Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 11

«Бигзор издивоҷ мӯҳтарам дошта шавад»

«Бигзор издивоҷ мӯҳтарам дошта шавад»

«Аз зани ҷавонии худ шод бош» (МАСАЛҲО 5:18).

1, 2. Кадом саволҳоро мо дида мебароем ва барои чӣ?

ОЁ ШУМО дар издивоҷед? Агар ин тавр бошад, оё ин издивоҷ ба шумо хушбахтӣ меорад, ё ин ки дар ҳаёти оилавиатон мушкилиҳо доред? Оё муносибати байни шумову ҳамсаратон хунук шудааст? Оё шумо издивоҷатонро бори гарон меҳисобед ва оё ин шуморо аз хурсандӣ маҳрум месозад? Агар чунин бошад, шумо эҳтимол, афсӯс мехӯред, ки муносибати гарме, ки бо ҳамсаратон доштед, хунук шудааст. Чун масеҳӣ, шумо бешубҳа мехостед, ки издивоҷатон Яҳува — Худоеро, ки шумо дӯст медоред, ҷалол диҳад. Вазъияте, ки ба миён омадааст, шояд шуморо сахт ба ташвиш оварда, ғамгин созад. Илтимос, ҳатто дар чунин ҳолат, фикр накунед, ки вазъияти шумо беилоҷ аст.

2 Имрӯз дар байни масеҳиён бисёр намунаҳои хуби ҳамсарон ҳастанд, ки издивоҷашонро мустаҳкам гуфтан мумкин набуд. Вале онҳо тавонистанд, ки издивоҷашонро мустаҳкам гардонанд. Ва шумо низ метавонед дар издивоҷатон боз ҳам хушбахт гардед. Ин чӣ тавр имконпазир аст?

БО ХУДО ВА БО ҲАМСАРАТОН НАЗДИКТАР ШАВЕД

3, 4. Чаро ҳамсарон, агар барои ба Худо наздик шудан кӯшиш кунанд, метавонанд ба якдигар наздик шаванд? Мисол биёред.

3 Шумо ҳамон вақт бо ҳамсаратон наздиктар мешавед, агар кӯшиш кунед, ки бо Худо наздик шавед. Барои чӣ? Мисоли аёниро дида мебароем: кӯҳи конусшаклеро тасаввур кунед, ки таҳкурсии васеъ ва қуллаи тез дорад. Дар доманаи кӯҳ мард аз тарафи шимол меистад, зан бошад аз тарафи ҷануб. Ҳар ду ба боло баромаданро сар мекунанд. Вақте ки ҳарду на он қадар баланд мебароянд, онҳоро масофаи дур аз ҳам ҷудо мекунад. Бо вуҷуди ин, ҳар яки онҳо ҳар қадаре ки баландтар ба қуллаи кӯҳ мебароянд, ҳамон қадар масофаи байни онҳо кӯтоҳтар мешавад. Оё шумо маънои ин мисолро мефаҳмед?

4 Саъю кӯшишеро, ки шумо барои ба Яҳува пурра хизмат кардан ба харҷ медиҳед, онро бо кӯшиши ба қуллаи кӯҳ баромадан, монанд кардан мумкин аст. Азбаски шумо Яҳуваро дӯст медоред, ба таври рамзӣ гӯем, шумо аллакай ба кӯҳ баромада истодаед. Аммо агар шумо бо ҳамсаратон аз ҳамдигар дур шуда бошед, гуфтан мумкин аст, ки шумо ба кӯҳ аз ҳар тараф баромаданиед. Агар шумо болобароиро давом диҳед, чӣ рӯй доданаш мумкин аст? Албатта, дар аввал шуморо масофаи калон ҷудо мекунад. Лекин чӣ қадаре ки шумо барои ба Яҳува наздик шудан кӯшиш мекунед, яъне чӣ қадаре ки ба боло баромадан мегиред, ҳамон қадар шумо бо якдигар наздиктар мешавед. Дар ҳақиқат, барои бо шавҳар ё зани худ наздик шудан, бояд пеш аз ҳама бо Худо наздик шавем. Чӣ тавр?

