Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 14

«Мо якдилона қарор додем»

«Мо якдилона қарор додем»

Ҳайати роҳбарикунанда қароре мебарорад, ки ҷамоатҳоро муттаҳид месозад

Бар Корнома 15:13–35 асос ёфтааст

1, 2. а) Ҳайати роҳбарикунанда дар Ерусалим бояд кадом саволҳоро дида мебаромад? б) Чӣ ба бародарон кумак мекард, ки қарори дуруст бароранд?

 РАСУЛОН дар Ерусалим дар хонае ҷамъ омадаанд. Онҳо бояд қарори муҳим бароранд, қароре, ки оиди хатна аст. Ғайр аз ин, бародарон бояд саволҳои зеринро ҳаллу фасл кунанд: «Оё масеҳиён тобеи Шариати Мӯсоянд? Байни масеҳиёни ғайрияҳудӣ ва яҳудӣ ягон фарқ вуҷуд дорад?»

2 Бародароне, ки роҳбариро бар уҳда доштанд, далелҳои зиёдро дида баромаданд. Онҳо пешгӯйиҳои Каломи Худоро ба инобат гирифтанд. Ҳамчунин суханони шахсонеро ба назар гирифтанд, ки шоҳиди аз Яҳува баракат ёфтани халқҳои дигар буданд. Дар он маҷлис ҳама фикру ақидаи худро гуфт. Далелҳои дастрас барои ба як қарор омадан басу зиёдатӣ буданд. Ҳамаи ин далелҳо исбот мекарданд, ки хости Яҳува чист. Оё ин бародарон аз рӯйи роҳнамоии рӯҳи муқаддаси Яҳува амал мекунанд?

3. Мо аз омӯхтани Корнома, боби 15, чӣ манфиат мегирем?

3 Ба бародарон имон ва далерӣ лозим буд, то аз рӯйи роҳнамоии рӯҳи муқаддас амал кунанд. Аз қарори онҳо нафрати роҳбарони дини яҳудӣ дучанд шуда метавонист. Ба болои ин шахсоне, ки дар ҷамоат дигаронро ташвиқ мекарданд, ки аз рӯйи Шариати Мӯсо зиндагӣ кунанд, метавонистанд ба қарори ҳайати роҳбарикунанда эрод гиранд. Биёед аз ин боб фаҳмем, ки ҳайати роҳбарикунандаи асри як чӣ кор мекунад. Ҳамчунин мефаҳмем, ки имрӯз Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува аз намунаи онҳо чӣ меомӯзад ва чӣ тавр мо ҳангоми баровардани қарор ва ҳал намудани душвориҳо ба онҳо пайравӣ кунем.

«Навиштаҳои пайғамбарон низ инро тасдиқ мекунанд» (Корнома 15:13–21)

4, 5. Яъқуб аз Каломи Худо кадом оятҳоро иқтибос овард?

4 Яъқуби шогирд, ки бародари ҳамбатни Исо буд, сухан гуфтанро сар мекунад a. Эҳтимол, он вохӯриро ӯ мегузаронд. Яъқуб бо суханони зерин фикри ҳузурдоштагонро ҷамъбаст карда мегӯяд: «Шимъӯн як ба як нақл кард, ки чӣ тавр Худо бори аввал ба халқҳои дигар назар кард, то аз байни онҳо халқе ба номи худ ҷамъ орад. Навиштаҳои пайғамбарон низ инро тасдиқ мекунанд» (Кор. 15:14, 15).

5 Аз суханронии Шимъӯни Петрус ва шаҳодати Барнаббою Павлус, аз афташ, оятҳои мувофиқе ба ёди Яъқуб омаданд, ки ба масъалаи хатна равшанӣ андохтанд (Юҳ. 14:26). Эҳтимол, вақте Яъқуб гуфт, ки «Навиштаҳои пайғамбарон низ инро тасдиқ мекунанд», ӯ суханони Омӯс 9:11, 12-ро иқтибос овард. Китоби Омӯс ба қисми Навиштаҳои Ибронӣ, ки «Навиштаҳои пайғамбарон» номида мешавад, тааллуқ дорад (Мат. 22:40; Кор. 15:16–18). Агар аҳамият дода бошед, суханони Яъқуб аз он чизе, ки дар китоби Омӯс омадааст, фарқ мекунад. Эҳтимоли зиёд аст, ки Яъқуб аз «Септуагинта», ки тарҷумаи юнонии Навиштаҳои Ибронист, иқтибос овард.

