Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҚИСМИ 24

Павлус ба ҷамъомадҳо нома менависад

Павлус ба ҷамъомадҳо нома менависад

Павлус масеҳиёни асри якро қавӣ мегардонад

ҶАМЪОМАДИ ба карибӣ ташкилшуда, бояд дар иҷро шудани иродаи Худо нақши муҳимро мебозид. Аммо масеҳиёни асри як ба зудӣ ба таъқибот дучор шуданд. Оё ин масеҳиён ба таъқиботҳои аз ҷамъомад берун ва проблемаҳои дохили он нигоҳ накарда, содиқиро ба Худо нигоҳ медоранд? Навиштаҳои Юнонӣ 21 номаро дар бар гирифта, насиҳатҳои заруриро пешкаш мекунанд ва сарчашмаи рӯҳбаландӣ мебошанд.

Павлуси расул 14-тои ин номаро навишт — аз Румиён то Ибриён. Номи ин номаҳо аз куҷо асос меёбанд? Азбаски ин номаҳо ба шахс ва ба ҷамъомад навишта шуда буданд, аз ин рӯ ба номи онҳо номгузорӣ шудаанд. Биёед баъзе мавзӯи номаҳои Павлусро дида бароем.

Ахлоқ ва рафтор. Онҳое ки зино ва дигар гуноҳҳои азимро содир мекунанд, «Малакути Худоро мерос нахоҳанд гирифт» (Ғалотиён 5:19–21; 1 Қӯринтиён 6:9–11). Ходимони Худо аз кадом миллате ки набошанд, бояд ягонагиро нигоҳ доранд (Румиён 2:11; Эфсӯсиён 4:1–6). Онҳо бояд ба ҳамимононе, ки ба кӯмак ниёз доранд аз дилу ҷон ғамхорӣ кунанд (2 Қӯринтиён 9:7). Павлус маслиҳат медиҳад: «Пайваста дуо гӯед». Павлуси расул масеҳиёнро бармеангезад, ки андешаҳои ниҳонии худро ба Яҳува иброз кунанд (1 Таслӯникиён 5:17; 2 Таслӯникиён 3:1; Филиппиён 4:6, 7). Барои он ки Худо онҳоро шунавад, бояд бо имон ба Ӯ муроҷиат кунанд (Ибриён 11:6).

Барои мустаҳкам будани оилаҳо чӣ кӯмак мерасонад? Шавҳар бояд зани худро мисли ҷисми худ дӯст дорад. Занро лозим аст, ки шавҳари худро эҳтиром намояд. Фарзандон бояд падару модарашонро гӯш кунанд, чунки ин ба Худо маъқул аст. Волидон дар тарбияи фарзандон бояд муҳаббат зоҳир кунанд ва маслиҳатҳои Каломи Худоро ба кор баранд (Эфсӯсиён 5:22–6:4; Қӯлассиён 3:18–21).

Фаҳмидани нияти Худо. Бисёрии Қонуни Мусо то омадани Масеҳ исроилиёнро муҳофизат мекард ва барояшон роҳнамо буд (Ғалотиён 3:24). Аммо аз масеҳиён иҷро кардани Қонуни Мусо талаб карда намешуд. Дар нома ба ибриён — ба масеҳиёне, ки яҳудӣ буданд — Павлус муфассал фаҳмонд, ки Қонуни Мусо барои чӣ дода шуда буд ва чӣ тавр нияти Худо тавассути Масеҳ иҷро мешавад. Павлус фаҳмонд, ки ҷиҳатҳои гуногуни Қонун маънои пешгӯиро доштанд. Масалан, қурбонӣ кардани ҳайвонот тимсоли қурбонии фидияи Исо буд, ки бахшиши ҳақиқии гуноҳҳоро имконпазир месозад (Ибриён 10:1–4). Худо тавассути марги Масеҳ аҳди Қонунро бекор кард, чунки он дигар даркор набуд (Қӯлассиён 2:13–17; Ибриён 8:13).

Фаъолияти ҷамъомад. Мардоне, ки дар ҷамъомад вазифаҳои сазоворнокро иҷро кардан мехоҳанд, бояд ба меъёрҳои баланди ахлоқӣ мувофиқат кунанд ва рӯҳан баркамол бошанд (1 Тимотиюс 3:1–10, 12, 13; Титус 1:5–9). Хизматгорони Яҳува бояд мунтазам ҷамъ шаванд ва якдигарро рӯҳбаланд кунанд (Ибриён 10:24, 25). Вохӯриҳои масеҳӣ бояд барои рӯҳбаландкуниву насиҳатдиҳӣ хизмат кунанд (1 Қӯринтиён 14:26, 31).

Номаи дуюми худро Павлус ба Тимотиюс дар Рум навишт. Павлус боз дар маҳбас қарор дошт ва довариро интизор буд. Танҳо баъзе дӯстонаш ҷони худро дар хатар гузошта, наздаш омаданд. Павлус мефаҳмид, ки вақташ кам мондааст. Ӯ чунин навишт: «Дар кашмакаши неке талош кардам, давишро анҷом додам, имонро нигоҳ доштам» (2 Тимотиюс 4:7). Эҳтимол баъд аз ин Павлус ба қатл расонда шуд. Аммо номаи ӯ то ба имрӯз барои масеҳиёни ҳақиқӣ чун ҳидоят хизмат мекунад.

Бар Румиён, 1 Қӯринтиён, 2 Қӯринтиён, Ғалотиён, Эфсӯсиён, Филиппиён, Қӯлассиён, 1 Таслӯникиён, 2 Таслӯникиён, 1 Тимотиюс, 2 Тимотиюс, Титус, Филемӯн, Ибриён асос ёфтааст.