Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 16

Ба Иблис ва дасисаҳои ӯ муқобилат кунед

Ба Иблис ва дасисаҳои ӯ муқобилат кунед

«Ба иблис муқобилат кунед ва ӯ аз шумо хоҳад гурехт» (ЯЪҚУБ 4:7).

1, 2. Таъмидгирӣ ба кӣ хурсандӣ меорад?

АГАР шумо солҳои зиёд ба Яҳува хизмат карда истода бошед, шумо, шояд дар анҷуманҳо дар бораи таъмид нутқҳои зиёдеро шунидаед. Вале чанд маротибае, ки шумо ба чунин чорабиниҳо ташриф наоварда бошед, шумо то ҳол мумкин аз дидани онҳое ки дар толор дар қатори якум нишастаанд ва аз ҷояшон хеста ба саволҳо барои таъмидгирандагон ҷавоб медиҳанд, ба ҳаяҷон меоед. Дар ин лаҳза тамоми толорро қарсакзании самимии ҳозирон фаро мегирад. Вақте мебинед, ки боз як гурӯҳ одамони гаронбаҳо қарор кардаанд, ки тарафи Яҳуваро мегиранд, албатта, дар чашмонатон ашк ҳалқа мезанад. Чӣ хурсандиеро мо дар ин лаҳзаҳо эҳсос мекунем!

2 Дар мавриде ки мо дар як сол якчанд маротиба таъмид гирифтани шахсонро мебинем, фариштагон бошанд, инро зиёдтар мебинанд. Тасаввур кунед, ки чӣ шодии зиёде дар осмон рӯй медиҳад, вақте онҳо мебинанд, ки ҳар ҳафта дар тамоми дунё ба созмони намоёни Яҳува ҳазорҳо одамон ҳамроҳ мешаванд! (Луқо 15:7, 10). Бешубҳа, фариштагон аз чунин афзоиш хеле шод мегарданд (Ҳаҷҷай 2:7).

ИБЛИС «МИСЛИ ШЕРИ ҒУРРОН» ГАШТУГУЗОР МЕКУНАД

3. Чаро Шайтон «мисли шери ғуррон» гаштугузор мекунад ва ӯ чӣ кор кардан мехоҳад?

3 Баръакси ин, дигар офаридаҳои рӯҳӣ ин таъмидгириро мушоҳида карда, ба хашм меоянд. Шайтон ва девҳо ҳазорҳо нафар одамонро, ки аз ин ҷаҳони нопок рӯ мегардонанд тоқати дидан надоранд. Чунки Шайтон ҳавобаландона гуфт, ки ягон одам ба Яҳува аз рӯи муҳаббати самимӣ хизмат намекунад ва ҳеҷ кас дар озмоишҳои сахт ба Ӯ содиқ намемонад. (Айюб 2:4, 5-ро хонед.) Ҳар вақт, касе ки ҳаёти худро ба Яҳува бахшидан мехоҳад, ӯ дурӯғгӯй будани Шайтонро исбот мекунад. Ҳар ҳафта Шайтон ба маънои рамзӣ ҳазорҳо шаппалоқ мехӯрад. Тааҷҷубовар нест, ки Шайтон «мисли шери ғуррон гаштугузор карда, касеро меҷӯяд, то ба коми худ кашад» (1 Петрус 5:8). Ин «шер» тайёр аст, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ моро фурӯ бурда, муносибатамонро бо Худо вайрон ё қатъ гардонад (Забур 7:2, 3; 2 Тимотиюс 3:12).

Ҳар вақте ки ягон кас худро ба Яҳува мебахшад ва таъмид мегирад, ин ноҳақ будани Шайтонро исбот мекунад

4, 5. а) Бо кадом ду тарзи муҳим Яҳува таъсири Шайтонро маҳдуд кардааст? б) Масеҳӣ ба чӣ боварӣ дошта метавонад?

