Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Суруди 48

Ҳар рӯз бо Яҳува роҳ меравем

Ҳар рӯз бо Яҳува роҳ меравем

(Мико 6:8)

1. Бо Худои худ мо ҳар рӯз

Хоҳем роҳ рафт фурӯтанона.

Ҷӯяндаи адолатро

Ӯ дӯст дорад падарворона.

Яҳува дароз кард дасташ,

То ки бидиҳад ёрӣ.

Пас, ба Ӯ мо худро бахшем,

Кунем Ӯро тарафдорӣ.

2. Дар ин тартиботи баде,

Ки анҷомаш ояд бетаъхир,

Ҳаст душман зиёд, аз ин рӯ

Шояд тарс дар мо шавад ҷойгир,

Лекин кунад Яҳува ҳифз,

Истем пас дар бари Ӯ,

То абад хизматаш кунем,

Ҳеҷ гоҳ натобем аз Ӯ рӯ.

3. Кард пешкаш Худо кӯмакаш

Тавассути рӯҳаш ва Калом,

Ҳам тариқи ҷамъомаду

Шунидани дуоҳоямон.

Бо Худо ҳамроҳ гар бошем,

Ёд гирем мо росткорӣ,

Некӯиро дӯст дорему

Роҳ равем бо фурӯтанӣ.

(Ҳамчунин нигаред ба Ҳас. 5:24; 6:9; 3 Подш. 2:3, 4.)