Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Суруди 104

Яҳуваро бо мо ҳамд гӯй

Яҳуваро бо мо ҳамд гӯй

(Забур 145:2)

1. Ба Яҳува

ҳамд гӯ бо мо,

зеро ки Ӯ додааст неъматҳо.

Исмашро мо

кунем сано,

хонем суруд мо дар васфи Худо,

Ӯ дар эҳсону шафқат беҳамто.

2. Лутф намуда

диҳад ҷавоб

ба дуоҳои садоқатмандон.

Ба ҳар заиф

диҳад мадад,

бо рӯҳулқудси худ бахшад қувват.

Мо аз қудраташ диҳем шаҳодат.

3. Ба Худованд

ҳамд гӯ бо мо!

Созад беному нишон бадиҳо.

Ҳукм ронад Ӯ

бо адолат,

диҳад ба ҳама башар баракат,

Ҳамд гӯ Худоро бо ҷаҳду ғайрат!