Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 12

«Бо қудрати Яҳува далерона сухан меронданд»

«Бо қудрати Яҳува далерона сухан меронданд»

Павлус ва Барнаббо хоксорӣ, устуворӣ ва далерӣ нишон доданд

Бар Корнома 14:1–28 асос ёфтааст

1, 2. Дар Лустра бо Павлусу Барнаббо чӣ рӯй дод?

 ДАР Лустра мардум хурсанду серташвишанд. Сабаб дар он ки ду марди бегона шали модарзодро шифо медиҳанд ва ӯ аз шодӣ ҷастухез мекунад. Мардум аз ин дар ҳайрат афтодааст ва фикр мекунад, ки он ду мард худоёнанд. Аз ҳамин сабаб коҳини Зевс ба онҳо гулчанбар мебарад. Дар як тараф буққаҳо маос мезананду коҳин ба буридани сари онҳо тайёрӣ мебинад. Павлусу Барнаббо бошанд, нею нестон карда мардумро аз ин кор боздоштаниянд. Онҳо либосҳояшонро чок карда, худро ба миёни мардум меандозанд ва намемонанд, ки онҳоро ибодат кунанд. Онҳо базӯр одамонро аз корашон мегардонанд.

2 Сипас аз Антиохияи Писидия ва Иқуния яҳудиёни бадхоҳ меоянд ва дар ҳаққи Павлусу Барнаббо туҳмат карда, мардуми Лустраро бар зидди онҳо иғво меандозанд. Ин туҳмати бадхоҳон дар як дам ақли мардумро тираву заҳролуд месозад. Барои ҳамин мардуме, ки чанде пеш Павлусро парастиш карданӣ буд, ҳоло ӯро гирд карда, то беҳуш шуданаш сангсор мекунанд. Оқибат онҳо аз қаҳри худ фаромада, бадани захмдору хуншори Павлусро кашолакунон аз дарвозаи шаҳр берун мепартоянд, чунки фикр мекунанд, ки ӯ мурдааст.

3. Дар ин боб кадом саволҳоро дида мебароем?

3 Пеш аз ин фоҷиа чӣ рӯй дода буд? Имрӯз воизони хушхабар аз воқеае, ки бо Барнаббову Павлус рӯй дод, ва муносибати сокинони Лустра чӣ меомӯзанд? Чӣ тавр пирони ҷамоат ба намунаи Барнаббову Павлус — мардони вафодор, ки дар хизмат устувор монда, «бо қудрати Яҳува далерона сухан меронданд», пайравӣ карда метавонанд? (Кор. 14:3).

«Одамони зиёде... имон оварданд» (Корнома 14:1–7)

4, 5. Чаро Павлусу Барнаббо ба Иқуния рафтанд ва дар он ҷо чӣ рӯй дод?

4 Якчанд рӯз пештар яҳудиёни бадхоҳ дар Антиохияи Писидия баъзеҳоро иғво андохтанд ва Павлусу Барнабборо аз ин шаҳри Рум ронданд. Вақте мардум ба онҳо гӯш надод, онҳо рӯҳафтода нашуданд, балки «чанги пояшонро афшонда», рафтанд (Кор. 13:50–52; Мат. 10:14). Павлусу Барнаббо бо дили орому осуда аз он ҷо рафтанд ва он мардуми бадкирдорро ба Худо ҳавола карданд (Кор. 18:5, 6; 20:26). Ин ду миссионер хурсандиро аз даст надода сафари хизматии худро давом доданд. Онҳо ба тарафи ҷанубу шарқ раҳсипор шуда, 150 километр роҳро тай карданд ва ба паҳнкӯҳи ҳосилхезе расиданд, ки дар байни қаторкӯҳҳои Таврус ва Султон ҷойгир буд.

5 Баъд аз ин Павлусу Барнаббо дар Иқуния қарор гирифтанд a. Ин шаҳр, ки маданияти юнонияшро нигоҳ дошта буд, яке аз шаҳрҳои калони вилояти Ғалотияи Рум ба ҳисоб мерафт. Дар ин шаҳр яҳудиёни номдор ва бисёр касоне, ки дини яҳудиро қабул карда буданд, зиндагӣ мекарданд. Павлусу Барнаббо аз рӯйи одат ба ибодатхона рафтанд ва мавъизаро сар карданд (Кор. 13:5, 14). Онҳо «тавре сухан гуфтанд, ки одамони зиёде, ҳам яҳудиён ва ҳам юнониён, имон оварданд» (Кор. 14:1).

