Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҚИСМИ 10

Ҳукмронии хирадмандонаи Сулаймон

Ҳукмронии хирадмандонаи Сулаймон

Яҳува ба шоҳ Сулаймон дили бохирад ато мекунад; ҳукмронии Сулаймон ба исроилиён сулҳу осоиштагӣ ва нашъунамои бемислу монанд меорад

АГАР тамоми халқ ва ҳокими он ба Яҳува чун ба ҳокими Даҳр итоат кунанд ва қонунҳои Ӯро риоя намоянд, ҳаёти онҳо чӣ гуна хоҳад буд? Ҷавоби ин савол аз ҳукмронии 40-солаи шоҳ Сулаймон маълум гашт.

Довуд пеш аз маргаш, писараш Сулаймонро вориси тахт таъин кард. Худо дар хоби Сулаймон зоҳир гардида пурсид, ки вай аз Ӯ чӣ мехоҳад. Сулаймон аз Худо донишу хирад пурсид, то ки халқро аз рӯи адолат ва хирад доварӣ кунад. Яҳува аз ин хурсанд шуд ва ба ӯ дили пурҳикмат ва бохирад дод. Инчунин Яҳува ба Сулаймон ваъда дод, ки агар аҳкомҳои Ӯро риоя кунад ба вай сарват, ҷалол ва умри дароз ато мекунад.

Сулаймон бо довариҳои хирадмандонааш машҳур гашт. Як рӯз, ду зан барои кӯдаки навзоде баҳс мекарданд. Ҳар кадоми онҳо кӯдакро аз они худ мегуфтанд. Сулаймон фармон дод, ки кӯдакро ду пора карда, нисфашро ба яке ва нисфи дигарашро ба дигаре диҳанд. Зани якум ба пора кардани бача розӣ шуд, вале модари ҳақиқӣ бошад, даррав илтиҷо кард, ки кӯдакро ба он зан диҳанд. Акнун Сулаймон фаҳмид, ки зани раҳмдил модари кӯдак будааст ва кӯдакашро ба ӯ баргардонданд. Баъд тамоми исроилиён дар бораи ин доварӣ шуниданд ва диданд, ки ба Сулаймон хиради Худо ато шудааст.

Яке аз дастовардҳои бузургтарини Сулаймон сохтмони маъбади Худо дар Ерусалим буд — бинои бузурге, ки дар Исроил чун маркази ибодат хизмат мекард. Ҳангоми кушодашавии маъбад, Сулаймон дар дуо ба Яҳува чунин гуфт: «Охир, осмон ва фалакулафлок наметавонад Туро ғунҷоиш диҳад, чӣ ҷои ин хонае ки ман бино кардаам!» (3 Подшоҳон 8:27).

Овоза дар бораи шӯҳрати Сулаймон ба бисёр мамлакатҳо, ҳатто то ба Сабо, ки дар Арабистон ҷойгир буд, паҳн гашт. Маликаи Сабо ба Ерусалим омад, то ки шӯҳрат ва боигарии Сулаймонро бубинад ва бо додани саволҳои душвор хиради ӯро бисанҷад. Хиради Сулаймон ва нашъунамои Ерусалим маликаро чунон ба ҳайрат гузошт, ки ӯ Яҳуваро барои бар тахт гузоштани чунин шоҳи бохирад, ҳамду сано гуфт. Яҳува ҳукмронии Сулаймонро баракат дод, барои ҳамин дар тамоми таърихи Исроили қадим роҳбарии ӯ аз ҳама тинҷу ором ва бомуваффақият буд.

Афсӯс, ки Сулаймон дигар хиради Яҳуваро қадр намекард. Ӯ аҳкоми Худоро рад карда, барои худ садҳо занон гирифт, ки бисёриашон худоёни бегонаро ибодат мекарданд. Оҳиста–оҳиста занонаш дили ӯро аз Яҳува дур карданд ва ӯ оқибат ибодат кардани бутҳоро сар кард. Яҳува ба Сулаймон гуфт, ки салтанат аз ӯ гирифта мешавад, вале ба хотири падараш Довуд, қисми хурди салтанат ба оилаи ӯ мемонад. Гарчанд Сулаймон Худои ҳақиқиро тарк кард, Яҳува ба аҳди худ дар бораи Салтанат, ки бо падари ӯ Довуд, баста буд, вафо кард.

Бар 3 Подшоҳон аз боби 1 то 11, 2 Вақоеънома аз боби 1 то 9 ва Такрори Шариат 17:17 асос ёфтааст.