Суруди 15
Офаридаҳо Яҳуваро ҷалол медиҳанд
(Забур 18)
1. Худои ман, дарк мекунам пурра,
Ки васфат кунад ҳар як ситора.
Ҳар рӯзу шаб бе ҳарф роз мегӯянд,
Ба ҳалимон ҷалолат сароянд.
Ҳар рӯзу шаб бе ҳарф роз мегӯянд,
Ба ҳалимон ҷалолат сароянд.
2. Ситорагон, офтобу моҳ аз Туст,
Мондаӣ ҳад ба баҳру уқёнус.
Аъмоли Ту бузург аст ин қадар,—
Чӣ ҳаст инсон, ки мекунӣ назар?
Аъмоли Ту бузург аст ин қадар,—
Чӣ ҳаст инсон, ки мекунӣ назар?
3. Аҳкоми Ту ҳаст поку муқаддас.
Пандҳоят ҳар рӯз мекунӣ ёдрас,
Ва ҳастанд беҳ аз ҳар гуна тилло,
Гар кунад гӯш, кас мегардад доно.
Ва ҳастанд беҳ аз ҳар гуна тилло,
Гар кунад гӯш, кас мегардад доно.
(Ҳамчунин нигаред ба Заб. 11:7; 88:8; 143:3; Рум. 1:20.)