Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҚИСМИ 17

Исо дар бораи Салтанати Худо таълим медиҳад

Исо дар бораи Салтанати Худо таълим медиҳад

Исо ба шогирдонаш бисёр чизҳоро таълим медиҳад, лекин мавзӯи асосии мавъизаи ӯ — Салтанати Худо мебошад

БАРОИ ЧӢ Исо ба замин омад? Ӯ гуфт: «Ман бояд... аз Малакути Худо башорат диҳам, чунки барои ҳамин фиристода шудаам» (Луқо 4:43). Чӣ хеле ки маълум аст, мавзӯи асосии мавъизаи Исо, ин хабар оиди Малакут ё Салтанат буд. Биёед чор ҷиҳати ин мавзӯъро дида бароем.

1. Исо Подшоҳи Таъиншуда аст. Исо рӯирост баён кард, ки ӯ Масеҳи пешгӯишуда мебошад (Юҳанно 4:25, 26). Инчунин Исо гуфт, ки ӯ ҳамон Подшоҳе хоҳад буд, ки Дониёл дар рӯъё дида буд. Исо ба расулонаш гуфт, ки ҳамон рӯзе ки ӯ «бар тахти ҷалоли Худ» менишинад, онҳо низ бар тахтҳо хоҳанд нишаст (Матто 19:28). Ӯ ҳамроҳонашро «рамаи хурд» номид ва хотиррасон намуд, ки «гӯсфандони дигар» низ дорад, ки ба ин гурӯҳ дохил намешаванд (Луқо 12:32; Юҳанно 10:16).

2. Салтанати Худо адолати ҳақиқиро пойдор хоҳад кард. Исо гуфт, ки Салтанати Худо беадолатии азимро бартараф мекунад — он исми Худоро муқаддас мегардонад ва исми Ӯро аз доғ пок месозад, зеро Шайтон Худоро аз давраи исён дар боғи Адан бадном карда буд (Матто 6:9, 10). Исо бе дурӯягӣ ҳамаро таълим медод, ҳам зану ҳам мард ва ҳам бою ҳам камбағалонро. Гарчанд Исо барои исроилиён фиристода шуда буд, лекин ӯ аз сомариён ва аз дигар халқҳо низ кӯмаки худро дареғ намедошт. Исо баръакси сарварони динии он замона ба ҳама бе ягон дурӯягӣ муносибат мекард.

3. Салтанати Худо бо ин ҷаҳон ягон алоқамандие нахоҳад дошт. Исо дар замоне, ки аз ҷиҳати сиёсӣ ноором буд, зиндагӣ мекард. Ватани ӯ зери ҳукмронии давлатҳои хориҷӣ қарор дошт. Аммо вақте ки одамон ӯро подшоҳ карданӣ буданд, вай аз назди онҳо рафт (Юҳанно 6:14, 15). Исо ба як ҳоким гуфт: «Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест» (Юҳанно 18:36). Ба шогирдонаш муроҷиат намуда гуфт: «Шумо аз ҷаҳон нестед» (Юҳанно 15:19). Ӯ ба шогирдонаш истифода бурдани яроқро иҷозат надод, ҳатто ҳамон вақте ки онҳо ӯро ҳимоя карданӣ буданд (Матто 26:51, 52).

«Ӯ дар шаҳрҳо ва деҳот гашта, мавъиза мекард ва Малакути Худоро башорат медод» (Луқо 8:1)

4. Ҳукмронии Масеҳ бар муҳаббат асос меёбад. Исо ваъда дод, ки одамонро таровату оромӣ хоҳад бахшид ва бори гаронашонро сабук хоҳад кард (Матто 11:28–30). Ӯ ба ваъдааш вафо кард. Маслиҳатҳои бебаҳои ӯ аз рӯи муҳаббат буданд. Исо мефаҳмонд, ки чӣ тавр онҳо метавонанд аз ташвиши зиёдатӣ дар канор бошанд, муносибатро беҳтар гардонанд, ба доми чизпарастӣ наафтанд ва чӣ гуна хушбахтии ҳақиқиро ба даст оранд (Матто 5–7). Ӯ дастрас буд, чунки шахсан муҳаббат зоҳир мекард. Аз ин рӯ, одамони гуногун — рӯҳафтодагон ва бечорагон тӯда–тӯда ба назди ӯ ҷамъ меомаданд. Одамон медонистанд, ки Исо бо онҳо меҳрубонона муносибат мекунад ва қадру қимматашонро медонад. Дар ҳақиқат Исо Подшоҳи олиҷаноб хоҳад буд!

Исо дар бораи Салтанати Худо мавъиза карда, на танҳо одамонро таълим медод, балки мӯъҷизаҳо мекард. Бо кадом мақсад? Биёед инро дида мебароем.

Бар китоби Матто, Марқӯс, Луқо ва Юҳанно асос ёфтааст.