Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ЗАМИМА

Бо шахси аз ҷамъомад хориҷкардашуда чӣ гуна бояд муносибат кард

Бо шахси аз ҷамъомад хориҷкардашуда чӣ гуна бояд муносибат кард

Вақте ки яке аз хешовандон ё дӯстони наздикамон барои гуноҳаш, ки аз он тавба намекунад аз ҷамъомад хориҷ карда мешавад — ин яке аз ғамгинтарин воқеаҳое мебошад, ки ба мо дард меорад. Муносибати мо ба насиҳати Китоби Муқаддас дар мавриди аз ҷамъомад хориҷкунӣ нишон медиҳад, ки то чӣ ҳад мо Худоро дӯст медорем ва содиқона тартиботи муқарраркардаи Ӯро дастгирӣ мекунем *. Биёед баъзе саволҳоеро дида мебароем, ки ба ин масъала вобастаанд.

Бо шахси аз ҷамъомад хориҷкардашуда чӣ гуна бояд муносибат кард? Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Бо касе алоқа накунед, ки худро бародар номида, зинокор, ё ҳаромризқ, ё бутпараст, ё бадзабон, ё бадмаст, ё ғоратгар шуда мондан мегирад; бо чунин одам якҷоя хӯрок ҳам нахӯред» (1 Қӯринтиён 5:11). Мо дар бораи шахсе, ки «аз таълимоти Масеҳ дур мешавад» чунин суханонро мехонем: «Варо ба хонаи худ қабул накунед ва ба вай салом надиҳед; Зеро касе ки ба вай салом диҳад, ба аъмоли шариронаи вай шарик мешавад» (2 Юҳанно 9–11). Мо бо шахсони аз ҷамъомад хориҷкардашуда оиди мавзӯъҳои рӯҳонӣ сӯҳбату муошират намекунем. Дар «Бурҷи дидбонӣ», аз 1-уми марти соли 1982 (рус.), саҳифаи 17 чунин гуфта шудааст: «Аллакай як салом додан метавонад барои сӯҳбат ва ҳатто бо касе дӯстӣ кардан, қадами аввалин бошад. Оё барои наздик шудан бо шахси аз ҷамъомад хориҷкардашуда қадами аввалин гузоштан лозим аст?»

Оё мо бояд аз ҳар намуди муошират канорагирӣ намоем? Бале, ин якчанд сабаб дорад. Якум — ба садоқатмандии мо ба Худо ва Каломи Ӯ таъсир мерасонад. Мо на танҳо вақте ки бароямон қулай аст, ҳатто он вақте ки душвор бошад ҳам ба Яҳува гӯш медиҳем. Муҳаббат ба Худо моро бармеангезад, ки ба ҳамаи аҳкомҳои Ӯ гӯш диҳем, чунки мо эътироф мекунем, ки Ӯ боадолату меҳрубон аст ва ҳамаи аҳкомҳои Худо ба мо фоидаи калон меоранд (Ишаъё 48:17; 1 Юҳанно 5:3). Дуюм — муоширатро бо шахсе, ки аз гуноҳи кардааш тавба намекунад, қатъ намуда, мо худ ва тамоми ҷамъомадро аз зарари рӯҳонӣ ва ахлоқӣ муҳофизат мекунем ва ҳамин тавр обрӯи ҷамъомад зарар намебинад (1 Қӯринтиён 5:6, 7). Сеюм — қарори қатъии принсипҳои Китоби Муқаддасро риоя кардани мо ба шахси аз ҷамъомад хориҷкардашуда манфиат меорад. Қарори ҳайати ҳуқуқиро дастгирӣ карда, мо шояд ба дили гунаҳкор, ки то ин вақт ба кӯмаки пирон эътибор намедод, таъсир расонем. Аз муоширати бебаҳои шахсони барояш азиз бенасиб шуда, ӯ эҳтимол ба худ ояд ва ҷиддияти гуноҳашро дарк кунад, сипас чора андешад, то ки ба назди Яҳува баргардад (Луқо 15:17).