Агар шумо дониши Китоби Муқаддасро қабул кунед, издивоҷатон мустаҳкам мешавад

5. а) Чӣ тавр бо Яҳува ва ҳамсари худ наздиктар шудан мумкин аст? б) Назари Яҳува ба издивоҷ чӣ гуна аст?

5 Агар ҳамсарон аз рӯи насиҳатҳое, ки оиди ҳаёти оилавӣ дар Каломи Худо навишта шудаанд, амал кунанд, онҳо гӯё рамзан ба кӯҳ баромадан мегиранд (Забур 24:4; Ишаъё 48:17, 18). Диққат диҳед, ки Павлуси расул кадом маслиҳатро дода буд: «Бигзор издивоҷ мӯҳтарам дошта шавад» (Ибриён 13:4, ТДН). Ин чӣ маъно дорад? Калимаи «мӯҳтарам» ба он чизе ки ҳурмат ва қадр карда мешавад, ишора мекунад. Яҳува ба издивоҷ маҳз ҳамин тавр муносибат дорад: Ӯ онро хеле гаронбаҳо мешуморад.

БИГЗОР ШУМОРО МУҲАББАТИ САМИМӢ НИСБАТИ ЯҲУВА БАРАНГЕЗАД

6. Матни маслиҳати Павлус нисбати издивоҷ ба чӣ ишора мекунад ва чаро инро дар хотир доштан муҳим аст?

6 Чун хизматгори Худо шумо ва ҳамсаратон албатта медонед, ки издивоҷ пурарзиш ва муқаддас аст, чунки худи Яҳува асосгузори оила мебошад. (Матто 19:4–6-ро хонед.) Аммо агар шумо бо душвориҳои оилавӣ рӯ ба рӯ шавед, танҳо донистани он ки издивоҷ мӯҳтарам дошта шавад, шояд ин шумову ҳамсаратонро барои ба якдигар бо иззату муҳаббат муносибат кардан барнаангезад. Чӣ шуморо ба ин бармеангезад? Диққат диҳед, ки Павлус оиди эҳтиром доштани издивоҷ чӣ мегӯяд. Ӯ нагуфт, ки «издивоҷ мӯҳтарам дошта шавад», балки гуфт, ки «бигзор издивоҷ мӯҳтарам дошта шавад». Павлус на танҳо мушоҳидаашро гуфт, балки барангехт, ки чунин амал кунанд *. Инро дар хотир дошта, шумо, эҳтимол, мехоҳед аз нав ҳурмату эҳтиромро нисбати ҳамсаратон зиёд гардонед. Чаро ин муҳим аст?

7. а) Кадом аҳкомҳои Китоби Муқаддасро мо иҷро мекунем ва чаро? б) Итоаткорӣ ба кадом натиҷаҳои хуб оварда мерасонад?

7 Дар бораи муносибати худ ва аҳкомҳои дигари Китоби Муқаддас, масалан аҳкоми шогирдсозӣ ё якҷоя барои ибодати Худо ҷамъ шудан, лаҳзае андеша намоед (Матто 28:19; Ибриён 10:24, 25). Дар ҳақиқат, иҷро кардани ин аҳкомҳо баъзан душвор аст. Ба онҳое ки мавъиза мекунед, шояд ба хушхабар душманона муносибат мекунанд, ё кор шуморо ба дараҷае бемадор месозад, ки ташриф овардан ба вохӯрии ҷамъомад бароятон хеле душвор мегардад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, шумо хушхабар оиди Салтанатро мавъиза мекунед ва ба вохӯриҳои ҷамъомад ташриф меоред. Ҳеҷ кас шуморо боз дошта наметавонад, ҳатто Шайтон! Барои чӣ? Барои он ки муҳаббати самимӣ нисбати Яҳува шуморо бармеангезад, ки аҳкомҳои Ӯро иҷро кунед (1 Юҳанно 5:3). Ин ба кадом натиҷаҳои хуб оварда мерасонад? Иштирок дар мавъиза ва вохӯриҳо ба шумо оромии дил мебахшад ва аз он ки иродаи Худоро иҷро мекунед, хурсандии зиёде мегиред. Ва ин дар навбати худ ба шумо қувват мебахшад (Наҳемё 8:10). Аз ин мо чӣ дарс мегирем?