6. Чаро гуфтан мумкин аст, ки Павлус ва Барнаббо дар мавъиза усто буданд, ва чӣ тавр мо ба онҳо пайравӣ карда метавонем?

6 Барои чӣ Павлус ва Барнабборо муаллимони бомаҳорат гуфтан мумкин аст? Як сабаб дар он буд, ки Павлус аз хиради илоҳӣ хуб бархурдор буд. Ӯ моҳирона таъриху пешгӯйиҳо ва Тавроти Мӯсоро истифода бурда исбот мекард, ки Исо Масеҳи ваъдашуда аст (Кор. 13:15–31; 26:22, 23). Тарзи суханронии Барнаббо нишон медод, ки ӯ ғами одамонро мехӯрад (Кор. 4:36, 37; 9:27; 11:23, 24). Ҳеҷ яки ин бародарон ба фаҳмиши худ такя намекард, балки онҳо «бо қудрати Яҳува далерона сухан меронданд». Чӣ тавр мо дар расонидани хушхабар ба ин воизони пешсаф пайравӣ карда метавонем? Масалан, мо метавонем Китоби Муқаддасро беҳтар омӯзем, оятҳоеро интихоб кунем, ки шавқи ҳамсуҳбатамонро бедор мекунанд, ва бо ҳар роҳ шунавандагонамонро тасаллӣ диҳем. Инчунин ҳангоми таълим додан бояд ҳама вақт ба қудрати Каломи Худо такя кунем, на ба хиради худ.

7. а) Хушхабар ба одамон чӣ гуна таъсир карда метавонад? б) Агар дар оилаатон аз пушти хушхабар ҷудоӣ ба миён омада бошад, чиро бояд дар ёд доред?

7 На ҳама сокинони Иқуния аз шунидани суханони Павлусу Барнаббо шод буданд. Аз рӯйи гуфти Луқо, «яҳудиёне, ки имон наоварданд, ғайрияҳудиёнро аз роҳ зада, бар зидди бародарон шӯр андохтанд». Павлусу Барнаббо мефаҳмиданд, ки беҳтараш дар Иқуния монанду хушхабарро ҳимоя кунанд. Барои ҳамин онҳо «муддати зиёде дар он ҷо монда,.. далерона сухан меронданд. Он вақт одамони шаҳр ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд: баъзеҳо тарафдори яҳудиён буданду дигарон тарафдори расулон» (Кор. 14:2–4). Имрӯз низ хушхабар баъзеҳоро ба ҳам мепайвандаду баъзеи дигарро аз ҳам ҷудо мекунад (Мат. 10:34–36). Агар дар оилаи шумо низ аз пушти ҳақиқат муносибатҳо вайрон шуда бошанд, дар ёд доред, ки сабаби асосӣ овозаҳои бардурӯғу туҳмат мебошад, ки фикри онҳоро заҳролуд кардааст. Барои ҳамин рафтори хуби шумо метавонад позаҳр гардаду оқибат дили шахсонеро, ки ба шумо зид мебароянд, нарм созад (1 Пет. 2:12; 3:1, 2).

8. Барои чӣ Павлус ва Барнаббо Иқунияро тарк карданд ва мо аз ин намунаи онҳо чӣ дарс мегирем?

8 Муддате пас дар Иқуния мухолифон забон як карданд, ки Павлусу Барнабборо сангсор мекунанд. Вақте ин ду миссионер аз нақшаи онҳо бохабар шуданд, қарор карданд, ки ба дигар минтақа рафта шаҳодат медиҳанд (Кор. 14:5–7). Ба ин монанд, воизони хушхабар имрӯз эҳтиёткорӣ зоҳир мекунанд. Вақте ба сари мо низ туҳмату дурӯғро бор мекунанд, мо бояд далерона сухан гӯем (Флп. 1:7; 1 Пет. 3:13–15). Лекин, вақте қасди ҷони моро мекунанд, мо аз рӯйи хирад амал карда ҳаёти худ ва ҳаёти бародару хоҳаронро дар хатар намемонем (Пнм. 22:3).

«Ба Худои зинда рӯ оред» (Корнома 14:8–19)

9, 10. Лустра дар куҷо ҷойгир буд ва дар бораи сокинони он ҷо чӣ гуфтан мумкин аст?

