Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

САВОЛИ 1

Ҳаёт чӣ тавр пайдо шудааст?

Ҳаёт чӣ тавр пайдо шудааст?

Оё шумо дар кӯдакӣ боре аз падару модаратон пурсида будед: «Кӯдакон аз куҷо пайдо мешаванд?» Агар ҳа, онҳо чӣ тавр ҷавоб доданд? Вобаста ба синну соли шумо ё тарбияи падару модаратон, шояд, онҳо гӯшашонро ба карӣ заданд ё ба шумо шармгинона ягон ҷавоби саросемавор доданд. Ё, шояд, онҳо дурӯғе бофта, ба шумо нақл карданд. Вале барои ба зиндагӣ тайёр шудан кас бояд дар бораи алоқаи ҷинсӣ ва муъҷизаи таваллуди фарзанд маълумоти дуруст дошта бошад.

Чуноне ки бисёр падару модар ҳангоми дар ин мавзуъ гап задан худро ногувор ҳис мекунанд, баъзе олимон низ аз баррасии як саволи муҳим худдорӣ мекунанд: ҳаёт аз куҷо пайдо шуд? Ҷавоби хубу амиқ гирифтан ба ин савол метавонад ҷаҳонбинии инсонро тамоман дигар созад. Пас, ҳаёт чӣ тавр пайдо шудааст?

Тухмҳуҷайраи бордори инсон, ки ин ҷо 800 маротиба калон карда шудааст

Бисёри олимон чӣ мегӯянд? Бисёр касоне, ки ба эволютсия бовар доранд, мегӯянд, ки ҳаёт дар канораи ҳавзи қадим ё дар қаъри уқёнус пайдо шудааст. Ба ақидаи онҳо, дар чунин ҷойҳо моддаҳои кимиёӣ тасодуфан таркибҳои ҳубобчамонандро ҳосил карданд, ки аз онҳо молекулаҳои мураккаб пайдо шуданду сипас ин молекулаҳо нусхабардорӣ гаштанд. Онҳо бовар доранд, ки тамоми мавҷудоти замин аз як ё якчанд ҳуҷайраи «сода» пайдо шудааст.

Дигар олимони обрӯманд, ки тарафдори эволютсияанд, бо ин фикр розӣ нестанд. Онҳо тахмин мекунанд, ки ҳуҷайраҳои аввал ё ҷузъи асосии онҳо аз кайҳон ба замин омадаанд. Барои чӣ онҳо чунин фикр доранд? Сабаб дар ин аст, ки ҳарчанд онҳо кӯшиши зиёд ба харҷ доданд, исбот карда натавонистанд, ки ҳаёт аз молекулаҳои беҷон пайдо шудааст. Соли 2008 профессори илми биология Александр Менеж диққати ҳамаро ба ин душворӣ равона кард. Ӯ гуфт, ки «дар 50 соли охир ҳеҷ далеле пайдо нагашт, ки танҳо аз омехтаи молекулаҳо дар рӯйи замин тасодуфан ба вуҷуд омадани ҳаётро исбот кунад. Ҳеҷ навоварӣ дар илм ва ҳеҷ таҷрибагузорӣ ҳақ будани ин ақидаро исбот накард»1.

Далелҳо чиро ошкор мекунанд? Мо ҷавоб ба саволи «кӯдакон аз куҷо пайдо мешаванд?»-ро медонем, чунки барои ин далелу мушоҳидаҳои зиёде дорем. Ҳаёт ҳамеша аз ҳаёти вуҷуддошта пайдо мешавад. Вале, агар мо ба замони хеле ва хеле қадим назар дӯзем, оё далели онро мушоҳида карда метавонем, ки ин қонун вайрон гаштааст? Оё ҳаёт метавонад худ аз худ, аз моддаҳои кимиёии беҷон, ҳосил шавад? Эҳтимоли ба амал омадани ин чӣ қадар аст?

Муҳаққиқон фаҳмиданд, ки барои зинда мондани ҳуҷайра бояд камаш се навъ молекулаи мураккаб якҷоя ҳамкорӣ кунад: якумаш — КДН (кислотаи дезоксирибонуклеинат), дуюмаш — КРН (кислотаи рибонуклеинат) ва сеюм — сафедаҳо. Имрӯз аксари олимон намегӯянд, ки як ҳуҷайраи зиндаи том аз омехтаи моддаҳои кимиёии беҷон ҳосил шудааст. Эҳтимоли он ки КРН ё сафедаҳо худ аз худ пайдо шуда метавонанд, чӣ қадар аст? *

Стэнли Миллер, соли 1953

Дар асоси таҷрибае, ки соли 1953 гузаронда шуд, бисёр олимон фикр мекунанд, ки ҳаёт метавонад худ аз худ пайдо шавад. Дар он таҷриба Стэнли Миллер зери таъсири қувваи электрикӣ тавонист дар омехтаи газҳо баъзе аминокислотаҳоро, ки қисми бунёдии сафедаҳоянд, ҳосил кунад. Дар он таҷриба омехтаи газҳо нақши атмосфераи онвақтаи заминро мебозид. Аз он вақт инҷониб аминокислотаҳо дар таркиби шиҳобсангҳо (метеоритҳо) низ ёфт шуданд. Оё ин маънои онро дорад, ки ҳама таркибҳои бунёдии мавҷудоти зинда метавонанд худ аз худ пайдо шаванд?