8, 9. а) Чӣ моро бармеангезад, ки аҳком оиди мӯҳтарам доштани издивоҷро иҷро кунем ва чаро? б) Ҳоло кадом ду саволро дида мебароем?

8 Муҳаббати самимӣ нисбати Яҳува шуморо бармеангезад, ки ба муқобилият нигоҳ накарда, аҳкоми мавъиза кардан ва ба вохӯриҳо ташриф оварданро иҷро кунед. Ҳамчунин он шуморо бармеангезад, ки ба насиҳатҳои Китоби Муқаддас оиди мӯҳтарам доштани издивоҷ гӯш диҳед, ҳатто вақте ки ба ин насиҳат итоат намудан душвор тобад ҳам (Ибриён 13:4; Забур 17:30; Воиз 5:3). Ғайр аз ин, мисли он ки кӯшишҳои мавъиза намудани шумо ва ба вохӯриҳо ташриф оварданатон, аз ҷониби Худо баракатҳои зиёд меорад, ҳамин тавр кӯшиши шумо барои мӯҳтарам доштани издивоҷ, аз назари Худо дур намемонад ва Яҳува шуморо сарфароз мегардонад (1 Таслӯникиён 1:3; Ибриён 6:10).

9 Пас чӣ тавр издивоҷро мӯҳтарам дошта метавонем? Якум, аз амалҳое, ки издивоҷ зарар дида метавонад, бояд канорагирӣ намоем. Дуюм, қадамҳоеро бояд гузорем, ки пайвандҳои оилавиамонро мустаҳкам гардонда тавонад.

АЗ СУХАН ВА РАФТОРҲОЕ, КИ БА ИЗДИВОҶ НАНГ МЕОРАНД, КАНОРАГИРӢ НАМОЕД

10, 11. а) Кадом рафтор ба издивоҷ нанг меорад? б) Ба ҳамсарамон бояд кадом саволро диҳем?

10 Як зани масеҳӣ боре чунин гуфт: «Ман ба Яҳува дуо мегӯям, ки ба ман қувват диҳад, то ки ба ҳамааш сабру тоқат кунам». Чиро сабру тоқат кунад? Ӯ чунин фаҳмонд: «Шавҳарам маро бо суханонаш меранҷонад. Дар ман паи зарбаҳои аслӣ нестанд, лекин таънаҳои заҳролуди ӯ ба монанди “Ту дарди сари зиёдатӣ!” ва “Ту нобакор!” ба дилам ҷароҳатҳои чуқур мерасонанд». Ин зани масеҳӣ бисёр саволи ҷиддиро бардошт — суханони таҳқиромез дар оила.

11 Чӣ ғамангез аст, вақте ки ҳамсарон дар оилаи масеҳӣ якдигарро дашномборон карда, дар дил ҷароҳатҳои чуқури дер шифонаёбандаро мерасонанд! Аён аст, ки агар дар издивоҷ сухани захмдоркунанда садо диҳад, издивоҷ мӯҳтарам дошта намешавад. Аммо дар бораи издивоҷи шумо чӣ гуфтан мумкин аст? Яке аз тарзҳо — ин аниқ кардан, яъне фурӯтанона аз ҳамсаратон пурсед: «Суханони ман ба ту чӣ гуна таъсир мекунанд?» Агар аз ҷавоб маълум гардад, ки суханони шумо гаштаву баргашта дили ҳамсаратонро меранҷонанд, барои ислоҳ шудан тайёр бошед. (Ғалотиён 5:15; Эфсӯсиён 4:31-ро хонед.)

