Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Суруди 132

Суруди ғалаба

Суруди ғалаба

(Хуруҷ 15:1)

1. Ҳамду сано бод Худои бузург Яҳуваро —

Сипоҳи Мисрро кард торумору зери об.

Парвардигоро, Худои бемислу ҳамтоӣ,

Аз дастат гашт хароб душманони беҳисоб.

(НАҚАРОТ)

Аз ҳама пурзӯртару воло,

Яқин аст, танҳо Туӣ, Яҳува.

Бар душманонат шавӣ дастболо,

Дар ҷангат кунӣ ғалаба.

2. Мисли фиръавнанд халқҳое, ки зидди Худоянд.

Онҳоро низ Ӯ созад шармсору сарнагун.

Номи бузургат тамоми замин хоҳад донист

Дар рӯзи пуршукӯҳ, ҷанги Ту — Ҳармаҷиддун.

(НАҚАРОТ)

Аз ҳама пурзӯртару воло,

Яқин аст, танҳо Туӣ, Яҳува.

Бар душманонат шавӣ дастболо,

Дар ҷангат кунӣ ғалаба.

(Ҳамчунин нигаред ба Заб. 2:2, 9; 91:8; Мал. 3:6; Ваҳй 16:16.)