Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 13

Идҳое, ки ба Худо писанд нестанд

Идҳое, ки ба Худо писанд нестанд

«Таҳқиқ кунед, то бидонед он чи, ки Худо меписандад, чист» (ЭФСӮСИЁН 5:10).

1. Кадом одамонро Яҳува ба худ ҷалб мекунад ва барои чӣ онҳо бояд рӯҳан бедор монанд?

ИСО гуфта буд: «Парастандагони ҳақиқӣ Падарро ба рӯҳ ва ростӣ парастиш хоҳанд кард, зеро ки Падар толиби ин гуна парастандагони Худ мебошад» (Юҳанно 4:23). Вақте ки Яҳува чунин одамонро меёбад,— чуноне ки шуморо ёфтааст — Ӯ онҳоро ба худ ва ба Писараш ҷалб мекунад (Юҳанно 6:44). Ин чӣ шарафест! Дӯстдорони ҳақиқати Китоби Муқаддас бояд он чизеро ки «Худо меписандад» таҳқиқ кунанд, зеро Шайтон фиребгари моҳир аст (Эфсӯсиён 5:10; Ваҳй 12:9).

2. Фаҳмонед, ки Яҳува ба онҳое, ки дини ҳақиқиро бо дурӯғин омехта кардан мехоҳанд, чӣ гуна муносибат мекунад?

2 Биёед мулоҳиза кунем, ки вақте исроилиён дар назди кӯҳи Сино аз Ҳорун хоҳиш карданд, ки ба онҳо худое созад, чӣ воқеа рӯй дод. Ҳорун бо дили нохоҳам розӣ шуд ва барои онҳо гӯсолаи тиллоӣ сохт ва гуфт, ки он Яҳуваро тасвир мекунад. Ӯ гуфт: «Фардо ид аст барои Худованд!» Оё дини ҳақиқиро бо дурӯғин омехта кардани онҳо барои Яҳува бефарқ буд? Не, бефарқ набуд. Ӯ тақрибан се ҳазор бутпарастро ҳалок гардонд (Хуруҷ 32:1–6, 10, 28). Мо аз ин чӣ дарсе мегирем? Агар мо хоҳем, ки худро дар муҳаббати Худо нигоҳ дорем, бояд «ба чизи нопок» даст назанем ва боғайратона ҳақиқатро аз ҳар таъсири зараррасон эҳтиёт кунем (Ишаъё 52:11; Ҳизқиёл 44:23; Ғалотиён 5:9).

3, 4. Чаро мо ҳангоми таҳқиқ кардани урфу одат ва идҳои машҳур, бояд ба принсипҳои Китоби Муқаддас диққати махсус диҳем?

3 Мутаассифона, баъд аз марги расулон, ки пеши роҳи паҳн шудани осиятро мегирифтанд, шахсони ба ном масеҳӣ, ки ҳақиқатро дӯст намедоштанд урфу одат ва идҳои бутпарастонро қабул карда, онҳоро масеҳӣ номиданд (2 Таслӯникиён 2:7, 10). Ҳангоми муҳокима кардани баъзе аз ин идҳо диққат диҳед, ки чӣ гуна онҳо на рӯҳи Худо, балки рӯҳи ин ҷаҳонро зоҳир мекунанд. Умуман идҳои ҷаҳонӣ монандие доранд: онҳо ба одамон имконият медиҳанд, ки хоҳишҳои ҷисмро қонеъ гардонанд ва таълимоти дини дурӯғ ва робита бо арвоҳро, ки ҳамаи ин ба «Бобили бузург» тааллуқ дорад, дастгирӣ мекунанд (Ваҳй 18:2–4, 23) *. Инчунин бояд дар хотир дошт, ки Яҳува шоҳиди он аст, ки бисёр урфу одатҳои машҳур аз расму русуми динии нафратангез пайдо шудаанд. Бешубҳа, Ӯ имрӯз низ ин идҳоро нафратовар меҳисобад. Магар нуқтаи назари Ӯ набояд барои мо аз ҳама муҳим бошад? (2 Юҳанно 6, 7).