9 Павлус ва Барнаббо ба шаҳри Лустра рафтанд. Лустра тобеи Рум буд ва тахминан аз Иқуния 30 километр дуртар ба тарафи ҷанубу ғарбӣ ҷойгир шуда буд. Лустра бо Антиохияи Писидия робитаи наздик дошт, аммо баръакси ин шаҳр дар Лустра ҷамоати калони яҳудиён набуд. Сокинони шаҳри Лустра, аз афташ, ба забони юнонӣ гап мезаданд, вале забони модариашон леконӣ буд. Эҳтимол, аз сабаби он ки дар ин шаҳр ибодатхона набуд, Павлусу Барнаббо дар ҷойи ҷамъиятӣ хушхабарро мерасонданд. Чанде пеш дар Ерусалим Петрус шали модарзодеро шифо дода буд (Кор. 14:8–10). Баъдтар бошад, Павлус дар Лустра марди шалеро сиҳат кард. Муъҷизаи Петрусро дида бисёр одамон ба Худо имон оварда буданд (Кор. 3:1–10). Лекин муъҷизаи Павлус тамоман натиҷаи дигар дод.

10 Чуноне ки дар аввали боб зикр шуд, вақте дар Лустра марди шал ба по истоду роҳ гашт, мардуми бутпарасти он ҷо ин муъҷизаро дида дарҳол хулоса карданд, ки Павлусу Барнаббо худоёнанд. Сокинони он ҷо Барнабборо Зевс номиданду Павлусро Ҳермес. Зевс худои худоёнашон буд, Ҳермес бошад, писари Зевс ва хабаррасони худоён. (Нигаред ба чорчӯбаи « Лустра ва парастиши Зевсу Ҳермес».) Павлусу Барнаббо ба мардум фаҳмондан мехостанд, ки онҳо бо қудрати Яҳува — Худои яккаву ягона, сухан мегӯянду муъҷиза мекунанд, на бо қувваи худоёни халқи бутпараст (Кор. 14:11–14).

«Аз ин чизҳои беҳуда рӯ гардонда, ба Худои зинда рӯ оред», ки осмону заминро офаридааст (Корнома 14:15)

11–13. а) Павлус ва Барнаббо дар бораи сокинони Лустра чӣ гуфтанд? б) Яке аз дарсҳое, ки аз суханони Павлусу Барнаббо гирифта метавонем, кадом аст?

11 Нигоҳ накарда ба муносибати одамон Павлус ва Барнаббо кӯшиш мекарданд, ки ба онҳо хушхабарро расонанд. Аз воқеае, ки Луқо ба қалам дод, мо ба одамоне, ки динашон дигар аст, моҳирона мавъиза карданро ёд мегирем. Аҳамият диҳед, ки чӣ тавр Павлус ва Барнаббо ба мардум муроҷиат карданд: «Эй мардум, чаро шумо чунин мекунед? Охир, мо низ мисли шумо одамони гуноҳкорем. Мо ба шумо хушхабарро мерасонем, то аз ин чизҳои беҳуда рӯ гардонда, ба Худои зинда рӯ оред, Худое, ки осмон, замин, баҳр ва ҳар чиро, ки дар онҳост, офаридааст. Дар гузашта Худо ҳамаи халқҳоро ба ҳоли худ гузошта буд, ҳарчанд бо некиҳояш дар бораи худ пайваста шаҳодат медод: ӯ ба шумо аз осмон борон меборонд ва фаслҳои серҳосил мебахшид, ба шумо рӯзӣ медод ва дилҳоятонро лабрези шодӣ мекард» (Кор. 14:15–17).

12 Мо аз ин суханони таъсирбахш чӣ дарс мегирем? Якум дарс ин ки, Павлусу Барнаббо худро аз шунавандагонашон боло намегирифтанд. Ин хизматгорони Худо худро муъҷизакору қаҳрамон наметарошиданд, балки хоксорона тан мегирифтанд, ки мисли шунавандагони бутпарасташон одамони хокиянд. Фарқи онҳо ҳамин буд, ки Павлусу Барнаббо аз банди таълимоти дурӯғ аллакай озод шуда, атои рӯҳи муқаддасро гирифта буданд ва умед доштанд, ки бо Масеҳ ҳукмронӣ мекунанд. Ин ду марди вафодор дарк мекарданд, ки, агар сокинони Лустра ба Масеҳ имон оранд, онҳо низ соҳиби чунин атоҳо мегарданд.