Профессори илми кимиё Роберт Шапиро, ки пеш дар Донишгоҳи Ню-Йорк дарс мегуфт, чунин навиштааст: «Баъзе нависандагон гумон мекунанд, ки ҳама таркибҳои мавҷудоти зинда дар шиҳобсангҳо вомехӯранд ва ё онҳоро дар таҷрибаи ба монанди таҷрибаи Миллер, ҳосил кардан мумкин аст. Лекин дар асл ин тавр нест»2 *.

Биёед ба молекулаи КРН диққат диҳем. Он аз молекулаҳои хурдтаре иборат аст, ки нуклеотидҳо ном доранд. Молекулаи нуклеотид аз аминокислота фарқ дошта, сохташ фақат андаке мураккабтар аст. Роберт Шапиро мегӯяд: «Ҳеҷ далеле нест, ки нуклеотидҳо бо роҳи таҷриба, бо ёрии шуълаҳои электрикӣ, пайдо шуда бошанд ва ё дар шиҳобсангҳо ёфт шуда бошанд»3. Ӯ мегӯяд, ки аз омехтаи моддаҳои кимиёӣ тасодуфан ҳосил шудани молекулаи КРН, ки худро нусха мебардорад, кори нашуданист ва «эҳтимоли он чунон ночиз аст, ки дар ягон ҷойи коинот рӯй додани ин воқеа аз ақл берун аст»4.

Барои ҳосил кардани сафедаҳо (1) КРН (2) зарур аст, вале барои ҳосил кардани КРН ҳам сафедаҳо заруранд. Пас, ҳар дуяшон он тараф истад, наход яктои онҳо худ аз худ пайдо шуда тавонад? Дар бораи рибосомаҳо (3) дар боби 2 гап мезанем.

Дар бораи молекулаҳои сафеда чӣ гуфтан мумкин аст? Онҳо метавонанд аз 50 то якчанд ҳазор аминокислота таркиб ёфта бошанд ва ин аминокислотаҳо бо якдигар ба тартиби хеле муайян пайвастанд. Сафедаи фаъоли одӣ дар ҳуҷайраи нисбатан сода 200 аминокислота дорад. Вале ҳатто дар чунин ҳуҷайраҳо ҳазорон навъ сафеда мавҷуд аст. Мувофиқи ҳисобҳои математикӣ эҳтимоли он ки якто чунин сафеда, ки 100 аминокислота дорад, худ аз худ дар рӯйи замин пайдо шуда метавонад, баробари як бар квадриллион аст, яъне хеле ва хеле ночиз аст.

Агар сохтани молекулаҳои мураккаб аз олимон ҳунару маҳорат талабад, наход молекулаҳои чандин баробар мураккабтари ҳуҷайра худ аз худ пайдо шаванд?

Муҳаққиқ Ҳюберт Йоки, ки тарафдори таълими эволютсия аст, ин масъаларо бештар пайгирӣ мекунад. Ӯ мегӯяд: «Аз имкон дур аст, ки ҳангоми пайдоиши мавҷудоти зинда аввал сафедаҳо пайдо шуда бошанд»5. Барои сохтани сафедаҳо КРН даркор аст, вале сохта шудани КРН ҳам бе иштироки сафедаҳо намегузарад. Эҳтимоли он ки ҳам молекулаҳои КРН, ҳам молекулаҳои сафеда яку якбора дар як ҷо худ аз худ пайдо шудаанд, хеле ва хеле кам аст. Вале фарз кардем, ки онҳо дар як ҷо ва дар як вақт пайдо шуданд. Оё онҳо метавонанд бо ҳамдигар омехта, унсури зиндаеро ҳосил кунанд, ки худро ҳам нусха бардорад ва ҳам аз чизҳои лозима таъмин кунад? «Эҳтимоли шудани ин кор аз ақл берун аст», — мегӯяд доктор Карол Клеланд *, узви Донишкадаи астробиологияи назди идораи миллии ҳавошиносӣ ва омӯзиши фазои кайҳон. Ба гуфти ӯ, бисёр муҳаққиқон гумон доранд, ки, агар чӣ тавр худ аз худ дар шароити табиӣ пайдо шудани сафедаҳо ва молекулаҳои КРН-ро фаҳманд, ба асли масъала мерасанд. Аммо ин молекулаҳо барои ҳосил кардани сафедаҳои бештар бояд якҷоя ҳамкорӣ кунанд. Муҳаққиқон бошанд, ба гуфти Карол Клеланд, ба масъалаи ҳамкории молекулаҳои КРН ва сафедаҳо чашм мепӯшанд. Онҳо гумон мекунанд, ки ин молекулаҳо худ аз худ бо якдигар ҳамкорӣ кардан мегиранд. Дар бораи чӣ тавр пайдо шудани ин унсурҳои асосии ҳаёт назарияҳо вуҷуд доранд, аммо Карол Клеланд дар бораи ин назарияҳо чунин мегӯяд: «Ҳеҷ яке аз инҳо шарҳу тафсилоти хубу қонеъкунандае намедиҳад, ки ҳамааш чӣ тавр ба амал омад»6.