4 Мо чун масеҳиёни ҳақиқӣ медонем, ки баъзе идҳо ба Яҳува маъқул нестанд. Вале мо бояд дар диламон қарор кунем, ки бо онҳо ягон алоқае надошта бошем. Муҳокима кардани он ки чаро ин идҳо ба Яҳува маъқул нестанд, ба мо кӯмак мекунад, то ки аз ҳама чизҳое ки моро аз муҳаббати Худо маҳрум сохта метавонад, дар канор бошем.

МАВЛУДИ ИСО — ПАРАСТИШИ ОФТОБ

5. Чаро мо боварӣ дошта метавонем, ки Исо 25-уми декабр ва 7-уми январ таваллуд нашудааст?

5 Дар Китоби Муқаддас дар бораи ҷашн гирифтани рӯзи таваллуди Исо чизе гуфта нашудааст. Дар асл, рӯзи таваллуди ӯ аниқ маълум нест. Ба ҳар ҳол, мо аниқ гуфта метавонем, ки ӯ 25-уми декабр ва 7-уми январ таваллуд нашудааст, зеро дар он қитъаи замин айни хунукии зимистон буд *. Масалан, Луқо навишта буд, ки вақте ки Исо таваллуд шуд «чӯпонон... дар ҳавои кушод рамаи худро посбонӣ мекарданд» (Луқо 2:8–11). Агар онҳо тамоми сол «дар ҳавои кушод» мебуданд, ба ин диққати махсус дода намешуд. Вале азбаски дар Байт–Лаҳм дар ин фасл борони хунук ва барф меборад, рамаро зимистон дар ҷои маҳкам нигоҳ медоштанд ва чӯпонон «дар ҳавои кушод» зиндагӣ намекарданд. Ғайр аз ин, Юсуф ва Марям ба Байт–Лаҳм рафтанд, чунки Авғустуси Қайсар фармон дод, ки барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида шавад (Луқо 2:1–7). Аз эҳтимол дур аст, ки қайсар ба одамоне, ки аз ҳукмронии румиён норозӣ буданд, фармон диҳад, ки дар нимаи зимистон ба шаҳрҳои авлодашон раванд.

6, 7. а) Урфу одатҳои Мавлуди Исо аз куҷо реша мегиранд? б) Тӯҳфа кардан дар Мавлуди Исо ва тӯҳфа кардани Шоҳидони Яҳува чӣ фарқият дорад?

6 Мавлуди Исо на аз Навиштаҳои Муқаддас, балки аз идҳои қадими бутпарастон, ба монанди иди Сатурналияи румиён, ки ба худои зироат — Сатурн бахшида шудааст, реша мегирад. Ба монанди ин, дар энсиклопедияи «Ҷаҳони маданияти рус» гуфта мешавад: «Аз асри IV сар карда, рӯзи 25-уми декабр Мавлуди Масеҳ ҷашн гирифта мешавад. Эҳтимол, сабаб дар он буд, ки калисои масеҳӣ кӯшиш мекард, ки дину оини эронии қадим, худои офтоб Митраро, ки дар империяи Рум васеъ паҳн шуда буд, аз миён бардорад. Таваллуди ин худо низ 25-уми декабр қайд карда мешуд».

Хизматгорони ҳақиқии Худо аз таҳти дил тӯҳфа мекунанд

7 Чӣ тавре ки бутпарастон дар идҳои худ ба ҳамдигар тӯҳфа медоданд ва базм меоростанд — дар рӯзҳои мо низ айнан ҳамин тавр рӯзи Мавлуди Масеҳ ҷашн гирифта мешавад. Аммо чун пештара, имрӯз низ саховатмандона ба ҳамдигар тӯҳфа кардан дар Мавлуди Масеҳ бо 2 Қӯринтиён 9:7 мувофиқат намекунад, ки дар он гуфта мешавад: «Бигзор ҳар кас ба дилхоҳи худ бидиҳад, на бо ғамгинӣ ва на ба таври маҷбурӣ; зеро Худо он касро дӯст медорад, ки сахӣ бошад». Масеҳиёни ҳақиқӣ аз таҳти дил тӯҳфа мекунанд ва онҳо инро ба ягон санаи муайян мувофиқ намекунонанд ва дар ҷавоб, ба тӯҳфа интизор намешаванд. (Луқо 14:12–14; Аъмол 20:35-ро хонед.) Зиёда аз ин, онҳо озод буданашонро аз тараддуде, ки бо Мавлуди Исо вобаста аст, хеле қадр мекунанд ва мисли дигарон дар ин фасли сол дар қарз намеғӯтанд (Матто 11:28–30; Юҳанно 8:32).

