Суруди 21
Хушбахтанд раҳмдилон!
1. Хушбахтанд раҳмдилон бешакк,
Азизанд ба Худои ҳақ.
Онҳо ба ҳама мегӯянд:
«Аз раҳм ҳаст Яҳува хурсанд».
Худо сохт раҳми худ аён,
Масеҳро вақте кард қурбон.
Аз раҳмаш моро мебахшад,
Мо сустем — нағз Ӯ медонад.
2. Гар бошем чун Худо раҳим,
Мо хоҳем ёфт дар дил таскин.
Исо ҳаст мададгорамон,
Ӯ созад пок виҷдонамон.
Азбаски кард Худо эҳсон,
Дар ҳар ҷо гӯем мо пайғом,
«Шодӣ бикунед, эй мардум,
Ки омад Салтанат акнун!»
3. Аз меҳр ба ҳалимон Худо
Ҳаётро хоҳад кард ато.
Дар рӯзи ҳукм бар ин ҷаҳон,
Ба ёд орад некиашон.
Пас, кунем раҳмдилӣ пеша,
То давонад дар дил реша.
Дошта Худоро дар хотир,
Мо ҳар рӯз кунем раҳм зоҳир.
(Ҳамчунин нигаред ба Луқ. 6:36; Рум. 12:8; Яъқ. 2:13.)