канор буда метавонем. Дар давлатҳое, ки дар хонаҳо қубурҳои канализатсионӣ гузаронда нашудаанд, ахлотро зери хок карда метавонед, чуноне ки дар Исроили қадим мекарданд (Такрори Шариат 23:12, 13).

16 Инчунин муҳим аст, ки либосҳоямонро ҳамеша шӯем, то ки тозаву озода ва ботартиб бошем. Либоси масеҳиён шарт нест, ки қиммат ва аз рӯи мӯди охирин бошад, балки бояд тозаву озода ва хоксорона бошад. (1 Тимотиюс 2:9, 10-ро хонед.) Дар куҷое ки набошем, мо мехоҳем, ки намуди зоҳириамон «таълимоти Наҷотдиҳандаи мо Худоро» зебу оро диҳад (Титус 2:10).

17. Чаро хона ва ҳавлиамон бояд тозаву ботартиб бошанд?

17 Хонаву ҳавлӣ. Шарт нест, ки хонаи мо боҳашамат ва дабдабанок бошад, лекин то дараҷае ки шароитамон имкон диҳад, бояд тоза ва ботартиб бошад. Инчунин агар мо бо мошин ба ҷамъомад ва ба мавъиза равем, ба мо зарур аст, ки онро ба қадри имкон аз дарун ва берун тоза нигоҳ дорем. Биёед фаромӯш накунем, ки хона ва ҳавлии тоза, худ дар бораи Худое, ки ибодат мекунем, шаҳодат медиҳанд. Зеро мо ба одамон таълим медиҳем, ки Яҳува Худои пок аст ва Ӯ «нобудкунандагони заминро нобуд» хоҳад кард ва дар наздикӣ зери ҳукмронии Салтанати худ хонаи заминии моро ба биҳишт мубаддал мегардонад (Ваҳй 11:18; Луқо 23:43). Албатта мо мехоҳем, ки намуди хона ва чизу чораамон ба дигарон нишон диҳад, ки аллакай аз ҳозир мо дар худ одати нигоҳ доштани тозагиро инкишоф медиҳем, ки ин дар дунёи нави омадаистода, даркор мешавад.

Тозагии ҷисмонӣ ба худ, риоя кардани гигиенаи шахсӣ ва тоза нигоҳ доштани хонаро дар бар мегирад

18. Чӣ тавр мо нисбати Толори Салтанати худ эҳтиром нишон дода метавонем?

18 Ҷое ки вохӯриҳо мегузаранд. Муҳаббати мо нисбати Яҳува моро бармеангезад, ки дар маҳаллаамон ба Толори Салтанат — маркази ибодати ҳақиқӣ эҳтиром зоҳир кунем. Вақте ки одамон бори аввал ба толор меоянд, мо мехоҳем, ки дар онҳо таассуроти хуб боқӣ монад. Барои он ки толор ботартиб ва зебо бошад, мунтазам онро рӯбучин ва нигоҳубин кардан лозим аст. Вақте ки мо ҳамаи имкониятҳоро истифода бурда, толорро дар ҳолати хуб нигоҳ медорем, мо нишон медиҳем, ки нисбати Толори Салтанат эҳтиром дорем. Барои мо шараф аст, ки вақти худро барои рӯбучин, барқарор ва таъмир кардани толор сарф мекунед (2 Вақоеънома 34:10). Ин принсипҳо ҳамчунин ба Толорҳои Анҷуман ё дигар ҷойҳое, ки анҷуманҳо мегузаранд, ба кор бурда мешаванд.

АЗ АМАЛ ВА ОДАТҲОИ НОПОК КАНОРАГИРӢ НАМОЕД

19. Барои худро ҷисман пок нигоҳ доштан, аз чӣ бояд канорагирӣ намоем ва Китоби Муқаддас дар ин маврид ба мо чӣ гуна кӯмак мерасонад?

19 Барои худро ҷисман пок нигоҳ доштан, ба мо зарур аст, ки аз чунин амал ва одатҳои нопок, ба монанди тамокукашӣ, суиистифода аз машруботи спиртӣ ва истеъмоли маводи ғайритиббии синтетикӣ ё табиие, ки ба ҳушу ёд таъсир мерасонад ва ба истеъмолаш одат кардан мумкин аст, парҳез кунем. Дар Китоби Муқаддас ҳамаи амал ва одатҳои нопоку нафратовар, ки дар рӯзҳои мо хеле паҳн гардидаанд, аниқ номбар нашудаанд. Лекин дар Китоби Муқаддас принсипҳое ҷойгиранд, ки ба туфайли онҳо мо фаҳмида метавонем, ки Яҳува оиди ин амал ва одатҳо чӣ фикру андеша дорад. Азбаски мо нуқтаи назари Яҳуваро медонем, муҳаббатамон ба Ӯ моро бармеангезад, то бо роҳе равона шавем, ки ба Ӯ писанд аст. Биёед панҷ принсипи Навиштаҳоро дида бароем.

20, 21. Аз кадом корҳо Яҳува мехоҳад, ки мо дурӣ ҷӯем ва бояд кадом сабаби махсусро дар хотир дошта бошем?

20 «Эй маҳбубонам, дар сурате ки чунин ваъдаҳо дорем, худамонро аз ҳар гуна наҷосати ҷисм ва рӯҳ тоза карда, қудсияти худро дар тарси Худо мукаммал намоем» (2 Қӯринтиён 7:1). Яҳува мехоҳад, ки мо ба корҳое, ки ҷисмамонро нопок мегардонанд ва ба рӯҳияи мо зарар мерасонанд, яъне ба тарзи фикррониамон таъсир мерасонанд, ғулом нагардем. Барои ҳамин, мо бояд аз рафтори ба одатдаромада, ки ба ҷисман ва фикран солим буданамон таъсири бад мерасонад, дурӣ ҷӯем.