8. Оё ситорашиносон ба Исо дар рӯзи таваллудаш тӯҳфа карданд? Фаҳмонед.

8 Вале баъзеҳо метавонанд баҳс карда гӯянд, ки магар ситорашиносон дар рӯзи таваллуди Исо ба ӯ тӯҳфаҳо наоварда буданд? Не. Онҳо ба вай тӯҳфа карданд, чунки дар замони қадим одат буд, ки ба шахси мӯътабар бо ин тарз эҳтиром зоҳир менамуданд (3 Подшоҳон 10:1, 2, 10, 13; Матто 2:2, 11). Ғайр аз ин, онҳо дар шаби таваллуд шудани Исо наомада буданд. Вақте ки ситорашиносон ба дидани Исо омаданд, ӯ навзоде набуд, ки дар охури чорпоён хобида бошад, зеро аз он вақт моҳҳои зиёде гузашта буданд ва ӯ дар хона зиндагӣ мекард.

РӮЗҲОИ ТАВАЛЛУД ДАР КИТОБИ МУҚАДДАС

9. Дар ҷашнгирии рӯзҳои таваллуде, ки дар Китоби Муқаддас омадаанд, чӣ воқеа рӯй дод?

9 Гарчанд тавлиди кӯдак, ҳамавақт рӯзи хурсандиовар аст, дар Китоби Муқаддас дар бораи он ки хизматгорони Худо рӯзҳои таваллудро ҷашн мегирифтанд, чизе гуфта нашудааст (Забур 126:3). Магар нависандагони Китоби Муқаддас навиштани рӯзи таваллуди Исоро фаромӯш кардаанд? Не, зеро дар он ҷашни ду зодрӯз омадааст: яке рӯзи таваллуди фиръавн дар Миср ва дигараш рӯзи таваллуди Ҳиродуси Антипас мебошад. (Ҳастӣ 40:20–22 ва Марқӯс 6:21–29-ро хонед.) Вале ҳарду ин ҷашнвора бо бадӣ анҷомид, махсусан дуюмаш, чунки дар он сари Яҳёи Таъмиддиҳанда аз танаш ҷудо карда шуд.

10, 11. Масеҳиёни пешин ба ҷашни зодрӯз чӣ гуна муносибат доштанд ва чаро?

10 Чуноне ки дар энсиклопедияи «Уорлд бук» қайд карда мешавад: «Масеҳиёни пешин рӯзи таваллуди ҳар одамро одати бутпарастон меҳисобиданд». Масалан, юнониёни қадим боварӣ доштанд, ки ҳар як шахс рӯҳе дорад, ки дар вақти таваллуд шуданаш дар назди ӯ ҳузур дорад ва тӯли тамоми ҳаёташ ӯро нигаҳбонӣ мекунад. «Ин рӯҳ ба таври асроромез бо худое алоқаманд аст, ки дар рӯзи таваллудаш шахс ба дунё меояд» — гуфта мешавад дар китоби «Сарчашмаи ҷашнгирии рӯзҳои таваллуд» (The Lore of Birthdays). Рӯзҳои таваллуд таърихи дурудароз доранд ва онҳо бо ситорашиносӣ ва фолномаҳо зич алоқаманданд.

11 Дар замони қадим, хизматгорони Худо ҷашни зодрӯзро на танҳо аз сабаби он рад мекарданд, ки решаи он аз бутпарастӣ ва робита бо арвоҳ буд, эҳтимол умуман раво намедонистанд. Барои чӣ? Зеро онҳо мардон ва занони фурӯтану хоксоре буданд, ки дар ин ҷаҳон ба дунё омаданашонро ин қадар муҳим намеҳисобиданд, ки онро ҷашн гиранд (Мико 6:8; Луқо 9:48) *. Баръакс, онҳо Яҳуваро ҳамду сано мехонданд ва ба Ӯ барои ҳаёт, ки атои бебаҳо мебошад, миннатдориашонро иброз мекарданд (Забур 8:4, 5; 35:10; Ваҳй 4:11) *.

