Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Суруди 29

Дар беайбӣ роҳ рав

Дар беайбӣ роҳ рав

(Забур 25)

1. Худои ман, Ту довариам кун

Ва бин, ки роҳ рафтам дар беайбии худ.

Ту маро санҷ, ба роҳам деҳ диққат,

Ботинам бигудоз, то ёбам баракат.

(НАҚАРОТ)

Кардам қарор, ки бошам устувор

Дар беайбиам ман, то даме зиндаам.

2. Нанишастам бо шахси каҷгуфтор,

Аз бадбинони адл ман ҳастам дар канор.

Бо бадкирдор барнакан умри ман,

Бо оне ки дастҳояш пур аст аз ситам.

(НАҚАРОТ)

Кардам қарор, ки бошам устувор

Дар беайбиам ман, то даме зиндаам.

3. Хонаатро ман хеле дӯст дорам

Ва ибодататро ман дастгирӣ кунам.

Беист гашта дар гирди қурбонгоҳ,

Баланд гӯямат шукр, то шунавад дунё.

(НАҚАРОТ)

Кардам қарор, ки бошам устувор

Дар беайбиам ман, то даме зиндаам.

(Ҳамчунин нигаред ба Заб. 24:2.)