Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҚИСМИ 25

Насиҳат оиди имон, рафтор ва муҳаббат

Насиҳат оиди имон, рафтор ва муҳаббат

Номаҳои Яъқуб, Петрус, Юҳанно ва Яҳудо масеҳиёнро рӯҳбаланд месозанд

ЯЪҚУБ ва Яҳудо бародарони ҳамхуни Исо буданд, Петрус ва Юҳанно бошад, расулони ӯ. Онҳо ҳамагӣ ҳафт нома навиштанд, ки ба Навиштаҳои Юнонӣ дохил мешавад. Ҳар яки номаҳо ба номи муаллифашон гузошта шудааст. Насиҳатҳои илҳомбахшидае, ки дар ин номаҳо омадаанд ба масеҳиён кӯмак мерасонанд, ки ба Яҳува ва Салтанати Ӯ содиқиро нигоҳ доранд.

Имонатонро зоҳир созед. Танҳо гуфтани он ки ба Худо имон дорам, кифоя нест. Имони ҳақиқӣ бо рафтор тасдиқ карда мешавад. Яъқуб чунин менависад: «Имон низ бе аъмол мурда аст» (Яъқуб 2:26). Вақте ки дар озмоишҳо бо имон амал мекунем, мо дар худ истодагариро инкишоф медиҳем. Барои дар озмоишҳо устувор мондан масеҳиён бояд аз Худо бо боварӣ хирад пурсанд, ки Ӯ ин хоҳишашонро иҷро кунад. Онҳое ки истодагариро нигоҳ медоранд, илтифоти Худоро соҳиб мегарданд (Яъқуб 1:2–6, 12). Агар мо дар имон дудила нашуда беайбиро нигоҳ дорем, Яҳува ба мо наздик хоҳад буд. Яъқуб чунин мегӯяд: «Ба Худо наздик шавед ва Ӯ ба шумо наздик хоҳад шуд» (Яъқуб 4:8).

Имони мо бояд хеле мустаҳкам бошад, то ки бар васвасаву бадахлоқиҳо муқобилат карда тавонем. Яҳудо медонист, ки то чӣ андоза атрофиён ба масеҳиён таъсири бад расонда метавонанд, бинобар ин онҳоро даъват намуд, ки барои имон мубориза баранд (Яҳудо 3).

Бояд рафтори пок дошта бошед. Яҳува аз хизматгоронаш интизор аст, ки онҳо муқаддас бошанд, яъне аз ҳама ҷиҳат пок бошанд. Петрус менависад: «Дар тамоми рафторатон муқаддас бошед». Ӯ ба суханони Яҳува низ ишора мекунад: «Муқаддас бошед, чунки Ман муқаддас ҳастам» (1 Петрус 1:15, 16). Масеҳиён барои пайравӣ кардан намунаи беҳтарин доранд. «Масеҳ низ барои шумо уқубат кашида, ба шумо намунаи ибрат боқӣ гузошт, то ки аз паи Ӯ равона шавед» — мегӯяд Петруси расул (1 Петрус 2:21). Гарчанд масеҳиён меъёрҳои Худоро риоя карда, ба азобу уқубат дучор шаванд ҳам, лекин виҷдони онҳо пок аст (1 Петрус 3:16, 17). Петрус масеҳиёнро даъват мекунад, ки рӯзи доварии Худо ва дунёи нави ваъдашударо, ки дар он «адолат сокин хоҳад буд», интизор шаванд ва пок рафтор кунанд, ба Худо содиқ бошанд (2 Петрус 3:11–13).

«Ба Худо наздик шавед ва Ӯ ба шумо наздик хоҳад шуд» (Яъқуб 4:8)

Муҳаббат зоҳир кунед. «Худо муҳаббат аст»,— менависад Юҳанно. Юҳаннои расул нишон медиҳад, ки Худо Исоро «барои кафорати гуноҳҳои мо» фиристода, муҳаббати бузург зоҳир кард. Масеҳиён ба муҳаббати Худо чӣ гуна бояд ҷавоб диҳанд? Юҳанно чунин мефаҳмонад: «Эй маҳбубон! Агар Худо моро ин гуна дӯст дошта бошад, мо низ бояд якдигарро дӯст бидорем» (1 Юҳанно 4:8–11). Мо муҳаббатамонро бо меҳмондорӣ ва дастгирӣ намудани ҳамимонон нишон дода метавонем (3 Юҳанно 5–8).

Масеҳиён муҳаббаташонро ба Яҳува чӣ гуна зоҳир карда метавонанд? Юҳанно ҷавоб медиҳад: «Муҳаббат ба Худо ҳамин аст, ки мо аҳкоми Ӯро риоят кунем; ва аҳкоми Ӯ гарон нест» (1 Юҳанно 5:3; 2 Юҳанно 6). Китоби Муқаддас бовар мекунонад, ки онҳое ки ба Худо гӯш медиҳанд худро дар муҳаббати Ӯ нигоҳ медоранд ва соҳиби «ҳаёти ҷовидонӣ» мегарданд (Яҳудо 21).

Бар Яъқуб, 1 Петрус, 2 Петрус, 1 Юҳанно, 2 Юҳанно, 3 Юҳанно ва Яҳудо асос ёфтааст.