6. Чӣ хел бо ёрии Навиштаҳо бародарон хости Худоро фаҳмиданд?

6 Яҳува бо даҳони пайғамбар Омӯс фарорасии замонеро пешгӯйӣ кард, ки «хаймаи Довуд»-ро мебардорад, яъне сулолаи подшоҳиеро барқарор мекунад, ки аз он Подшоҳии Масеҳоӣ ба вуҷуд меояд (Ҳиз. 21:26, 27). Оё Яҳува мисли пештара танҳо яҳудиёнро халқи худ меҳисобад? Не. Дар пешгӯйӣ гуфта мешавад, ки «одамони ҳамаи халқҳо» ҷамъ оварда мешаванд ва номи Худоро бар худ мегиранд. Дар ёдатон бошад, Петрус шаҳодат дода гуфт: «Худо байни мову онҳо [масеҳиёни яҳудиву ғайрияҳудӣ] ҳеҷ фарқе нагузоштааст, балки дили онҳоро бо имон пок кардааст» (Кор. 15:9). Чи хеле мебинем, Худо мехоҳад, ки ҳам яҳудиён ва ҳам ғайрияҳудиён ворисони Подшоҳии Худо шаванд (Рум. 8:17; Эфс. 2:17–19). Дар ягон ҷойи Китоби Муқаддас пешгӯйӣ нашудааст, ки ғайрияҳудиёни имондор барои вориси Подшоҳии Худо шудан бояд хатна кунанд ё дини яҳудиро қабул намоянд.

7, 8. а) Яъқуб ба ҳозирон чӣ гуфт? б) Чаро гуфтан мумкин аст, ки Яъқуб аз мавқеаш суиистифода накард?

7 Яъқуб далелу исботҳоро аз Навиштаҳо ба назар гирифта ва шаҳодати раднопазири шоҳидонро шунида ба ҳозирон бо чунин суханон муроҷиат кард: «Бинобар ин фикри ман ин аст, ки барои ғайрияҳудиёне, ки ба Худо рӯ меоранд, душвориҳо ба миён наорем, балки ба онҳо дастуроте нависем, ки аз он чӣ бо бутпарастӣ алоқаманд аст, аз зино, аз гӯшти ҳайвони ҳароммурда ва аз хун парҳез намоянд. Охир, аз замонҳои қадим инҷониб навиштаҳои Мӯсоро ҳар шанбе дар ибодатхонаҳо қироат карда, дар ҳар шаҳр эълон менамоянд» (Кор. 15:19–21).

8 Яъқуб, ки, шояд, барандаи он вохӯрӣ буд, оё аз таъйиноташ истифода бурда бар дигар бародарон калонгирӣ мекард? Не, «фикри ман ин аст» гуфтани Яъқуб нишон медод, ки ӯ фармонфармоӣ намекард, балки дар асоси шаҳодати дигарон ва Навиштаҳо фикрашро баён намуд.

9. Пешниҳоди Яъқуб чӣ фоида овард?

9 Оё пешниҳоди Яъқуб хуб буд? Бале, чунки баъдтар расулон ва пирон онро қабул карданд. Як хубии пешниҳод дар он буд, ки бар китфи масеҳиёни дигар халқҳо бори зиёдатӣ намегузошту онҳоро маҷбур намесохт, ки Шариати Мӯсоро риоя кунанд (Кор. 15:19). Дигар ҷиҳати хубаш он буд, ки ба виҷдони масеҳиёни яҳудӣ, ки солҳои сол «навиштаҳои Мӯсоро ҳар шанбе дар ибодатхонаҳо қироат» мекарданд, эҳтиром нишон дода шуд b (Кор. 15:21). Гуфтан мумкин аст, ки пешниҳоди Яъқуб пайванди бародариро байни масеҳиёни яҳудӣ ва ғайрияҳудӣ қавӣ сохт. Пеш аз ҳама, ин қарор дили Яҳуваро хурсанд мекард, чунки он мувофиқи нияташ буд. Акнун тифоқию ягонагии халқи Худо аз хатари ҷудоӣ эмин буд. Ин рафтори бародарон барои ҷамоатҳои ҳозираи масеҳӣ намунаи хеле хуб аст!

