Суруди 20
Вохӯриҳои моро баракат деҳ
1. Ҳар як вохӯрии моро
Баракат деҳ, эй Худо.
Гӯем шукрона ва бигзор
Бошад рӯҳи Ту бо мо.
2. Моро, Яҳува, тоза кун,
Бо Каломат соз моҳир.
Ёд деҳ, ки хабарат гӯем,
Бикун меҳр дар мо ҷойгир.
3. Эй Падар, ба мо ато кун
Сулҳу осоиштагӣ.
Бигзор дар амал мо Туро
Бикунем тарафдорӣ.
(Ҳамчунин нигаред ба Заб. 21:23; 33:4; Иш. 50:4.)