Суруди 35
Барои пурсабрии Худо сипосгузорем
1. Ту, Яҳува, бузург дар қудрат,
Ҳастӣ дӯстдори адолат.
Пур аз бадӣ гашта замин,
Месозад Туро ин ғамгин.
Дер кунӣ гӯянд баъзе касон,
Лекин наздик аст вақти анҷом.
Туро сипосгузорем мо,
Номатро гӯем доим сано.
2. Дар чашми Ту ҳазор сол чун рӯз.
Ҳастӣ пурсабр ва ҳам дилсӯз.
Рӯзи бузургат ҳаст қариб,
Хоҳад он омад бе таъхир.
Созадат гунаҳкор озурда,
Лек гардӣ шод, чун кунад тавба.
Туро сипосгузорем мо,
Номатро гӯем доим сано.
(Ҳамчунин нигаред ба Нҳё. 9:30; Луқ. 15:7; 2 Пет. 3:8, 9.)