Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҚИСМИ 18

Исо мӯъҷизаҳо мекунад

Исо мӯъҷизаҳо мекунад

Мӯъҷизаҳои Исо нишон медиҳанд, ки ӯ дорои чӣ гуна қудрат мегардад, вақте ки Подшоҳ мешавад

ХУДО ба Исо қобилияти иҷро кардани корҳоеро додааст, ки одамон ба он қодир нестанд. Исо мӯъҷизаҳои зиёде мекард — бисёр вақт дар назди тӯдаи одамон. Мӯъҷизаҳои Исо исботи онанд, ки ӯ бар душманон ғолиб омада метавонад ва вазъиятҳоеро бартараф хоҳад кард, ки одамони нокомил барои ҳал кардани он қодир нестанд. Баъзе мисолҳоро дида мебароем.

Гуруснагӣ. Исо ду маротиба ҳазор нафарро бо якчанд моҳӣ ва нон сер кард. Дар ҳар ду маврид ҳам, хӯрок зиёду барзиёд буд. Як вақт Исо обро ба шароб табдил дод, ки ин мӯъҷизаи аввалини ӯ буд.

Беморӣ. Исо мардумро аз «ҳар беморӣ ва ҳар дард» шифо мебахшид (Матто 4:23). Ӯ нобиноёну гунгон, маъюбону лангон, махавиён ва касоне, ки гирифтори масрӯъ (эпилепсия) ва фалаҷ буданд, шифо мебахшид. Исо тамоми дардҳоро шифо дода метавонист.

Офатҳои табиӣ. Рӯзе Исо ва шогирдонаш дар баҳри Ҷалил шино мекарданд. Ногаҳон тундбоди шадиде бархост ва шогирдон аз ин сахт ба ҳарос омаданд. Исо ба баҳр амр дод: «Хомӯш шав ва ором бош». Ва оромии том фаро гирифт (Марқӯс 4:37–39). Боз як рӯзи дигар, вақте ки тӯфони сахт буд Исо бар рӯи об оромона роҳ мерафт (Матто 14:24–33).

Рӯҳҳои бад. Ин душманони ашаддии Худо аз ҳар одам пурзӯртаранд. Барои ҳамин одамон аз таъсири бади онҳо қудрати озод шуданро надоранд. Исо маротибаҳои зиёд ба рӯҳҳои бад амр дод, ки одамонро тарк кунанд ва онҳоро ором гузоранд. Ӯ аз онҳо наметарсид. Баръакс рӯҳҳои бад аз Исо метарсиданд ва қудрати ӯро эътироф мекарданд.

Марг. Дар асл марг «душмани охирин» аст ва ягон одам бар он ғолиб баромада наметавонад (1 Қӯринтиён 15:26). Исо бошад, мурдагонро зинда мекард. Масалан, ӯ писари бевазан ва духтарчаи падару модари мотамзадаро зинда кард. Ҳамчунин Исо дар пеши чашми ҳама дӯсти азизаш Лаъзорро, ки чор рӯз пеш мурда буд, зинда намуд. Ин мӯъҷизаи ғайриоддие буд! Ҳатто душманони ашаддии Исо рад намекарданд, ки ӯ ин мӯъҷизаро ба амал овард (Юҳанно 11:38–48; 12:9–11).

Чаро Исо мӯъҷиза нишон медод? Ба онҳое ки ӯ кӯмак карда буд, магар оқибат намурданд? Бале мурданд, аммо мӯъҷизаҳои Исо исботи он гардиданд, ки тамоми пешгӯиҳои аҷиб дар бораи ҳукмронии Салтанати Масеҳоӣ албатта иҷро хоҳанд шуд. Подшоҳи аз тарафи Худо таъиншуда бар гуруснагӣ, беморӣ, офатҳои табиӣ, рӯҳҳои бад ва бар марг ғолиб хоҳад омад. Ҳамаи ин бешубҳа иҷро хоҳад шуд, чунки Исо бо мӯъҷизаҳои худ нишон дод, ки ӯ аз ҷониби Худо қудрат дорад.

Бар китоби Матто, Марқӯс, Луқо ва Юҳанно асос ёфтааст.