Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Суруди 47

Хушхабарро мавъиза менамоем

Хушхабарро мавъиза менамоем

(Ваҳй 14:6, 7)

1. Асрҳо одамизод буд дар зулмоти тор,

Лек ҳоло сир оиди Насл гашта ошкор.

Худо аз рӯи марҳамату адолат

Ба ҳоли одамон зоҳир карда шафқат,

Мақсад монд, ки Писараш бишавад ҳукмрон

Ва Подшоҳии худ барпо кунад дар осмон.

Ӯ ба Писари худ арӯсро кард пайдо,

Шахсони интихобшударо дод ҷалол.

2. Паёми хушро ҳар рӯз кунем мавъиза,

Дар ин вақт бояд донанд хости Яҳува.

Ҳамроҳи мо шодӣ кунанд фариштагон,

Инҷили абадиро намуда эълон.

Мо қарз донем ва фахр кунем дар ин рӯзҳо,

Ки номи поки Ӯро гӯем беист сано.

Мо сарбаландем, ки чун халқи Яҳува,

Хабари хушро менамоем мавъиза.

(Ҳамчунин нигаред ба Марқ. 4:11; Аъм. 5:31; 1 Қӯр. 2:1, 7.)