12. Чаро Худо метавонад ибодати касро бефоида ҳисоб кунад?

12 Дар хотир бояд дошт, ки тарзи суханронии мо дар оила ба муносибатамон бо Яҳува таъсир хоҳад кард. Дар Китоби Муқаддас чунин гуфта шудааст: «Агар касе аз шумо гумон кунад, ки диндор аст ва ҷилави забони худро накашад, балки дили худро фирефта намояд,— диндории вай бефоида аст» (Яъқуб 1:26). Сухани шумо бо ибодати Худо зич алоқаманд мебошад. Дар Китоби Муқаддас чунин нуқтаи назар пазируфта намешавад: то даме ки шумо ба Худо хизмат мекунед, он чизе ки дар хона рӯй медиҳад аҳамияте надорад. Илтимос, худро фиреб надиҳед. Ин саволи ҷиддӣ аст. (1 Петрус 3:7-ро хонед.) Эҳтимол шумо қобилиятнок ҳастед ва боғайратона ба Худо хизмат мекунед, аммо агар шумо дидаву дониста дили шавҳар ё занатонро бо суханони худ ранҷонед, он гоҳ ба издивоҷатон нанг меоред ва Худо ибодати шуморо бефоида меҳисобад.

13. Чӣ тавр ҳамсарон ба якдигар ҳиссиёти дарднок мерасонанд?

13 Ҳамсарон бояд эҳтиёт бошанд, то ки ба ҳиссиёти якдигар рӯирост таъсири дарднок нарасонанд. Ду намунаро дида мебароем: зани масеҳӣ, ки кӯдакашро танҳо тарбия мекунад, ба бародари зандор, ки аз ҷамъомад мебошад, барои маслиҳат ба ӯ тез–тез занг мезанад ва онҳо дуру дароз сӯҳбат мекунанд; бародари муҷаррад ҳар ҳафта бо хоҳари шавҳардор бисёр мавъиза мекунад. Эҳтимол бародари зандор ё хоҳари шавҳардор, ки дар ин намуна оварда шудаанд нияти бад надоранд, лекин рафтори онҳо ба ҳамсаронашон чӣ гуна таъсир мекунад? Як зане, ки бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ шудааст, гуфт: «Шавҳарам ба ман кам вақт сарф мекунад, аммо ба хоҳаре, ки аз ҷамъомад аст, бештар диққат медиҳад. Ин ба ман хеле сахт таъсир мекунад».

14. а) Дар Ҳастӣ 2:24 нисбати издивоҷ чӣ қайд карда шудааст? б) Кадом саволро бояд ба худ бидиҳем?

14 Фаҳмо, ки ин зан ва онҳое ки дар чунин ҳолат қарор доранд, ранҷида метавонанд, чунки ҳамсари онҳо қонунҳои асосии Худоро, ки ба шахсони дар издивоҷбуда дахл доранд, поймол мекунад: «Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ хоҳад пайваст» (Ҳастӣ 2:24). Албатта, онҳое ки издивоҷ мекунанд, чун пештара волидони худро ҳурмат мекунанд, лекин аз рӯи мақсади Худо аз ҳама муҳимтарин шахс барояшон — ин зан ё шавҳарашон мебошад. Чунин принсипро мо бояд нисбати ҳамимонон истифода барем: мо онҳоро сахт дӯст медорем, аммо пеш аз ҳама бояд зан ё шавҳари худро дӯст дорем. Барои ҳамин, вақте ки масеҳиёни дар издивоҷбуда бо ҳамимонон аз ҳад зиёд вақташонро мегузаронанд ё бо онҳо, махсусан бо шахсони ҷинси муқобил хеле озодона муносибат мекунанд, пайванди оилавии худро зери хатар мегузоранд. Шояд маҳз аз ҳамин сабаб дар оилаи шумо нотифоқӣ ба вуҷуд омада бошад? Аз худ пурсед: «Оё ман дар ҳақиқат ба ҳамсари худ вақт, диққат ҷудо мекунам ва оё муҳаббате, ки ҳамсарам ба он сазовор аст, зоҳир менамоям?»

