Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Суруди 68

Дуои шахси рӯҳафтода

Дуои шахси рӯҳафтода

(Забур 4:1)

1. Ман гӯям шабу рӯз дуо,

Ту бишнав, эй Худо!

Хаста шудам аз бори ғам,

дил пур аст аз захмҳо.

Ҳаётам талх аст, ҳастам ман

маъюсу ноумед,

Худоям, бикун ин шаби

сиёҳи ман сафед.

(НАҚАРОТ)

Худои ман, кун марҳамат,

Дардамро бин, бидеҳ қувват.

Дур кун шубҳа, ноумедӣ,

Бидеҳ шодӣ ва некрӯзӣ.

2. Заиф гар бошам, ёбам тасалло

ман аз Калом,

Тамоми дарди диламро

он месозад баён.

Зорӣ дорам имонамро

Ту бикун қавитар,

Ман медонам, ки ҳастӣ Ту

аз дилам бузургтар.

(НАҚАРОТ)

Худои ман, кун марҳамат,

Дардамро бин, бидеҳ қувват.

Дур кун шубҳа, ноумедӣ,

Бидеҳ шодӣ ва некрӯзӣ.