12. Ба кадом маъно рӯзи марг аз рӯзи таваллуд беҳтар буда метавонад?

12 Худо ҳамаи одамонеро, ки ба Ӯ содиқиро нигоҳ дошта мурдаанд, дар хотир дорад ва ба онҳо ҳаётро ваъда медиҳад (Айюб 14:14, 15). Дар Воиз 7:1 гуфта мешавад: «Номи нек беҳ аз равғани атрафшон; ва рӯзи мамот беҳ аз рӯзи таваллуд». «Номи нек»-и мо ин обрӯе мебошад, ки мо ба воситаи хизмати содиқонаамон дар назди Худо ба даст овардаем. Аҷиб аст, ки ягона ҷашнгирие, ки ба масеҳиён фармуда мешавад, на бо таваллуд, балки бо марг — марги Масеҳ вобаста аст, ки ба туфайли «исми аълотар»-и ӯ мо наҷот хоҳем ёфт (Ибриён 1:3, 4; Луқо 22:17–20).

ИДИ НАВРӮЗ АЗ КУҶО САРЧАШМА МЕГИРАД?

13, 14. Иди Наврӯз ва урфу одатҳои бо он алоқаманд аз куҷо пайдо шудаанд?

13 Иди Наврӯз, ки 21-уми март ҷашн гирифта мешавад, дар назари аввал метавонад безарар тобад. Вале он аз куҷо пайдо шудааст? Мувофиқи энсиклопедияи «Британика» Наврӯз «иди соли нав мебошад, ки бо дини Зардуштӣ алоқамандӣ дорад. Ин ид дар бисёр давлатҳо қайд карда мешавад, аз ҷумла дар Эрон, Ироқ, Ҳиндустон ва Афғонистон. Он одатан аз 21-уми март сар мешавад, ки дар бисёри ин давлатҳо рӯзи якуми соли нав аст».

14 Дар як энсиклопедия гуфта мешавад: «Аллакай аз даврони қадим халқҳои дунё урфу одати ҷашн гирифтани иди Наврӯзро доштанд... Масалан, халқҳои форсизабон онро якчанд рӯз ҷашн мегирифтанд. Дар давоми ин рӯзҳо онҳо оташҳои калон меафрӯхтанд, ба он равған мерехтанд, ҳафт намуди гандуми навро гирифта, ояндаро пешгӯӣ мекарданд, дар ҳафт табақи сафед таоми миллӣ «суманак»-ро пешниҳод мекарданд, либосҳои кӯҳнаро мепартофтанд, косаву табақи кӯҳнаро мешикастанд, ба ҳамдигар гул тӯҳфа мекарданд ва бар девори хонаи худ ороишҳои доирашакл, ки рамзи офтобро доштанд, меовехтанд». Чуноне ки далелҳои дар боло овардашуда нишон медиҳанд, иди Наврӯз аз дини зардуштиён, ки оташро парастиш мекарданд, сарчашма мегирад ва аз урфу одатҳое, ки бо ин ид алоқаманданд аз робита бо арвоҳ ва бутпарастӣ асос мегиранд. Магар хизматгорони Худои ҳақиқӣ аз ин ид ва ҳамаи урфу одатҳои он набояд дурӣ ҷӯянд?

БИГЗОР ТӮЙИ ШУМО ПОК БОШАД

15, 16. a) Чаро ҷуфти масеҳие, ки издивоҷ карданианд, бояд урфу одатҳои тӯёнаи маҳаллиро дар асоси Китоби Муқаддас тафтиш кунанд? б) Дар мавриди чунин одатҳо ба мисли чошидани биринҷ, пул, шириниҳо ё чизҳои ба ин монанд, масеҳӣ бояд чиро ба назар гирад?