15. Барои чӣ мувофиқи Матто 5:28 масеҳиёни оиладор ба ҷинси муқобил бояд бемаврид диққат надиҳанд?

15 Зиёда аз ин, масеҳиёни оиладоре, ки ба ҷинси муқобил диққати бемаврид зоҳир мекунанд, онҳо беэҳтиётона дар роҳи хатарнок меистанд. Афсӯс ки баъзе чунин масеҳиён бо шахсоне, ки хеле зич муошират мекарданд, нисбати онҳо ҳиссиёти ошиқона инкишоф доданд (Матто 5:28). Дар натиҷа чунин дилбастагӣ ба рафторе, ки издивоҷро боз ҳам нангинтар месозад, оварда расонд. Суханони Павлуси расулро дар ин бора дида мебароем.

БИГЗОР ҶОЙХОБ БЕАЙБ БОШАД

16. Павлус дар мавриди издивоҷ чӣ амр медиҳад?

16 Павлус дарҳол баъд аз насиҳати «Бигзор издивоҷи ҳама мӯҳтарам дошта шавад», ӯ боз чунин огоҳии дигареро гуфт: «[Бигзор] ҷойхоби он беайб [бошад]; зеро Худо зинокорон ва фосиқонро доварӣ хоҳад кард» (Ибриён 13:4). Зери калимаи «ҷойхоб» Павлус алоқаи ҷинсиро дар назар дошт. Чунин муносибатҳо «беайб», ё ахлоқан пок мебошанд, агар он танҳо байни зану шавҳар бошад. Барои ҳамин, масеҳиён аз рӯи чунин суханони илҳомбахшидашуда амал мекунанд: «Аз зани ҷавонии худ шод бош» (Масалҳо 5:18).

17. а) Чаро нуқтаи назари ҷаҳон оиди хиёнаткорӣ барои масеҳиён нораво аст? б) Чӣ тавр мо ба намунаи Айюб–пайғамбар пайравӣ карда метавонем?

17 Онҳое ки на бо ҳамсари худ, балки бо дигар кас алоқаи ҷинсӣ мекунанд, нисбати қонунҳои ахлоқии Худо беҳурматии сахт зоҳир менамоянд. Имрӯз бисёриҳо дар хиёнати ҳамсарӣ ягон нодурустиро намебинанд. Аммо ақидаи одамон набояд ба нуқтаи назари масеҳиён таъсир расонад. Масеҳиён мефаҳманд, ки оқибат на одамон, балки «Худо зинокорон ва фосиқонро доварӣ хоҳад кард» (Ибриён 10:31; 12:29). Аз ин рӯ, масеҳиёни ҳақиқӣ дар ин маврид, аз рӯи гуфтаҳои Яҳува ҷиддӣ амал мекунанд. (Румиён 12:9-ро хонед.) Суханони Айюб–пайғамбарро ба хотир оред: «Бо чашмони худ аҳд бастаам» (Айюб 31:1). Бале, барои он ки масеҳиёни ҳақиқӣ аз роҳе ки ба фосиқӣ, яъне хиёнаткорӣ оварда мерасонад дар канор бошанд, онҳо нигоҳашонро назорат мекунанд ва ҳеҷ гоҳ ба ҷинси муқобил, ки бо ӯ дар издивоҷ нестанд, бо шаҳват нигоҳ намекунанд. (Ба Замимаи «Нуқтаи назари Китоби Муқаддас ба талоқ ва зиндагии ҷудогона» нигаред.)