Суханронии бародар Алберт Шрӯдер дар анҷумани байналмилалии соли 1998

10. Чӣ тавр Ҳайати роҳбарикунанда имрӯз ба намунаи бародарони асри як пайравӣ мекунад?

10 Чи хеле дар боби гузашта гуфтем, Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува имрӯз мисли ҳайати роҳбарикунандаи асри як дар ҳар масъала аз Худои Таоло — Яҳува, ва сардори ҷамоатҳо — Исои Масеҳ роҳбарӣ меҷӯяд c (1 Қӯр. 11:3). Онҳо инро чӣ тавр мекунанд? Бародар Алберт Шрӯдер, ки хизматашро дар Ҳайати роҳбарикунанда соли 1974 сар карду моҳи марти соли 2006 ҳаёти заминиаш ба охир расид, гуфта буд: «Ҳайати роҳбарикунанда ҳар рӯзи чоршанбе ҷамъ меояд ва вохӯрии худро бо дуо сар карда аз Яҳува роҳбарӣ мепурсад. Бародарон ҳангоми дидани ҳар як масъала ва қабул кардани ҳар як қарор ба Каломи Худо рӯ меоранд». Бародар Милтон Ҳеншел низ, ки солҳои зиёд узви Ҳайати роҳбарикунанда буду моҳи марти соли 2003 ҳаёти заминиаш ба охир расид, дар нутқи худ ба хатмкунандагони синфи 101-уми Мактаби Ҷилъод чунин савол дод: «Оё шумо дар замин боз ягон ташкилотеро медонед, ки мисли Ҳайати роҳбарикунанда пеш аз қарори муҳим кардан аз Каломи Худо роҳнамоӣ ҷӯяд?» Ҷавоби ин савол маълум аст.

«Қарор доданд, ки... якчанд нафарро интихоб карда,.. фиристанд» (Корнома 15:22–29)

11. Ҳайати роҳбарикунанда ба ҷамоатҳо дар бораи қарораш чӣ тавр хабар дод?

11 Ҳайати роҳбарикунанда дар Ерусалим дар бобати хатна якдилона қарор баровард. Барои он ки дар ҷамоатҳо сулҳу ягонагӣ нигоҳ дошта шавад, ин қарорро бо муҳаббат ва фаҳмову равшан расондан лозим буд. Бародарон ин корро чӣ тавр карданд? «Расулон ва пирон ҳамроҳи аҳли ҷамоат қарор доданд, ки аз байнашон якчанд нафарро интихоб карда, бо Павлусу Барнаббо ба Антиохия фиристанд. Онҳо аз миёни бародарони пешқадам Сило ва Яҳудоро, ки ҳамчунин Барсаббо меномиданд, равона карданд». Онҳо қарори худро дар мактуб навишта, ба дасти ин бародарон доданд, то ки онро дар ҷамоатҳои Антиохия, Сурия ва Қилиқия ба бародару хоҳарон хонда диҳанд (Кор. 15:22–26).

12, 13. а) Фиристода шудани Яҳудову Сило ба ҷамоатҳо чӣ манфиат овард? б) Ба воситаи номаи ҳайати роҳбарикунанда аҳли ҷамоат чиро равшантар фаҳмиданд?

12 Яҳудою Сило, ки «аз миёни бародарони пешқадам» буданд, барои аз номи ҳайати роҳбарикунанда гап задан муносиб дониста шуданд. Хабаре, ки ин чор бародар расонданд, на танҳо ҷавоб ба саволи хатна, балки ҳамчунин дастуроти нави ҳайати роҳбарикунанда буд. Онҳо ёрдам карданд, ки масеҳиёни яҳудии Ерусалим бо масеҳиёни ғайрияҳудии дигар ҷойҳо ҳамфикру тифоқ бошанд. Дар ҳақиқат, фиристода шудани ин бародарон аз рӯйи хирад ва муҳаббат буд. Ин, бешубҳа, сулҳу ягонагии халқи Худоро қавитар кард.