4 Гарчанд мо бо душмани ашаддӣ рӯ ба рӯ мешавем, мо аз ин ба тарс намеоем. Чаро? Чунки Яҳува бо ду тарз таъсири ин «шери ғуррон»-ро маҳдуд кардааст. Бо кадом тарзҳо? Аввал, Яҳува пешгӯӣ карда буд, ки «анбӯҳи бузург»-и масеҳиёни ҳақиқӣ аз «азоби азим»-и омадаистода наҷот меёбанд (Ваҳй 7:9, 14). Пешгӯиҳои Худо ҳамеша иҷро мешаванд. Барои ҳамин, ҳатто Шайтон низ медонад, ки ӯ ба тамоми халқи Худо зиён оварда наметавонад.

5 Дуввум, маҳдуд кардани таъсири Шайтонро аз ҳақиқати муҳиме, ки як хизматгори содиқи Худо, ки дар даврони қадим гуфта буд, дидан мумкин аст. Пайғамбар Азарёҳу, ба шоҳ Осо гуфт: «Худованд бо шумост, вақте ки шумо бо ӯ бошед». (2 Вақоеънома 15:2; 1 Қӯринтиён 10:13-ро хонед.) Намунаҳои бешумори даврони пеш нишон медиҳанд, ки ба Шайтон ягон бор муяссар нашуда буд, ки хизматгорони Худоро, ки бо Ӯ муносибати наздик доштанд, фурӯ барад (Ибриён 11:4–40). Имрӯз низ масеҳие, ки бо Худо муносибати наздик дорад, метавонад ба Шайтон муқобилат кунад ва ҳатто бар ӯ ғолиб ояд. Ҳақиқатан ҳам Каломи Худо моро бо суханони зерин бовар мекунонад: «Ба Иблис муқобилат кунед ва ӯ аз шумо хоҳад гурехт» (Яъқуб 4:7).

«МУБОРИЗАИ МО... БАР ЗИДДИ ҚУВВАҲОИ РӮҲИИ ШАРОРАТ» АСТ

6. Чӣ гуна Шайтон ба ҳар як масеҳӣ ҳамла меорад?

6 Шайтон наметавонад дар ҷанги рӯҳонӣ ғолиб ояд, лекин агар ҳар яки мо ҳушёру бедор набошем, тӯъмаи ӯ гардида метавонем. Шайтон медонад, ки агар муносибатамонро бо Яҳува суст гардонад, ӯ моро фурӯ бурда метавонад. Чӣ гуна Шайтон дар ин комёб шуда метавонад? Бо ҳамлаи бераҳмона, бо мубориза бо ҳар яки мо ва бо макру ҳилла. Биёед бо ин тарзҳои асосии муборизаи Шайтон беҳтар шинос шавем.

7. Чаро Шайтон бераҳмона ба халқи Яҳува ҳамла меорад?

7 Ҳамлаҳои бераҳмона. Юҳаннои расул гуфта буд: «Тамоми ҷаҳон дар зери ҳукумати иблис аст» (1 Юҳанно 5:19). Ин суханон барои ҳамаи масеҳиёни ҳақиқӣ як огоҳие мебошанд. Азбаски Шайтон аллакай тамоми дунёи бадкорро ба коми худ кашидааст, ҳоло бошад ӯ диққаташро ба онҳое ки зери таъсири ӯ нестанд, яъне ба халқи Яҳува равона кардааст ва ба онҳо бо бераҳмии зиёдтар ҳамла меорад (Мико 4:1; Юҳанно 15:19; Ваҳй 12:12, 17). Ӯ сахт ба ғазаб омадааст, чунки медонад, ки вақташ кам мондааст. Барои ҳамин ӯ таъсиру фишорашро зиёдтар гардондааст. Имрӯз ӯ мехоҳад, ки бар мо хашму ғазаби охирини худро резад ва муносибатамонро бо Худо вайрон кунад.

8. Вақте Павлус гуфта буд, ки мо бар зидди рӯҳҳои бад «мубориза» мебарем, ӯ чиро дар назар дошт?

8 Мубориза бо ҳар яки мо. Павлуси расул бародарону хоҳаронро огоҳ карда буд: «Муборизаи мо... бар зидди қувваҳои рӯҳии шарорат, ки дар афлок аст» (Эфсӯсиён 6:12). Чаро Павлус дар ин ҷо калимаи «мубориза»-ро истифода бурд? Чунки маънои он ҷанги даст ба гиребон мебошад. Ҳамин тавр, Павлус ин калимаро истифода бурда қайд кард, ки ҳар яки мо бо рӯҳҳои бад мубориза мебарем. Дар мамлакате, ки мо зиндагӣ мекунем одамон ба рӯҳҳои бад хоҳ боварӣ дошта бошанд, хоҳ не, мо хизматгорони Худо бояд ҳаргиз фаромӯш накунем, ки вақте ки худро ба Яҳува мебахшем, мо гӯё ба майдони ҷанг мебароем. Ҳар як масеҳӣ, вақте ки худро ба Худо мебахшад, ӯ аллакай дар чунин мубориза қарор дорад. Барои ҳамин ҳайратовар нест, ки Павлус якчанд маротиба масеҳиёни Эфсӯсро барангехт, ки истодагарӣ зоҳир намоянд (Эфсӯсиён 6:11, 13, 14).

9. а) Чаро Шайтон ва девҳо ҳиллаҳои гуногунро истифода мебаранд? б) Чаро Шайтон кӯшиш мекунад, ки фикрронии моро вайрон кунад ва чӣ гуна мо ба ин кӯшишҳои ӯ муқобилат карда метавонем? (Ба  замимаи саҳифаҳои 192, 193 нигаред.) в) Кадом ҳиллаи Шайтонро ҳоло мо дида мебароем?

9 Макру ҳилла. Павлус масеҳиёнро даъват мекард, ки ба «дасисаҳо [ҳиллаву найрангҳо]-и» Шайтон муқобилат кунанд (Эфсӯсиён 6:11). Диққат диҳед, ки дар ин ҷо Павлус шакли ҷамъи ин калимаро истифода мебарад. Рӯҳҳои бад макру ҳиллаи гуногунро истифода мебаранд, ки ин беҳуда нест. Баъзе хизматгорони Худо, ки дар як намуди озмоиш истодагарӣ карда тавонистанд, бо дигараш рӯ ба рӯ шуда содиқ намонданд. Барои ҳамин, Иблис ва девҳо рафтору амали ҳар яки моро мушоҳида мекунанд, то ки ҷои нозукамонро ёбанд. Сипас онҳо ҳар сустии моро, ки ба муносибатамон бо Худо зарар оварда метавонад, барои мақсадҳои худ истифода мебаранд. Хушбахтона, мо ҳиллаву найрангҳои зиёди Иблисро шинохта метавонем, чунки онҳо дар Китоби Муқаддас омадаанд (2 Қӯринтиён 2:11). Пештар дар ин китоб, мо чунин ҳиллаҳоро ба монанди, зарпарастӣ, муоширати зараровар ва бадахлоқии ҷинсиро дида баромада будем. Биёед ҳоло боз як ҳиллаи дигари Шайтон, яъне робита бо арвоҳро дида бароем.

РОБИТА БО АРВОҲ — ХИЁНАТ АСТ

10. а) Робита бо арвоҳ чист? б) Муносибати Яҳува ба робита бо арвоҳ чӣ гуна аст ва муносибати шумо чӣ?

10 Вақте ки кас бо робита бо арвоҳ ё девпарастӣ машғул мешавад, ӯ бевосита бо рӯҳҳои бад тамос мегирад. Фолбинӣ, ҷодугарӣ, азоимхонӣ ва даъват кардани мурдагон баъзе аз намудҳои робита бо арвоҳ мебошанд. Чуноне ки мо хуб медонем, Яҳува аз робита бо арвоҳ нафрат дорад (Такрори Шариат 18:10–12; Ваҳй 21:8). Азбаски мо низ бояд «аз бадӣ нафрат» кунем, мо ҳаргиз бо қувваҳои бади рӯҳӣ муошират нахоҳем кард (Румиён 12:9). Ин рафтор нисбати Падари осмониамон, Яҳува хиёнати нафратоваре мебуд.

11. Агар Шайтон метавонист, ки моро ба робита доштан бо арвоҳ барангезад, чаро ин барои ӯ як ғалабаи бузурге мебуд? Мисол оред.

11 Азбаски робита бо арвоҳ маҳз ҳамон амалест, ки нисбати Яҳува хиёнати нафратангез аст, Шайтон кӯшиш мекунад, ки баъзеи моро ба он олуда созад. Ҳар дафъае, ки Шайтон хизматгори Худоро ба девпарастӣ бармеангезад, ӯ ғалабаи бузургеро ба даст меорад. Чаро? Ба чунин муқоиса диққат кунед: агар фармондеҳи лашкари душман, аскари лашкари дигарро розӣ кунонад, ки аз лашкараш гурехта, ба лашкари ӯ ҳамроҳ шавад, ӯ аз ин хеле хурсанд мешавад. Ӯ ҳатто хоинро чун сайди ҷангии худ нишон медод, то ки фармондеҳи лашкари пешинаи аскарро паст занад. Ба монанди ин, агар масеҳӣ бо робита бо арвоҳ машғул шавад, ӯ қасдан ва дониста ба Яҳува хиёнат мекунад ва худро зери роҳбарии Шайтон тобеъ мегардонад. Тасаввур кунед, ки чӣ ҳаловатеро Шайтон эҳсос мекунад, аз нишон додани он ки гуреза як сайди ҷангии ӯ мебошад. Оё ягон нафаре аз мо ба Иблис имкон додан мехост, ки ӯ чунин ғалабаро ба даст орад? Албатта не! Мо хоин нестем.

ШАЙТОН БАРОИ ШУБҲА АНДОХТАН САВОЛҲО МЕБАРДОРАД

12. Шайтон барои ба ақидаи мо дар бораи робита бо арвоҳ таъсир расондан, аз кадом роҳ истифода мебарад?

12 Агар мо аз робита бо арвоҳ нафрат дошта бошем, Шайтон ҳаргиз моро ба он гирифтор карда наметавонад. Барои ҳамин ӯ медонад, ки бояд фикрронии моро дигар кунад. Чӣ тавр? Ӯ кӯшиш мекунад, ки роҳҳои гуногунро истифода бурда, масеҳиёнро то ба дараҷае роҳгум кунад, ки баъзеашон «бадиро некӣ ва некиро бадӣ» ҳисобанд (Ишаъё 5:20). Шайтон барои ба ин мақсади худ расидан, яке аз ин роҳҳои бо вақт озмудашударо истифода мебарад, яъне ба воситаи саволҳо шубҳа меандозад.

13. Чӣ гуна Шайтон барои шубҳа андохтан, аз саволҳо истифода мебарад?

13 Диққат диҳед, ки чӣ гуна Шайтон ин тарзро дар замонҳои пеш истифода мебурд. Дар боғи Адан ӯ аз Ҳавво пурсид: «Оё Худо ҳақиқатан гуфтааст, ки аз ҳамаи дарахтони боғ нахӯред?» Дар даврони Айюб, дар вақти вохӯрии фариштагон дар осмон, Шайтон чунин савол бардошт: «Оё Айюб бесабаб аз Худо метарсад?» Ва дар вақти саршавии хизмати заминии Исо, Шайтон ба ӯ гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, ба ин сангҳо бигӯй, ки нон шаванд». Тасаввур кунед, ки дар мавриди Исо, Шайтон ҳатто ҷуръат кард, ки айнан ҳамон суханонеро масхара кунад, ки Яҳува тақрибан шаш ҳафта пеш гуфта буд: «Ин аст Писари Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Ӯст» (Ҳастӣ 3:1; Айюб 1:9; Матто 3:17; 4:3).

14. а) Чӣ гуна Шайтон дар мавриди робита бо арвоҳ дар одамон шубҳа меандозад? б) Ҳоло мо чиро дида мебароем?

14 Имрӯзҳо Иблис аз чунин ҳиллаҳо истифода бурда, дар одамон шубҳа меандозад, ки робита бо арвоҳ безарар аст. Афсӯс, ки ӯ дар майнаи баъзе масеҳиён шубҳа андохта тавонист. Онҳо шубҳа мекардагӣ шуданд, ки баъзе аз намудҳои робита бо арвоҳ дар асл хатарноканд (2 Қӯринтиён 11:3). Чӣ гуна мо метавонем, ки ба чунин шахсон ёрӣ диҳем, то ки фикрронии худро дигар кунанд? Чӣ гуна мо метавонем боварӣ пайдо кунем, ки Шайтон ба мо таъсир нарасондааст? Барои ҷавоб додан ба ин саволҳо, биёед, ду ҷониби ҳаётро ки Шайтон маккорона онҳоро ба намудҳои робита бо арвоҳ олуда кардааст, дида бароем — ин вақтхушӣ ва ғамхорӣ нисбати саломатӣ аст.

ШАЙТОН ХОҲИШУ НИЁЗҲОЯМОНРО БАРОИ МАҚСАДҲОИ ХУД ИСТИФОДА МЕБАРАД

15. а) Бисёр одамони давлатҳои Ғарб ба робита бо арвоҳ чӣ гуна менигаранд? б) Чӣ гуна ақидаи ҷаҳон оиди робита бо арвоҳ ба баъзе масеҳиён таъсир расонд?

15 Хусусан дар давлатҳои Ғарб ба сеҳру ҷоду, ҷодугарӣ ва дигар намудҳои робита бо арвоҳ сабукфирона муносибат мекунанд. Дар филмҳо, китобҳо, барномаҳои телевизионӣ ва бозиҳои компютерӣ боз ҳам бештар амалҳои девпарастона, чун чизҳои хурсандиовар, маърифатбахш ва безарар тасвир карда мешаванд. Баъзе филмҳо ва китобҳое, ки мавзӯи онҳо бар сеҳру ҷоду асос ёфтаанд, хеле васеъ паҳн гаштаанд. Маълум мешавад, ки девҳо одамонро бовар кунондаанд, ки сеҳру ҷоду хатар надорад. Оё чунин сабукфикрӣ нисбати робита бо арвоҳ ба масеҳиён таъсир расонд? Ба фикрронии баъзеҳо таъсир расонд. Чӣ тавр? Як мисоли оддӣ меорем: баъд аз он ки як масеҳӣ филмеро дар асоси сеҳру ҷоду тамошо кард, ӯ чунин гуфт: «Ман филмро тамошо кардам, на ин ки бо робита бо арвоҳ машғул шудам». Чаро чунин фикрронӣ хатарнок аст?

16. Чаро интихоб кардани вақтхушие, ки бо сеҳру ҷоду алоқаманд мебошад, хатарнок аст?

16 Гарчанд машғул шудан бо робита бо арвоҳ ва тамошои он фарқ мекунад, ин маънои онро надорад, ки тамошои амалҳое, ки бо сеҳру ҷоду алоқаманданд, хатарнок нест. Чаро? Дар бораи ин андеша кунед: дар Китоби Муқаддас нишон дода мешавад, ки Шайтон ва девҳои ӯ фикрҳои моро хонда наметавонанд *. Ҳамин тавр, чуноне ки дар боло гуфта шуда буд, рӯҳҳои бад барои фаҳмидани он ки мо дар бораи чӣ фикр мекунем ва барои ёфтани ягон сустии рӯҳонии мо, онҳо ба амал ва инчунин интихоби вақтхушиамон бодиққат нигоҳ мекунанд. Вақте ки аз рафтори масеҳӣ маълум мешавад, ки ба ӯ филмҳо ё китобҳое, ки дар бораи ҷодугарӣ, азоимхонӣ, зери таъсири девҳо будан ва ғайра маъқул мебошанд, ин барои девҳо як аломати равшане мебошад. Дар асл ӯ ҷои нозуки худро ба девҳо нишон медиҳад. Дар натиҷа, девҳо муборизаи худро бо ин масеҳӣ зиёдтар мегардонанд, то ки ин сустии ӯро барои мақсадҳои худ истифода бурда, дар мубориза ғолиб бароянд. Баъзеҳо аз барои вақтхушие, ки дар он робита бо арвоҳ хеле равшан дида мешуд, ба сеҳру ҷоду шавқ пайдо карданд ва оқибат онҳо ба робита бо арвоҳ даст заданд. (Ғалотиён 6:7-ро хонед.)

Дар айёми беморӣ аз дастгирии Яҳува истифода баред

17. Чӣ гуна Шайтон метавонад вазъияти онҳоеро ки аз ягон беморӣ азоб мекашанд, истифода барад?

17 Шайтон барои мақсади худ на танҳо хоҳиши вақтхушӣ кардани моро, инчунин нисбати саломатӣ ғамхорӣ намуданамонро низ истифода мебарад. Чӣ гуна? Масеҳие, ки нигоҳ накарда ба кӯшишҳои зиёди ёфтани табобат саломатиаш бадтар мешавад, метавонад тамоман рӯҳафтода гардад (Марқӯс 5:25, 26). Шайтон ва девҳояш метавонанд аз чунин вазъиятҳо истифода баранд. Девҳо метавонанд шахси беморро маҷбур кунанд, то ӯ аз ноумедӣ ба усулҳои табобат, ки дар онҳо «қувваи ҷоду» ё робита бо арвоҳ истифода мешавад, розӣ шавад (Ишаъё 1:13, ТДН). Агар ин ҳиллаву найранги девҳо барор ёбад, ин метавонад муносибати масеҳии беморро бо Худо суст гардонад. Чӣ гуна?

18. Масеҳӣ бояд кадом намудҳои муолиҷа ва усулҳоро рад кунад ва барои чӣ?

18 Яҳува ба исроилиёне, ки ба «қувваи ҷоду» даст зада буданд, чунин огоҳӣ дода буд: «Ҳангоме ки дастҳои худро дароз мекунед, чашмони Худро аз шумо мепӯшам; дуоро афзун кунед ҳам, намешунавам» (Ишаъё 1:15). Албатта, мо ҳамеша, хусусусан ҳангоми беморӣ мехоҳем, ки аз ҳар он чизе ки ба дуоҳои мо халал мерасонад ва аз Яҳува дастгирӣ ёфтанамонро суст мегардонад, дурӣ ҷӯем (Забур 40:4). Барои ҳамин, агар ягон усули ташхисӣ ё тарзи муолиҷа бо намудҳои робита бо арвоҳ алоқаманд бошад, ба масеҳии ҳақиқӣ зарур аст, ки онро рад кунад (Матто 6:13) *. Дар чунин маврид, масеҳӣ метавонад ба дастгирии Яҳува таввакал кунад. (Ба замимаи « Оё ин дар ҳақиқат робита бо арвоҳ аст?», саҳифаи 194 нигаред.)

НАҚЛИ ЗИЁД ДАР БОРАИ ДЕВҲО

19. а) Иблис дар мавриди қудрати худ, одамонро ба чӣ бовар кунондааст? б) Масеҳиёни ҳақиқӣ бояд аз кадом нақлҳо дурӣ ҷӯянд?

19 Дар ҳолате, ки одамон дар давлатҳои Ғарб ба хатари таъсири Шайтон сабукфикрона муносибат мекунанд, дар мамлакатҳои дигар бошад, тамоман баръакс аст. Дар ин давлатҳо Иблис бисёр одамонро фиреб дода, онҳоро бовар кунандааст, ки гӯё дар асл қудрати бештар дорад. Одамон хоҳ мехӯранд, хоҳ кор мекунанд ва хоҳ хоб мераванд, умуман онҳо ба чӣ коре, ки машғул нашаванд бо тарси рӯҳҳои бад зиндагӣ мекунанд. Дар бораи амалҳои пурқудрати девҳо бисёр нақлҳо паҳн гаштаанд. Чунин нақлҳо бисёр вақт бо завқ гуфта мешаванд ва одамон онҳоро бо шавқ гӯш мекунанд. Оё дар паҳн кардани чунин нақлҳо мо низ бояд иштирок кунем? Не, чунки хизматгорони Худои ҳақиқӣ ин корро аз рӯи ду сабаби муҳим намекунанд.

20. Чӣ тавр кас надониста метавонад ташвиқоти шайтониро паҳн кунад?

