Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Суруди 85

Подоши нек аз ҷониби Яҳува

Подоши нек аз ҷониби Яҳува

(Рут 2:12)

1. Худо Яҳува ҳаст амину ғамхор

ба ҳар касе ҳаст фидокор,

Ба касе ки баҳри хизмат гузарад

аз баҳри чизҳои бисёр.

Гар тарк кардед хешу табор ё дӯстон,

Худо хоҳад дод садчандон.

Шумо мечашед баракат беҳисоб

ва умр хоҳед дид ҷовидон.

(НАҚАРОТ)

Яҳува диҳадат подоши нек,

Пеши Ӯ нест меҳнатат бар абас.

Дар зери болаш паноҳ ёбӣ,

Ӯ дӯст дорад туро, диҳад баракат.

2. Аз бори ғамҳову ташвиши рӯзгор

гоҳ шавад қоматамон хам.

«Мадори бардошт дигар надорам ман»,—

мо гӯем бо чашми пурнам.

Бикшо дарди дилат мудом ба Худо,

Ӯ диҳад ҳатман тасаллӣ.

Бо рӯҳу Калом ва дӯстони ҷонӣ

Худо туро диҳад ёрӣ.

(НАҚАРОТ)

Яҳува диҳадат подоши нек,

Пеши Ӯ нест меҳнатат бар абас.

Дар зери болаш паноҳ ёбӣ,

Ӯ дӯст дорад туро, диҳад баракат.

(Ҳамчунин нигаред ба Дов. 11:38-40; Иш. 41:10.)