Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Суруди 57

Андешаҳои дили ман

Андешаҳои дили ман

(Забур 18:15)

1. Ман хоҳам, ки, эй Худованд,

андешаҳои дили ман

Писандат оянд доимо

ва бошанд маро роҳнамо.

Ҳангоми ғаму ташвишҳо,

андар шабҳои бехобӣ,

Кош, ёди Ту ояд ба дил,

фикрҳоят бахшанд оромӣ.

2. Бар он чи пок асту дуруст,

бар он чи рост асту некӯст,

Ҳар рӯз мулоҳиза ронда,

ман гардам шоду осуда.

Андешаҳот гаронбаҳост,

ба мисли даҳр беинтиҳост.

Хонда онҳоро аз Калом,

ҷойгир кунам дар мағзи ҷон.

(Ҳамчунин нигаред ба Заб. 48:4; 62:7; 138:17, 23; Флп. 4:7, 8; 1 Тим. 4:15.)