Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҚИСМИ 8

Марги Исо барои шумо чӣ маъно дорад?

Марги Исо барои шумо чӣ маъно дорад?

Исо мурд, то ки мо зиндагӣ кунем (Юҳанно 3:16).

Пас аз се рӯзи марги Исо, баъзе занон назди қабри ӯ рафтанд, лекин он холӣ буд. Яҳува Исоро зинда карда буд.

Баъдтар Исо ба ҳаввориёнаш зоҳир шуд.

Бале, Яҳува Исоро зинда карда, ӯро офаридаи пурқудрату намирандаи рӯҳӣ гардонд. Шогирдонаш дида буданд, ки чӣ гуна ӯ ба осмон рафта буд.

Яҳува Исоро зинда кард ва ӯро Шоҳи Салтанати Худо таъин кард (Дониёл 7:13, 14).

Исо ҳаёти худро қурбон кард, то ки инсониятро наҷот диҳад (Матто 20:28). Бо ин, Худо ба мо имконият медиