Суруди 51
Ба Яҳува бичасп
1. Худо Яҳува ба санову ҳамд шоён аст.
Дар ҳама корҳояш инсофу адл аён аст.
Ягон ҳарфи Ӯ ҳаргиз наравад барбод.
Ту ба Яҳува часп ва бидораш дар ёд.
Гар роҳаш қабул кунӣ, мешавӣ комёб.
2. Ҳаст меҳр, адолат ва ростӣ асоси тахташ,
Ҷалол ва шӯҳрат иҳота карда маконаш.
Шодон ҳалимон сӯяш ҳастанд равона.
Ту ба Яҳува часп, ба Офаринанда.
Ӯ ҳаст ибодату ҳурматро арзанда.
3. Олам наметавонад ғунҷонад Худоро.
Душман нест қодир гирад пеши роҳи Ӯро.
Ӯ ҳар як ваъдаашро мекунад иҷро.
Ту ба Яҳува часп ва хосташ ор ба ҷо.
Мудом мустаҳкам соз дӯстиат бо Худо.
(Ҳамчунин нигаред ба Такр. Ш. 4:4; 30:20; 4 Подш. 18:6; Заб. 88:15.)