20 Якум ин ки кас бо паҳн кардани нақл дар бораи корҳои девҳо, ба манфиати Шайтон мусоидат мекунад. Чӣ тавр? Каломи Худо исбот мекунад, ки Шайтон корҳои пурзӯрро карда метавонад ва он инчунин огоҳ мекунад, ки ӯ «мӯъҷизоти сохта» ва «талбис [фиреб]»-ро низ истифода мебарад (2 Таслӯникиён 2:9, 10). Азбаски Шайтон фиребгари моҳир аст, ӯ ба майнаи онҳое ки ба робита бо арвоҳ шавқ доранд, медонад, ки чӣ гуна таъсир расонад ва чӣ гуна онҳоро ба дурӯғ бовар кунонад. Чунин одамон метавонанд самимона боварӣ дошта бошанд, ки онҳо чизеро диданд ё шуниданд ва онро чун ҳақиқат нақл кунанд. Бо гузашти вақт, онҳо нақли рӯҳҳои бадро пай дар пай нақл карда, онро аз будаш зиёд мебофанд. Агар масеҳӣ чунин нақлҳоро паҳн кунад, ӯ манфиатҳои Иблисро, ки «падари дурӯғ аст», дастгирӣ мекунад ва ташвиқоти шайтониро паҳн менамояд (Юҳанно 8:44; 2 Тимотиюс 2:16).

21. Сӯҳбати мо асосан бояд дар бораи чӣ бошад?

21 Дуюм ин ки ҳатто, агар масеҳӣ дар гузашта ҳақиқатан ҳам бо рӯҳҳои бад дучор шуда бошад, ӯ барои ба завқ овардани ҳамимононаш ба онҳо такрор ба такрор дар ин бора нақл намекунад. Чаро? Ба мо насиҳат дода мешавад, ки «ба Сарвар ва Комилкунандаи имони мо, яъне Исо, назар дӯзем» (Ибриён 12:2). Бале, мо бояд диққати худро ба Исо равона кунем, на ин ки ба Шайтон. Шоёни диққат аст, ки Исо вақте ки дар замин буд, ӯ ба шогирдонаш дар бораи рӯҳҳои бад нақл намекард, гарчанд ӯ метавонист дар бораи қобилиятҳои Шайтон бисёр чизҳоро нақл кунад. Баръакс, ӯ ба хушхабари Салтанат диққаташро равона мекард. Ҳамин тавр, ба Исо ва расулон пайравӣ намуда, мо мехоҳем ки сӯҳбатамон танҳо дар бораи «кибриёи Худо», яъне корҳои бузурги Худо бошад (Аъмол 2:11; Луқо 8:1; Румиён 1:11, 12).

22. Чӣ тавр мо метавонем минбаъд низ ба шодӣ дар осмон мусоидат кунем?

22 Ҳақиқатан ҳам, Шайтон барои муносибати моро бо Яҳува вайрон кардан, ҳиллаву найранг ва робита бо арвоҳро низ истифода мебарад. Аз бадӣ нафрат намуда ва ба некӣ часпида, мо ба Иблис роҳ намедиҳем, ки қарори моро барои рад кардани робита бо арвоҳ ва ҳар намудҳои он, суст гардонад. (Эфсӯсиён 4:27-ро хонед.) Тасаввур кунед, ки агар мо то нест шудани Иблис «ба дасисаҳои... [ӯ] муқобилат» намоем, чӣ шодие дар осмон рӯй хоҳад дод! (Луқо 15:7; Эфсӯсиён 6:11).

^ сарх. 16 Номҳое, ки Шайтонро тасвир мекунанд (Мухолиф, Тӯҳматчӣ, Фиребгар, Озмоишкунанда ва Дурӯғгӯй) маънои онро надоранд, ки ӯ дилу фикрҳои моро санҷида метавонад. Вале дар бораи Яҳува баръакс гуфта шудааст, ки Ӯ дилҳоро месанҷад ва дар бораи Исо бошад, гуфта шудааст, ки ӯ «Имтиҳонкунандаи дилҳо ва ботинҳо» аст (Масалҳо 17:3; Ваҳй 2:23).

^ сарх. 18 Барои маълумоти бештар ба мақолаи «Санҷиши саломатӣ — оё барои шумо ҳар усули табобат равост?», аз «Бурҷи дидбонӣ» (рус.), 15 декабри с. 1994 ва ба мақолаи «Оё аҳамият дорад, ки шумо бо кадом тарз муолиҷа мекунед?» ки дар рубрикаи «Нуқтаи назари Китоби Муқаддас» аз «Бедор шавед!» (рус.), 8 январи с. 2001, нигаред.