13 Дар мактуб ба масеҳиёни ғайрияҳудӣ на танҳо дар бораи хатна, ҳамчунин дар бораи чӣ тавр ба даст овардани розигии Худо ва баракати ӯ равшан гуфта мешуд. Фикри асосии ин нома чунин буд: «Рӯҳи муқаддас ва мо қарор додем, ки ба гардани шумо боре нагузорем, ғайр аз ин амрҳои зарурӣ: аз қурбониҳо ба бутҳо, аз хун, аз гӯшти ҳайвони ҳароммурда ва аз зино парҳез кунед. Агар аз ин чизҳо канорагирӣ намоед, комёб мешавед. Саломат бошед!» (Кор. 15:28, 29).

14. Дар дунёе, ки пур аз ҷудоист, чӣ тавр дар байни халқи Худо сулҳу ягонагӣ имконпазир гашт?

14 Имрӯз дар байни халқи Худо, ки беш аз 8 000 000 нафар мебошанду зиёда аз 100 000 ҷамоатро ташкил медиҳанд, ягонагӣ дида мешавад. Онҳо як таълимот доранд ва дар саросари замин як корро иҷро мекунанд. Ин гуна ягонагӣ дар дунёи ноорому ҷудоизада чӣ хел имконпазир гашт? Пеш аз ҳама, ба шарофати дастуроти дақиқу равшани Сарвари ҷамоат Исои Масеҳ, ки ба воситаи «ғуломи бовариноку боандеша», яъне Ҳайати роҳбарикунанда, медиҳад (Мат. 24:45–47). Сабаби дигари сулҳу рафоқат ин ба дастурот итоат кардани ҷамоатҳо мебошад.

«Аз суханони қувватбахш... хурсанд шуданд» (Корнома 15:30–35)

15, 16. Ҷамоатҳо ба дастуроти ҳайати роҳбарикунанда чӣ хел муносибат намуданд ва барои чӣ?

15 Сипас дар китоби Корнома мехонем, ки, вақте Павлусу Барнаббо ва дигарон аз Ерусалим ба Антиохия расиданд, «ҳамаи бародаронро ҷамъ карда, номаро ба онҳо супориданд». Муносибати бародарони Антиохия ба дастуроти ҳайати роҳбарикунанда чӣ гуна буд? Онҳо «аз суханони қувватбахши он хурсанд шуданд» (Кор. 15:30, 31). Ғайр аз хондани нома, Яҳудою Сило «бародаронро бо суханрониҳои зиёд рӯҳбаланд карда, қувват бахшиданд». Азбаски он бародарон хости Худоро ошкор месохтанд, онҳо мисли Павлусу Барнаббо ва дигарон «пайғамбар» номида мешуданд (Кор. 13:1; 15:32; 2 Мӯсо 7:1, 2).

16 Равшан аст, ки Яҳува қарори ҳайати роҳбарикунандаро баракат дод, чунки тамоми ҷамоатҳо аз он хурсанд буданд. Сабаби хурсандии онҳо дар он буд, ки ҳайати роҳбарикунанда дастури аниқу саривақтие дод, ки дар асоси Каломи Худо ва роҳнамоии рӯҳи муқаддас буд. Ҳамчунин бародару хоҳарон хушҳол буданд, ки қарори ҳайати роҳбарикунанда бо меҳру муҳаббат ба онҳо расонда шуд.

17. Аз кадом ҷиҳат имрӯз нозирони ноҳиявӣ ба Павлусу Барнаббо ва Яҳудою Сило пайравӣ мекунанд?

17 Ба ин монанд, имрӯз низ Ҳайати роҳбарикунанда ба тамоми ҷамоатҳо сари вақт дастурот медиҳад. Вақте Ҳайати роҳбарикунанда қарор мебарорад, дар ин бора ба ҷамоатҳо дастуроти дақиқу равшан медиҳад, масалан, ба воситаи нозирони ноҳиявӣ. Ин нозирони фидокор ҷамоатҳоро хабар гирифта ба онҳо дастурҳоро мерасонанд ва бародару хоҳаронро рӯҳбаланд мекунанд. Онҳо мисли Павлусу Барнаббо вақти зиёдашонро дар хизмат сарф намуда дигаронро таълим медиҳанд ва «ҳамроҳи бародарони зиёд дар бораи каломи Яҳува хушхабарро» эълон мекунанд (Кор. 15:35). Инчунин нозирони ноҳиявӣ ба Яҳудою Сило пайравӣ намуда «бародаронро бо суханрониҳои зиёд» қувват мебахшанд.

18. Барои минбаъд ҳам аз баракати Худо баҳра бурдан аҳли ҷамоат бояд чӣ кор кунад?