21 Дар Китоби Муқаддас сабабҳои асоснок оварда шудаанд, ки чаро бояд худро «аз ҳар гуна наҷосат [нопокӣ]» тоза кунем. Диққат диҳед, ки ояти 2 Қӯринтиён 7:1 бо чунин суханон сар мешавад: «Чунин ваъдаҳо дорем». Кадом ваъдаҳо? Дар оятҳои пешина ваъдаҳои Яҳува навишта шудаанд: «Ман шуморо қабул хоҳам кард; Ва Падари шумо хоҳам буд» (2 Қӯринтиён 6:17, 18). Тасаввур кунед: Яҳува ваъда медиҳад, ки шуморо муҳофизат мекунад, дӯст медорад ва дар бораи шумо ғамхорӣ мекунад, ба монанди падаре, ки писар ё духтари худро дӯст медорад. Аммо Яҳува ҳамон вақт ин ваъдаҳоро иҷро мекунад, агар шумо аз он чизе ки «ҷисм ва рӯҳ»-ро нопок месозад, канорагирӣ намоед. Агар мо ба амал ва одатҳои нафратовар иҷозат диҳем, ки муносибати қимматтарину наздики моро бо Яҳува вайрон созанд, ин чӣ беақлие мебуд!

22–25. Кадом принсипҳои Китоби Муқаддас ба мо кӯмак мерасонанд, ки аз амал ва одатҳои бад дурӣ ҷӯем?

22 «Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми ҳуши ту дӯст бидор» (Матто 22:37). Исо қайд намуд, ки ин аҳкоми аз ҳама муҳим аст (Матто 22:38). Яҳува чунин муҳаббати моро сазовор мебошад. Ӯро бо тамоми дилу ҷон ва ақламон дӯст дошта, мо бояд аз корҳое, ки ҳаёти моро кӯтоҳ мекунанд ё қобилияти фикррониамонро ки Худо ба мо додааст, кунд мегардонанд, канорагирӣ намоем.

23 «[Яҳува] Худаш ҳаёт ва нафас ва ҳар чизро ба ҳама мебахшад» (Аъмол 17:24, 25). Ҳаёт — ҳадяи Худост. Мо Ҳаётдиҳандаро дӯст медорем, барои ҳамин мехоҳем, ки ба ҳадяи Ӯ эҳтиром зоҳир кунем. Мо аз ҳар амал ва одатҳое, ки ба саломатиамон таъсири бад мерасонанд дурӣ меҷӯем, чунки дарк мекунем, ки чунин корҳо аз беҳурматӣ нисбати ҳадяи ҳаёт шаҳодат медиҳанд (Забур 35:10).

24 «Ёри худро мисли худ дӯст бидор» (Матто 22:39). Амал ва одатҳои нопок бисёр вақт на танҳо ба худи шахс, балки ба атрофиён низ зарар мерасонанд. Масалан тамокукаш саломатии онҳоеро ки тамоку намекашанд, зери хатар мегузорад. Шахсе, ки ба атрофиён зарар мерасонад, ӯ аҳкоми дӯст доштани ёри худро вайрон месозад. Ҳамаи гуфтаҳои ӯ дар бораи он ки Худоро дӯст медорад, дурӯғ аст (1 Юҳанно 4:20, 21).

25 «Ба онҳо хотиррасон бикун, ки ба сарварон ва ҳукуматдорон фармонбардорӣ ва итоат намоянд» (Титус 3:1). Дар бисёр мамлакатҳо доштани нашъаҳои муайян ва истеъмоли онҳо зидди қонун мебошад. Масеҳиёни ҳақиқӣ нашъаи ғайриқонунӣ надоранд ва онро истеъмол намекунанд (Румиён 13:1).

26. a) Барои худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доштан, чӣ кор бояд кард? б) Барои чӣ дар назари Худо пок будан, беҳтарин роҳи ҳаёт аст?

26 Барои дар муҳаббати Худо мондан, ба мо зарур аст, ки на танҳо дар баъзе мавридҳо, балки дар тамоми ҷонибҳои ҳаётамон пок бошем. Аз амалу одатҳои нопок даст кашидан ва пок мондан, шояд осон набошад, аммо он имконпазир аст *. Дар ҳақиқат, ин беҳтарин роҳи ҳаёт аст, чунки Яҳува ба мо танҳо чизи фоидаоварро таълим медиҳад. (Ишаъё 48:17-ро хонед.) Аз ҳама муҳим ин аст, ки мо худро пок нигоҳ дошта, қаноатмандӣ ҳис кунем. Ин қаноатмандӣ аз он пайдо мешавад, ки мо мефаҳмем, ки ба туфайли рафтори некамон дар бораи Худое ки дӯсташ медорем дигарон тасаввуроти хуб пайдо мекунанд ва ҳамин тавр мо худро дар муҳаббати Худо нигоҳ хоҳем дошт.

^ сарх. 2 Калимаи ибронӣ, ки чун «тоза» тарҷума шудааст, на танҳо ба тозагии ҷисмонӣ, балки ба тозагии рӯҳониву ахлоқӣ низ дахл дорад.

^ сарх. 10 Идҳо ва урфу одатҳои махсус, ки масеҳиёни ҳақиқӣ аз онҳо дурӣ меҷӯянд, дар боби 13-и ин китоб муҳокима карда мешавад.

^ сарх. 12 Дар боби 6-и ин китоб, чӣ тавр интихоб кардани вақтхушии фоидабахш муҳокима карда мешавад.

^ сарх. 67 Ном иваз карда шудааст.