Агар аъзои оила ё хеш аз ҷамъомад хориҷ карда шавад-чӣ? Дар ин маврид садоқати мо ба Худо метавонад ба озмоиши ҷиддӣ дучор гардад, зеро одатан муносибати аъзоёни оила хеле наздик аст. Акнун мо бо хеши аз ҷамъомад хориҷкардашуда чӣ гуна бояд муносибат кунем? Тамоми вазъиятҳоро дида баромада намешавад, лекин биёед ду вазъияти асосиро муҳокима кунем.

Дар баъзе мавридҳо, аъзои оила, ки хориҷ карда шудааст, чун пештара дар як хона бо аҳли оилааш зиндагӣ мекунад. Худи хориҷкунӣ маънои вайрон шудани муносибатҳои оилавиро надорад ва ҳамаи аъзоёни оила метавонанд чун пештара корҳои ҳаррӯзаи хонаро якҷоя иҷро кунанд. Лекин шахси гуноҳкарда роҳи гуноҳро интихоб намуда, муносибати рӯҳоние, ки ӯро бо аҳли оилаи имондораш муттаҳид менамуд, канда намуд. Аз ин рӯ, аъзоёни оилаи худотарсаш бо ӯ дигар наметавонанд дар мавзӯъҳои рӯҳонӣ муошират кунанд. Масалан, агар аҳли оила барои ибодати оилавӣ ҷамъ оянд ва шахси хориҷкардашуда ҳамроҳашон бошад, ӯ дар муҳокима иштирок карда наметавонад. Аммо агар шахси хориҷкардашуда ноболиғ бошад, волидон вазифадоранд, ки ӯро чун пештара тарбияву насиҳат кунанд. Аз ин сабаб волидони меҳрубон метавонанд бо фарзандашон омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронанд (Масалҳо 6:20–22; 29:17) *.

Дар мавриди дигар хориҷкардашуда аз аҳли оилааш алоҳида зиндагӣ мекунад. Гарчанд баъзан бо хориҷкардашуда ягон масъалаи оилавиро ҳал кардан зарур аст, аъзоёни оила бояд кӯшиш кунанд, ки бо ӯ ҳар чӣ камтар муошират намоянд. Аъзоёни худотарси оила баҳона намеҷӯянд, ки бо хориҷкардашуда, ки алоҳида зиндагӣ мекунад, муошират кунанд. Баръакс, садоқат ба Яҳува ва созмони Ӯ, онҳоро бармеангезад, ки тартибу низомро оиди хориҷкардашудагон, ки бар Китоби Муқаддас асос ёфтааст, дастгирӣ намоянд. Бо ин рафтор онҳо ба беҳбудии гуноҳкарда ғамхорӣ мекунанд ва эҳтимол, ӯро бармеангезанд, ки аз ин ҷазо барои худ дарсе гирад (Ибриён 12:11) *.

^ сарх. 3 Принсипҳои Китоби Муқаддас, ки ба ин масъала дахл доранд, инчунин ба шахсоне, ки ҷамъомадро тарк мекунанд, тааллуқ дорад.

^ сарх. 7 Маълумоти бештарро оиди фарзандони ноболиғи хориҷкардашуда, ки бо волидонашон зиндагӣ мекунанд, метавонед аз «Бурҷи дидбонӣ» (рус.), аз 1-уми октябри соли 2001, саҳифаҳои 16, 17 ва аз 15 сентябри соли 1989, саҳифаи 17 ёбед.

^ сарх. 8 Маълумоти бештарро оиди он ки чӣ гуна бо хеше, ки аз ҷамъомад хориҷ карда шудааст бояд муносибат кард, метавонед аз «Бурҷи дидбонӣ» (рус.), аз 15-уми сентябри соли 1988, саҳифаҳои 18–23 ва аз 1-уми марти соли 1982, саҳифаҳои 18–23 ёбед.