18 Дар бораи ҷамоатҳо чӣ гуфтан мумкин аст? Дар ин дунёи пур аз ҷудоӣ сулҳу ягонагии ҷамоатҳоро чӣ пойдор месозад? Биёед суханонеро, ки Яъқуби шогирд баъдтар навишт, ба ёд орем: «Хираде, ки аз болост, аввалан пок аст, баъдан сулҳҷӯ, бомулоҳиза, фармонбардор... Самари росткорӣ бошад, барои сулҳҷӯён дар сулҳу осоиштагӣ кошта мешавад» (Яъқ. 3:17, 18). Мо аниқ намедонем, ки ҳангоми навиштани ин суханон Яъқуб дар бораи ҳамон вохӯрие, ки дар Ерусалим гузашт, фикр кард ё не. Вале аз омӯхтани боби 15-и Корнома фаҳмидем, ки, агар дар байни мо ягонагӣ бошаду ба дастуроти Яҳува итоат кунем, баракати ӯро соҳиб мешавем.

19, 20. а) Чӣ нишон медиҳад, ки дар ҷамоати Антиохия сулҳу ягонагӣ ҳукмфармо шуд? б) Павлусу Барнаббо бо чӣ кор машғул шуда метавонистанд?

19 Пас аз он ки бародарони Антиохия қарори ҳайати роҳбарикунандаро қабул карданд, дар ҷамоати онҳо сулҳу ягонагӣ ҳукмфармо шуд. Бародарони он ҷо бо бародароне, ки аз Ерусалим омаданд, баҳсу мунозира накарданд. Онҳо аз хабаргирии Яҳудову Сило миннатдор буданд. Дар ин бора мо мехонем: «Пас аз он ки якчанд вақт дар он ҷо монданд, бо онҳо хайрухуш карда, назди бародароне, ки онҳоро фиристода буданд, баргаштанд» d (Кор. 15:33). Бешубҳа, вақте ки бародарони Ерусалим аз Силою Барнаббо дар бораи сафарашон хабарҳои тозаро шуниданд, бисёр хушҳол шуданд. Гуфтан мумкин аст, ки онҳо дар иҷрои супориши худ аз рӯйи лутфу марҳамати Яҳува комёб гаштанд.

20 Баъди он ки масъалаи хатна ҳал шуд, Павлусу Барнаббо дар Антиохия монданд. Онҳо акнун метавонистанд, ки ба кори мавъиза камар баста онро пеш баранд. Дар рӯзҳои мо низ нозирони ноҳиявӣ ҷамоатҳоро хабар гирифта ба мисоли онҳо пайравӣ мекунанд (Кор. 13:2, 3). Онҳо ба монанди Павлусу Барнаббо барои халқи Яҳува як баракатанд! Аз боби навбатӣ мефаҳмем, ки чӣ хел Яҳува минбаъд ин ду воизи боғайратро дар кори худ истифода бурда баракат медиҳад.

Имрӯз низ Ҳайати роҳбарикунанда ва намояндагонаш халқи Худоро раҳнамоӣ мекунанд

a Нигаред ба чорчӯбаи « Яъқуби бародари Ҳазрат».

b Яъқуб ба навиштаҳои Мӯсо ишора карда хирадмандона амал намуд, зеро он на танҳо Шариати Мӯсоро дар бар мегирифт. Дар он ҳамчунин воқеаҳое оварда шудаанд, ки назару талаботи Худоро хеле пеш аз ба вуҷуд омадани Шариати Мӯсо нишон медиҳанд. Масалан, дар китоби 1 Мӯсо назари Худо нисбати хун, зино ва бутпарастӣ аниқу равшан оварда шудааст (1 Мӯсо 9:3, 4; 20:2–9; 35:2, 4). Яҳува мехоҳад, ки тамоми одамизод, хоҳ яҳудӣ бошад, хоҳ ғайрияҳудӣ, аз рӯйи ин меъёрҳо амал намояд.

d Дар баъзе тарҷумаҳои Китоби Муқаддас, масалан, дар тарҷумаи Мордахай Бачаев, дар ояти 34 гуфта мешавад, ки Сило гӯё дар Антиохия истоданӣ шуд. Лекин, аз афташ, ин суханон баъди навишта шудани китоби Корнома илова шуданд.