15 Ба наздикӣ «овози домод ва арӯс дар ту [Бобили Бузург] дигар шунида нахоҳад шуд» (Ваҳй 18:23). Чаро? Аз як ҷиҳат барои он ки Бобили Бузург аз боиси урфу одатҳои робита бо арвоҳ доштанаш, ки издивоҷро аз худи рӯзи тӯй доғдор месозад, ба қарибӣ несту нобуд хоҳад шуд (Марқӯс 10:6–9).

16 Ҳар як мамлакат урфу одати худро дорад. Баъзе одатҳо метавонанд безарар тобанд, аммо онҳо аз урфу одати Бобили Бузург реша мегиранд, ки гӯё ба навхонадорон ва меҳмонони онҳо бахт меоранд (Ишаъё 65:11). Баъзеи ин анъанаҳо чошидани биринҷ, пул, шириниҳо ва дигар урфу одатҳои ба ин монандро дар бар мегиранд. Ин урфу одат аз чунин ақида реша мегирад, ки гӯё хӯрокворӣ рӯҳҳои бадро ором мекунад ва онҳоро аз зарар расондан ба арӯсу домод нигоҳ медорад. Илова бар ин, аз қадим чунин меҳисобанд, ки биринҷ ба таври асроромез бо фаровонӣ, хушбахтӣ ва дарозумрӣ алоқаманд аст. Бешубҳа, ҳамаи онҳое ки худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доштан мехоҳанд, аз чунин урфу одатҳои нопок дурӣ меҷӯянд. (2 Қӯринтиён 6:14–18-ро хонед.)

17. Ҷуфтҳое, ки базми арӯсӣ ва даъвати меҳмононро ба нақша мегиранд, аз рӯи кадом принсипи Китоби Муқаддас бояд амал кунанд?

17 Хизматгорони Яҳува инчунин аз урфу одатҳои ҷаҳонӣ, ки қадру қимати тӯйи масеҳиро паст мезананд ё ба виҷдони ягон кас таъсири бад мерасонанд, канорагирӣ мекунанд. Масалан, онҳо аз таънаи тунду тез ё суханоне, ки ба алоқаи ҷинсӣ ишора мекунанд ё аз шӯхию бозии бемаврид ва танқиде, ки навхонадорон ё дигаронро дар ҳолати ногувор мегузорад, дурӣ меҷӯянд (Масалҳо 26:18, 19; Луқо 6:31; 10:27). Ҳамчунин онҳо тӯйи аз ҳад дабдабаноке, ки дар он на хоксорӣ, балки «ғурури зиндагонӣ» дида мешавад, барпо намекунанд (1 Юҳанно 2:16). Агар шумо тӯй барпо карданӣ хоҳед, ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки Яҳува мехоҳад, ки шумо ин рӯзи махсусро ҳамеша бо хурсандӣ ба ёд оред, на бо пушаймонӣ *.

ОЁ ҚАДАҲ БАРДОШТАН ИШОРАИ ДИНИСТ?

18, 19. Дар як маълумотномаи ҷаҳонӣ дар бораи пайдоиши қадаҳбардорӣ чӣ гуфта мешавад ва чаро ин одат барои масеҳиён раво нест?

18 Дар тӯйҳо ва вохӯриҳои дӯстона бардоштани қадаҳ ба одат даромадааст. Дар як маълумотнома, ки соли 1995 нашр гардидааст, оиди машруботи спиртӣ ва маданияти халқҳои гуногун чунин гуфта шудааст: «Қадаҳ бардоштан... ... яке аз урфу одатҳоест, ки эҳтимол аз қадимулайём реша мегирад... ки дар он вақт одамон барои худоҳояшон қурбониҳои рехтанӣ меоварданд... ва аз онҳо хоҳиш мекарданд, ки хоҳишҳо ё дуоҳои онҳоро иҷро кунанд. Он дуоҳоро метавон бо чунин суханон хулоса кард: “Умри дароз!” ё “Ба саломатии шумо!”» (International Handbook on Alcohol and Culture).

19 Албатта бисёриҳо қадаҳбардориро ишораи динӣ ё хурофот намешуморанд. Вале ба ҳар ҳол, одати қадаҳи шаробро сӯи осмон бардоштан метавонад маънои ба «осмон» — ба қувваҳои фавқулинсонӣ — муроҷиат карданро дар назар дошта бошад, ки ин ба таълимоти Навиштаҳо мувофиқат намекунад (Юҳанно 14:6; 16:23) *.

