Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Суруди 52

Дили худро ҳифз намо

Дили худро ҳифз намо

(Масалҳо 4:23)

1. Маҳфуз дор доим дили худ,

Дар он ҳаёти туст.

Худо ҳар дилро мебинад,

Ки он бад ё некӯст.

Дил гоҳе мегардад маккор

Ва месозад гумроҳ,

Аз ин рӯ бар хирад ба кор,

Бош бо Худо ҳамроҳ.

2. То бошад дили ту ҳушёр,

Дуо гӯй мунтазам.

Сано ва шукр Худоро гӯй,

Ошкор кун ҳар як ғам.

Таълими Яҳуваро мо

Чун намоем қабул,

Содиқ бимонад дили мо,

Ба Ӯ шавем мақбул.

3. Дар дил ҷойгир кун фикри нек,

Бадиро намо рад.

Гар омӯзем Калом мудом,

Он медиҳад қувват.

Мо медонем, ки ҳар содиқ,

Азиз аст ба Худо,

Пас бикӯш, зеро надорад

Дӯстиаш интиҳо.

(Ҳамчунин нигаред ба Заб. 33:2; Фил. 4:8; 1 Пет. 3:4.)