18. а) Дар назари Яҳува хиёнаткорӣ то чӣ андоза гуноҳӣ ҷиддӣ аст? б) Байни хиёнаткорӣ ва бутпарастӣ чӣ монандие вуҷуд дорад?

18 То чӣ андоза хиёнаткорӣ дар назари Яҳува гуноҳи ҷиддӣ аст? Қонуни Мусо барои ҳиссиёти Яҳуваро дар ин маврид фаҳмидан, ба мо кӯмак мерасонад. Дар Исроил хиёнаткорӣ ва бутпарастӣ ба қатори ҷиноятҳое дохил мешуданд, ки ҷазояшон марг буд (Ибодат 20:2, 10). Дар байни онҳо шумо чӣ монандиро мебинед? Исроилие, ки ба бут саҷда менамуд, ӯ аҳдро бо Яҳува вайрон мекард. Ба ин монанд, исроилие, ки ба хиёнат даст мезад, аҳдро бо занаш вайрон мекард. Ҳарду хиёнат карданд. (Хуруҷ 19:5, 6; Такрори Шариат 5:9; Малокӣ 2:14-ро хонед.) Барои ҳамин, ҳарду аз ҷониби Яҳува, Худои вафодор ва боварибахш, лоиқи ҳукм буданд (Забур 32:4).

19. Ба масеҳиён барои боқатъият хиёнатро рад намудан чӣ қувват мебахшад ва чаро?

19 Албатта, масеҳиён зери қонуни Мусо қарор надоранд. Лекин, ба хотир овардани он ки дар Исроили қадим хиёнаткорӣ гуноҳи ҷиддӣ ҳисоб меёфт, метавонад масеҳиёнро қувват бахшад, то ки қатъиян ба чунин гуноҳҳо даст назананд. Чаро? Чунин муқоисаро дида мебароем: оё шумо ба калисо медаромадед ва ба пеши пои тасвир афтода, дуо мегуфтед? «Ҳеҷ гоҳ!» — мегуфтед шумо. Агар ба шумо пули зиёд медоданд, оё ба чунин амал розӣ мешудед? «Ҳеҷ вақт!» — ҷавоб медодед шумо. Дар ҳақиқат, ҳатто фикри ба бутҳо саҷда карда ба Яҳува хиёнат намудан, барои масеҳиёни ҳақиқӣ нафратангез аст. Ба ин монанд, барои масеҳиён бояд фикр дар бораи хиёнат ба Яҳува Худо ва ҳамсарашон нафратангез бошад, ҳатто агар ин васваса ҷолиб бошад ҳам (Забур 50:3, 6; Қӯлассиён 3:5). Мо ҳеҷ гоҳ ба амале, ки Шайтонро хурсанд мегардонаду ба Яҳува ва сохтори муқаддаси Ӯ, ба издивоҷ, нанг меорад, даст намезанем.

ЧӢ ГУНА ПАЙВАНДҲОИ ИЗДИВОҶРО МУСТАҲКАМ КУНЕМ

20. Дар баъзе издивоҷҳо кадом ҳолатҳо рӯй доданд? Мисол оред.

