Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Мавзӯи асосии Китоби Муқаддас. Шарҳи мухтасар

Мавзӯи асосии Китоби Муқаддас. Шарҳи мухтасар
  1. Яҳува Одаму Ҳавворо барои дар Биҳишт ҷовидона зиндагӣ кардан меофарад. Шайтон Худоро бадном мекунад ва ҳуқуқи ҳукмронии Ӯро зери шубҳа мегузорад. Одаму Ҳавво дар исён ба Шайтон ҳамроҳ шуда, худ ва наслашонро ба гуноҳу марг гирифтор мекунанд

  2. Яҳува бар исёнгарон ҳукм мебарорад ва ваъда медиҳад, ки Наҷотдиҳанда ё Масеҳ меояд, ки Шайтонро несту нобуд месозад ва оқибатҳои исён, аз ҷумла гуноҳро бартараф мекунад

  3. Яҳува ба Иброҳиму Довуд ваъда медиҳад, ки аз онҳо Насл ё Масеҳ ба дунё меояд, ки ӯ чун Подшоҳ то абад ҳукмронӣ мекунад

  4. Зери илҳоми Яҳува пайғамбарон пешгӯӣ мекунанд, ки Масеҳ инсониятро аз гуноҳ ва марг халос хоҳад кард. Ӯ чун Подшоҳи Салтанати Худо ҳукмронӣ мекунад ва бо ҳамроҳбаронаш бар ҷангҳо, бемориҳо ва марг хотима мебахшад

  5. Яҳува Исоро ба замин мефиристад ва нишон медиҳад, ки Исо Масеҳи ваъдашуда мебошад. Исо оиди Салтанати Худо мавъиза менамояд ва ҳаёташро қурбон мекунад. Яҳува ӯро чун шахсияти рӯҳӣ зинда мекунад

  6. Яҳува Исоро дар осмон бар тахти Подшоҳӣ мешинонад ва аз ҳамин вақт охирзамон дар замин сар мешавад. Исо бар пайравони заминии худ, ки дар тамоми рӯи замин оиди Салтанати Худо мавъиза менамоянд, роҳбарӣ мекунад

  7. Яҳува ба Исо барпо кардани ҳокимияти Подшоҳиро дар замин месупорад. Ин Подшоҳӣ ҳамаи ҳокимиятҳоро несту нобуд месозад, дар замин Биҳиштро барқарор мекунад ва ба одамони содиқ барои комилиятро ба даст овардан, кӯмак мерасонад. Ҳуқуқи ҳукмронии Яҳува абадан тасдиқ мешавад ва исми Ӯ муқаддас мегардад