13 Мо ба шахсоне, ки мавъиза мекунем, чӣ назар дорем? Оё худро аз онҳо боло мегирем? Вақте ба онҳо ҳақиқати Каломи Худоро гап мезанем, оё мисли Павлусу Барнаббо эҳтиёт мешавем, ки шуҳрату ҷалол наҷӯем? Аз ин ҷиҳат омӯзгори моҳир Чарлз Рассел, ки кори мавъизаро дар охири асри 19 ва аввалҳои асри 20 роҳбарӣ мекард, намунаи хуб гузошт. Ӯ навиштааст: «Мо шуҳратпарасту иззатталаб нестем ва намехоҳем, ки мо ё корамонро болобардор кунанд. Мо намехоҳем, ки моро “Ҳазрат” ё “Устод” номанд». Бародар Рассел мисли Павлусу Барнаббо хоксор буд. Ба ин монанд, вақте мо хушхабарро мерасонем, барои худ ҷалолу шуҳрат намеҷӯем, балки ба одамон кумак мекунем, ки «ба Худои зинда» рӯ оранд.

14–16. Аз суханоне, ки Павлусу Барнаббо ба мардуми Лустра гуфтанд, кадом ду дарси дигарро меомӯзем?

14 Аз суханони Павлусу Барнаббо дарси дуюмро дида мебароем. Ин воизони боғайрат шунавандагонашонро ба назар гирифта сухан мегуфтанд. Мардуми Лустра мисли яҳудиён ва касоне, ки дини яҳудиро қабул карда буданду дар Иқуния мезистанд, дар бораи Китоби Муқаддас ва муносибати Худо ба халқи Исроил маълумоти кофӣ надоштанд ё тамоман чизе намедонистанд. Лекин онҳо дар бораи сифатҳои Худо бисёр чизро омӯхта метавонистанд, зеро бо кишоварзӣ машғул буданд ва иқлими мулоиму замини ҳосилхез доштанд. Барои ҳамин Павлусу Барнаббо бо онҳо дар бораи неъматҳои Офаридгор сухан ронданд (Рум. 1:19, 20).

15 Оё шумо низ шунавандагонатонро ба назар мегиред? Паҳн кардани хушхабарро ба киштукор монанд кардан мумкин аст. Деҳқон метавонад як навъи тухмиро дар заминҳои гуногун корад. Ӯ одатан ҳар заминро барои кишт бо роҳу усули гуногун тайёр мекунад. Хоки баъзе заминҳо, шояд, аллакай нарму ковок буда барои киштукор тайёр бошад. Лекин баъзе заминҳо меҳнати зиёдтарро металабанд. Имрӯз мо ҳам як навъи тухмиро мекорем, ки хабари Подшоҳии Худо мебошад. Агар мо мисли Павлусу Барнаббо вазъу эътиқоди одамонро ба назар гирем, тухмии Каломро ба замини дилашон моҳирона мекорем (Луқ. 8:11, 15).

16 Акнун биёед аз намунаи Павлусу Барнаббо ва сокинони Лустра дарси сеюмро омӯзем. Баъзан, мо кӯшиш кунем ҳам, тухми пошидаамон ба замини санглох меафтад ё онро медузданд (Мат. 13:18–21). Агар ин тавр шавад, дилмондаву рӯҳафтода нашавед. Чуноне ки Павлус баъдтар ба шогирдони шаҳри Рум хотиррасон кард, «ҳар яки мо [аз ҷумла, ҳар як шахсе, ки ба ӯ аз Каломи Худо гап мезанем,] дар пеши Худо барои худ ҷавоб медиҳем» (Рум. 14:12).

«Онҳоро ба паноҳи Яҳува... супурданд» (Корнома 14:20–28)

17. Павлусу Барнаббо аз Дарба ба куҷо сафар карданд ва чаро?