«ЭЙ ДӮСТДОРОНИ ХУДОВАНД, АЗ БАДӢ НАФРАТ КУНЕД!»

20. Масеҳиён аз кадом идҳои машҳур, ки шояд маънои динӣ надоранд, дар каноранд ва чаро?

20 Баъзе давлатҳо ахлоқи пастшудаистодаи ин ҷаҳонро, ки Бобили Бузург ба ин мусоидат мекунад, зоҳир карда, карнавалҳои ҳарсола мегузаронанд — идҳо бо рақсҳои нораво, ки баъзан тарзи ҳаёти мардон ва занони ҳамҷинсбозро васф мекунанд. Оё барои «дӯстдорони Худованд» ба чунин маъракаҳо рафтан ё онҳоро тамошо кардан раво мебуд? Оё чунин амалашон нишон медиҳад, ки онҳо дар ҳақиқат аз бадӣ нафрат доранд? (Забур 1:1, 2; 96:10). То чӣ андоза ба рӯҳияи забурнавис пайравӣ кардан хуб аст, ки чунин дуо гуфта буд: «Чашмонамро аз дидани чизҳои ҳеҷу пуч пешгирӣ намо» (Забур 118:37).

21. Дар кадом маврид масеҳӣ метавонад мувофиқи виҷдонаш қарор кунад, ки оё ӯ дар ид иштирок хоҳад кард ё не?

21 Масеҳӣ дар рӯзи идҳои ҷаҳонӣ кӯшиш мекунад, ки бо рафтори худ нишон диҳад, ки дар онҳо иштирок намекунад. «Хуллас, хоҳ мехӯред, хоҳ менӯшед, ё кори дигаре мекунед,— навишт Павлуси расул — ҳамаашро барои ҷалоли Худо ба ҷо оваред» (1 Қӯринтиён 10:31; ба замимаи « Қабул кардани қарори бохирадона», нигаред). Аз тарафи дигар, агар ягон расму русум ё ид ба таври равшан маънои динӣ надошта бошад, ё бо иҷрои маросимҳои сиёсӣ ё ватандӯстӣ алоқаманд набошад ва ё ягон принсипи Китоби Муқаддасро вайрон накунад, он вақт ҳар хизматгори Худо метавонад худаш қарор кунад, ки оё ӯ дар он иштирок хоҳад кард ё не. Ҳамзамон ӯ ҳиссиёти дигаронро низ ба назар мегирад, то ки барои онҳо мамониат нагардад.

БО РАФТОРУ ГУФТОРАТОН ХУДОРО ҶАЛОЛ ДИҲЕД

22, 23. Чӣ гуна мо метавонем дар бобати меъёрҳои одилонаи Яҳува шаҳодати хуб диҳем?

22 Барои бисёр одамон рӯзи идҳои машҳур асосан имконияти бо аҳли оила ва дӯстон ҷамъ омадан аст. Аз ин рӯ, агар ягон кас фикр кунад, ки мавқеи бар Китоби Муқаддас асосёфтаи мо аз ҳад сахт аст, мо метавонем меҳрубонона фаҳмонем, ки Шоҳидони Яҳува вохӯриҳои манфиатбахшро бо аҳли оила ва дӯстон хеле қадр мекунанд (Масалҳо 11:25; Воиз 3:12, 13; 2 Қӯринтиён 9:7). Мо соли дароз аз муошират бо одамоне, ки дӯсташон медорем, хурсандӣ мегирем. Вале аз рӯи муҳаббатамон ба Худо ва меъёрҳои одилонаи Ӯ, намехоҳем, ки чунин рӯйдодҳои хурсандиоварро бо анъанаҳое, ки Худоро хафа мекунанд, вайрон созем. (Ба замимаи « Ибодати ҳақиқӣ хурсандии зиёд меорад» нигаред.)

