Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҚИСМИ 6

Мо аз Тӯфони Нӯҳ чӣ дарсе мегирем?

Мо аз Тӯфони Нӯҳ чӣ дарсе мегирем?

Худо бадкоронро нест кард, аммо Нӯҳ ва оилаашро наҷот дод (Ҳастӣ 7:11, 12, 23).

Чил шабу чил рӯз борон борид ва об тамоми рӯи заминро пӯшонд. Ҳама одамони бад мурданд.

Фариштагони беитоат бадани инсониашонро партофтанд ва ба осмон баргашта девҳои Шайтон шуданд.

Онҳое ки дар киштӣ буданд, наҷот ёфтанд. Гарчанд Нӯҳ ва оилааш оқибат мурданд, Худо боз онҳоро ба ҳаёт бармегардонад ва ба онҳо имконияти ҷовидона зиндагӣ карданро медиҳад.

Худо боз бадкоронро нест мекунад ва одамони некро наҷот медиҳад (Матто 24:37–39).

Шайтон ва девҳо то ба ҳол одамонро гумроҳ мекунанд.

Имрӯз, мисли замони Нӯҳ, бисёриҳо роҳнамоии муҳаббатомези Яҳуваро рад мекунанд. Ба наздикӣ Яҳува ҳамаи бадкоронро нест мекунад (2 Петрус 2:5, 6).

Баъзе одамон мисли Нӯҳ мебошанд. Онҳо Худоро гӯш мекунанд ва аз рӯи гуфтаҳои Ӯ амал менамоянд; онҳо Шоҳидони Яҳува мебошанд.