Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Суруди 2

Раҳмат ба Ту, Яҳува

Раҳмат ба Ту, Яҳува

(1 Таслӯникиён 5:18)

1. Раҳмат, Яҳува, ба Ту гӯем беист,

Ки мепошӣ нурат, то кунем зист.

Раҳмат, ки имкон дорем гӯем дуо,

Ба Ту ин тавр кунем холӣ дилҳо.

2. Раҳмат, Яҳува, ки Писарат Исо,

Бе тарс бо имон кард мағлуб дунё.

Раҳмат, ки мо дорем аз Ту ҳидоят,

То хостат иҷро кунем дар хизмат.

3. Раҳмат, Падарҷон, ки додаӣ имкон,

Ошкор созем номат ба ҳамагон.

Раҳмат, ки қариб аст анҷоми азоб

Ва Шоҳат ато диҳад беҳисоб.

(Ҳамчунин нигаред ба Заб. 49:14; 94:2; 146:7; Қӯл. 3:15.)