Барои сохтан ва барномарезӣ кардани роботи беҷон инсони бошуур лозим аст. Пас, наход ҳуҷайраи зинда ва инсон, ки аз ҳуҷайраҳои бешумор иборат аст, созандаи бошууре надошта бошад?

Чаро ин далелҳо муҳиманд? Ҳолати душвори олимонеро тасаввур кунед, ки гумон доранд ҳаёт худ аз худ пайдо шудааст. Онҳо баъзе аминокислотаҳоеро, ки дар ҳуҷайраҳои зинда пайдо мешаванд, дар шиҳобсангҳо (метеоритҳо) ёфтаанд. Дар озмоишгоҳҳои худ онҳо барои таҷриба гузарондан шароити мувофиқу созгорро фароҳам меоранд. Дар ин таҷрибаҳо онҳо ҳар як қадамро санҷидаву баркашида мемонанд, то молекулаҳои мураккабтарро ҳосил кунанд. Мақсади ниҳоии онҳо ин аст, ки тамоми унсурҳоеро, ки барои сохтани ҳуҷайраи «сода» лозим аст, ҳосил кунанд. Онҳо ба ихтироъкоре монанданд, ки маъданҳои табииро гирифта, пӯлод, пластик, силикон ва симҳо ҳосил мекунад ва оқибат робот месозад. Сипас роботро барномарезӣ мекунад, то вай нусхаҳои худашро сохта тавонад. Бо ин кораш ӯ чиро исбот мекунад? Танҳо ҳаминро, ки инсони бошуур механизми аҷоибро офарида метавонад.

Ба ин монанд, аз дасти олимон ин кори фавқулода, яъне сохтани ҳуҷайра ояд ҳам, онҳо чиро исбот мекунанд? Магар онро, ки ҳуҷайра худ аз худ пайдо шуда метавонад? Не, онҳо баръакси онро исбот мекунанд. Ҳамин тавр не?

Шумо чӣ фикр доред? Тамоми далелҳои илмии пешинаву ҳозира исбот мекунанд, ки чизи зинда фақат аз чизи зинда пайдо мешавад. Пас, барои бовар кардан ба он ки як ҳуҷайраи «сода» худ аз худ аз моддаҳои кимиёии беҷон ҳосил шудааст, мо бояд ба далелҳои бисёр чашм пӯшем.

Оё шумо мехоҳед ба далелҳои зиёд чашм пӯшед? Шумо чӣ фикр доред: оё назарияҳои баъзе олимон дар бораи пайдоиши ҳаёт дурустанд? Ё онҳо мисли қиссаҳоеанд, ки падару модар ба фарзандонашон дар бораи пайдо шудани кӯдакон нақл мекунанд? Шинос шудан бо сохти ҳуҷайра ба шумо кумак мекунад, ки ба ин масъала сарфаҳм равед.

^ Дар бораи эҳтимоли худ аз худ пайдо шудани КДН бештар аз боби 3 мефаҳмем, ки чунин ном дорад: «Дастурот аз куҷо пайдо шуд?»

^ Профессор Шапиро бовар надорад, ки ҳаёт офарида шудааст. Ӯ бовар дорад, ки ҳаёт худ аз худ, вале ба таври ҳанӯз ба мо номаълум пайдо шудааст. Соли 2009 олимони Донишгоҳи Манчестери Англия хабар доданд, ки дар озмоишгоҳ баъзе нуклеотидҳоро ҳосил карданд. Аммо профессор Шапиро қайд мекунад, ки бо ин роҳу усул онҳо ҳаргиз КРН-ро ҳосил карда наметавонанд.

^ Доктор Клеланд тарафдори офариниш нест. Ӯ бовар дорад, ки ҳаёт худ аз худ, ба таври ҳоло пурра ба мо номаълум пайдо шудааст.