17 Вақте дар Лустра мардум Павлусро мурда гумон карда кашолакунон аз шаҳр берун партофтанд, шогирдон гирди ӯ ҷамъ шуданд. Павлус хеста, ба шаҳр рафт, то шабро рӯз кунад. Рӯзи дигар Павлусу Барнаббо 100 километр роҳро тай карда ба Дарба рафтанд. Як тасаввур кунед, барои Павлус, ки якчанд соат пеш сангсор шуда буд, тай кардани ин роҳ чӣ қадар душвор буд. Лекин ғайрати ӯву Барнаббо суст нашуд, аз ин рӯ онҳо ба Дарба омада, «шогирдони зиёде тайёр намуданд». Сипас онҳо роҳро кӯтоҳ карда рост ба Антиохияи Сурия нарафтанду «ба Лустра, Иқуния ва Антиохия»-и Писидия баргаштанд. Барои чӣ онҳо ин роҳро пеш гирифтанд? Павлусу Барнаббо «дилҳои шогирдонро қувват бахшида насиҳат карданд, ки дар имон устувор монанд» (Кор. 14:20–22). Ин ду марди баимон чӣ намунае гузоштанд! Онҳо бисёртар дар бораи манфиати ҷамоат фикр мекарданд, на дар бораи роҳати худ. Имрӯз нозирони ноҳиявӣ ва миссионерон аз рӯҳияи ин воизони фидокор ибрат мегиранд.

18. Пирони ҷамоат чӣ тавр таъйин карда мешаванд?

18 Ғайр аз он ки Павлусу Барнаббо шогирдонро бо сухан ва намунаи худ қувват бахшиданд, онҳо инчунин «дар ҳар ҷамоат пиронро таъйин намуданд». Ҳарчанд Павлусу Барнаббо ба ин сафари миссионерӣ «бо роҳнамоии рӯҳи муқаддас фиристода шуданд», онҳо ҳангоми пиронро «ба паноҳи Яҳува» супурдан дуо гуфтанду рӯза доштанд (Кор. 13:1–4; 14:23). Пеш аз тавсия кардани бародаре ба ягон таъйинот ҳайати пирони маҳаллӣ бо дуо дида мебароянд, ки бародар ба талаботи Китоби Муқаддас ҷавобгӯ аст ё не (1 Тим. 3:1–10, 12, 13; Тит. 1:5–9; Яъқ. 3:17, 18; 1 Пет. 5:2, 3). Барои ин чанд сол дар роҳи ҳақиқат будани шахс аҳамияти калон надорад. Лекин аз обрӯ ва рафтору гуфтори бародар бояд таъсири рӯҳи Худо маълум бошад. Ӯ ҳамон вақт пири ҷамоат шуда метавонад, ки ба талаботе, ки барои пирон дар Китоби Муқаддас омадааст, мувофиқат кунад (Ғал. 5:22, 23). Пас аз тавсияи ҳайати пирон нозири ноҳиявӣ бародарро пири ҷамоат таъйин карда метавонад. (Бо 1 Тимотиюс 5:22 муқоиса кунед.)

19. Пирон ба кӣ ҳисобот медиҳанд ва мо чӣ тавр ба Павлусу Барнаббо пайравӣ карда метавонем?

19 Пирон медонанд, ки барои чӣ тавр нигоҳубин кардани ҷамоат ба Худо ҳисобот медиҳанд (Ибр. 13:17). Мисли Павлусу Барнаббо онҳо дар кори мавъиза пешсафанд, инчунин бародару хоҳаронро бо сухан қувват мебахшанд. Пирон тайёранд, ки дар бораи фоидаи худ неву фоидаи ҷамоат фикр кунанд (Флп. 2:3, 4).

20. Вақте дар бораи хизмати содиқонаи бародару хоҳарон мехонем, чӣ фоида мегирем?

20 Вақте Павлусу Барнаббо оқибат ба Антиохияи Сурия, ки сафари миссионериашонро аз он ҷо сар карда буданд, баргаштанд, «дар бораи бисёр чизҳое, ки Худо ба воситаи онҳо карда буд, ва дар бораи он ки ӯ ба дигар халқҳо барои имон овардан роҳ кушод, нақл карданд» (Кор. 14:27). Дар рӯзҳои мо ҳам воқеаҳое, ки Яҳува хизмати содиқонаи ходимонашро баракат медиҳад, кам нестанд ва мо чунин воқеаҳоро аз адабиётамон хонда метавонем. Пас, биёед аз саргузашту нақли бародару хоҳарони боғайрату пуркорамон хабардор гардем. Ин ба мо қуввату илҳом мебахшад, то минбаъд низ «бо қудрати Яҳува далерона сухан» ронем.

a Нигаред ба чорчӯбаи « Иқуния — шаҳри фриҷиён».