Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Суруди 8

Шоми ёдбуд

Шоми ёдбуд

(Матто 26:26–30)

1. Падари мо, ки дар осмонӣ,

Муқаддастарин аст ин шом!

Чордаҳуми нисон гашт шӯҳратат аён,

Хирад, муҳаббат ҳамчунон.

Барраи фисҳ қавми Ту бихӯрд,

Баъд ёфт Исроил озодӣ.

Асрҳо пас чунин шуд, Исо рехт хуни худ,

То иҷро шавад ин пешгӯӣ.

2. Мо чун гӯсфандони рамаат

Ҷамъ омадем ба назди Ту,

То мо гӯем сано, ки Ту додӣ Исо,

Ва намоем васф номи Ту.

Ин Шоми ёдбуд нигоҳ дорем

Дар дил ва дар ёди худ мо.

Абадӣ хоҳем зист, ин умед воқеист,

Гар Масеҳ аст ба мо роҳнамо.

(Ҳамчунин нигаред ба Луқ. 22:14–20; 1 Қӯр. 11:23–26.)