23 Бисёр Шоҳидони Яҳува бо одамони самимӣ дар асоси боби 16-и «Таълимоти Китоби Муқаддас» сӯҳбат карда, комёбӣ ба даст оварданд *. Вале дар хотир дошта бошед, ки мақсади мо на дар баҳс ғолиб омадан, балки дили одамонро ба даст овардан аст. Пас одамонро ҳурмат кунеду шахси нармдил монед ва «бигзор сухани шумо ҳамеша пурфайз ва намакин бошад» (Қӯлассиён 4:6).

24, 25. Чӣ гуна волидон метавонанд ба фарзандонашон ёрӣ диҳанд, то ки имони онҳо мустаҳкам шавад ва муҳаббаташон ба Яҳува зиёд гардад?

24 Чун хизматгорони Яҳува мо таълими хуб гирифтаем. Мо медонем, ки ба чӣ боварӣ дорем ва чаро баъзе корҳоро мекунем ва баъзеашро не (Ибриён 5:14). Барои ҳамин, волидон фарзандонатонро таълим диҳед, ки бар принсипҳои Китоби Муқаддас мулоҳиза кунанд. Чунин амал карда, шумо имони онҳоро мустаҳкам мегардонед. Инчунин ба онҳо ёрӣ медиҳед, ки ба шахсоне, ки имони онҳоро зери шубҳа мегузоранд, аз рӯи Навиштаҳо ҷавоб диҳанд ва фарзандонатонро бовар мекунонед, ки Яҳува онҳоро дӯст медорад (Ишаъё 48:17, 18; 1 Петрус 3:15).

25 Ҳамаи онҳое ки Худоро «ба рӯҳ ва ростӣ» ибодат мекунанд, на танҳо аз идҳое, ки дар Китоби Муқаддас нестанд, дурӣ меҷӯянд, балки кӯшиш мекунанд, ки дар ҳамаи ҷиҳатҳои ҳаёт росткор бошанд (Юҳанно 4:23). Бисёриҳо имрӯз росткориро бефоида меҳисобанд. Вале чуноне ки аз боби оянда хоҳем дид, принсипҳои Худо ҳамеша ба фоидаи мо мебошанд.

^ сарх. 3 Ба замимаи « Оё ман бояд дар идҳо иштирок кунам?» нигоҳ кунед. Баъзе идҳо дар «Индекси нашрияҳои Бурҷи дидбонӣ» (рус.), ки аз тарафи Шоҳидони Яҳува чоп шудааст, номбар шудаанд.

^ сарх. 5 Дар асоси хронологияи Китоби Муқаддас ва таърихи ҷаҳонӣ, Исо мумкин дар моҳи яҳудии этоним, соли 2-юми то эраи мо таваллуд ёфт, ки аз рӯи тақвими имрӯза ин ба моҳҳои сентябр — октябр мувофиқ аст. (Ба энсиклопедияи «Назари амиқ ба Навиштаҳои Муқаддас» (англ.), ҷилди 2, саҳифаҳои 56, 57, ки аз тарафи Шоҳидони Яҳува чоп шудааст, нигаред.)

^ сарх. 11 Ба замимаи « Идҳо ва шайтонпарастӣ» нигаред.

^ сарх. 11 Мувофиқи аҳди Қонун талаб карда мешуд, ки зани таваллудкарда, бояд барои гуноҳ ба Худо қурбонӣ меовард (Ибодат 12:1–8). Ин талаботи Қонун оиди он ки гуноҳи одамон ба фарзандонашон мегузарад, ёдоварии бамаврид буд; ин ба исроилиён кӯмак мекард, ки ба таваллуди кӯдак нуқтаи назари дуруст дошта бошанд ва шояд онҳоро бармеангехт, ки урфу одатҳои бутпарастонае, ки бо ҷашни зодрӯз алоқаманд буд, қабул накунанд (Забур 50:7).

^ сарх. 17 Ба се мақолае, ки дар бораи тӯйҳо ва вохӯриҳои дӯстона, ки дар «Бурҷи дидбонӣ» (рус.), аз 15 октябри с. 2006, саҳифаҳои 18–31 омадаанд, нигаред.

^ сарх. 19 Ба мақолаи Саволҳои хонандагон аз «Бурҷи дидбонӣ» (рус.), 15 феврали с. 2007, нигаред.

^ сарх. 23 Аз тарафи Шоҳидони Яҳува чоп шудааст.