20 Аз рафторҳое, ки издивоҷро доғдор месозанд, бароямон на танҳо дар канор будан лозим аст, балки эҳтиромамонро нисбати ҳамсари худ бояд боз ҳам зиёдтар гардонем. Чӣ гуна ин тавр кунем? Тасаввур кунед ки издивоҷ — ин хона аст. Суханони меҳрубононаву рафторҳои боодобона ва диққату таваҷҷӯҳи ҳамсарон ба якдигар — ашёҳое мебошанд, ки хонаро зебу зинат медиҳанд. Агар шумо муносибати наздик дошта бошед, издивоҷатон ба хонае монанд аст, ки он бо зебу зинат, оро додашуда ва бароҳат гаштааст. Агар муҳаббататон сард шудан гирад, он гоҳ ин зебу зинат бо мурури вақт нест мешавад ва издивоҷи шумо чун хонаи бе зебу зинат, бенур мегардад. Азбаски шумо аҳкоми Худоро оиди мӯҳтарам доштани издивоҷ иҷро кардан мехоҳед, шумо, эҳтимол, вазъиятро дигар карданӣ шавед. Оқибат шумо барои таъмир ва барқарор кардани он чизе ки бароятон азиз аст, қуввати худро дареғ намедоред. Аммо инро чӣ гуна кардан мумкин аст? Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Хона бо ҳикмат бино меёбад ва бо хирад барқарор мегардад. Ва бо дониш ҳуҷраҳо аз ҳар навъ молу мулки гаронбаҳо ва дилпазир пур мешавад» (Масалҳо 24:3, 4). Чӣ тавр истифода шудани ин суханонро дар издивоҷ дида мебароем.

21. Чӣ тавр бо мурури вақт издивоҷи худро мустаҳкам карда метавонем? (Инчунин ба замимаи « Чӣ тавр ман издивоҷамро хушбахттар карда метавонам?» нигаред.)

21 Хонаи оилаи хушбахт аз «молу мулки гаронбаҳо», чун муҳаббати ҳақиқӣ, худотарсӣ ва имони мустаҳкам пур аст (Масалҳо 15:16, 17; 1 Петрус 1:7). Ин хислатҳо пайванди издивоҷро мустаҳкам мегардонанд. Оё шумо диққат додед, ки ҳуҷраи дар масалҳо овардашуда, бо чӣ пур аз молу мулки гаронбаҳост? «Бо дониш». Дар ҳақиқат, истифода бурдани дониши Китоби Муқаддас метавонад фикрронии одамонро тағйир диҳад ва онҳоро барангезад, ки муҳаббаташон нисбати якдигар зиёд шавад (Румиён 12:2; Филиппиён 1:9). Барои ҳамин, ҳар вақте ки шумо бо ҳамсаратон дар муҳити тинҷу ором ягон порчаи Китоби Муқаддасро дида мебароед, масалан ояти рӯз ё мақола дар мавзӯи издивоҷ аз «Бурҷи дидбонӣ» ё «Бедор шавед!», ки дар асоси Китоби Муқаддас мебошад муҳокима мекунед, инро метавон ба он монанд кард, ки гӯё шумо он зебу зинатеро интихоб мекунед, ки хонаатонро орову зебо мегардонад. Вақте ки муҳаббат ба Яҳува шуморо бармеангезад, ки дар издивоҷи худ маслиҳатҳои дар боло овардашударо истифода баред, шумо рамзан «ҳуҷра»-и худро зебу зинат медиҳед. Дар натиҷа издивоҷи шумо аз рангорангиҳои пештара медурахшад ва ба он гармиву нармӣ ворид мешавад.

22. Агар шумо кӯшиш кунед, ки барои мустаҳкам гардондани издивоҷ ҳисса гузоред, чӣ гуна қаноатмандиро эҳсос хоҳед кард?

22 Барои ҳамаи зебу зинати хонаро оҳиста–оҳиста ба ҷояш гузоштан, вақту қувваи зиёд лозим аст. Лекин агар шумо кӯшиш кунед, ки ҳиссаи худро гузоред, шумо аз донистани он ки амри зерини Китоби Муқаддасро иҷро карда истодаед, хурсандии зиёд ба даст меорад: «Ҳар яке каси дигарро зиёдтар сазовори эҳтиром ҳисоб кунед» (Румиён 12:10; Забур 146:11). Аз ҳама муҳим: ба туфайли кӯшиши самимиатон барои мӯҳтарам доштани издивоҷ, шумо худро дар муҳаббати Худо нигоҳ хоҳед дошт.

^ сарх. 6 Аз матн дида мешавад, ки Павлус оиди издивоҷ ва дигар насиҳатҳо маслиҳат медиҳад (Ибриён 13:1–5).