Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Суруди 49

Яҳува паноҳгоҳи мост

Яҳува паноҳгоҳи мост

(Забур 90)

1. Худо, ки паноҳгоҳ аст,

Ба Ӯ кунем такя.

Ва ҳар рӯз зери болаш

Мо ҷӯем ҳимоя.

Ӯ хоҳад кард муҳофизат,

Ҳаст дасташ хеле пурқувват.

Одил ба сӯяш давад,

Зеро ҳаст Худо чун қалъа.

2. Гар афтанд ҳазорҳо ҳам

Дар гирду пеши ту,

Худо ҳифз кунад туро

Миёни халқи худ.

Аз ваҳм ту наларз шабона,

Аз тир, ки парад рӯзона.

Тайёр аст дастат гирад,

Зеро ҳаст Худо дӯсти ту.

3. Аз доми сари роҳат

Худо кунад халос.

Ба санг назанад поят

Аз тарсу аз ҳарос.

Ҳам нахоҳӣ дошт тарс аз шер,

Бо поят морро кунӣ зер.

Бичасп ба Яҳува, ки

Паноҳгоҳи ҳар яки мост.

(Ҳамчунин нигаред ба Заб. 96:10; 120:3, 5; Иш. 52:12.)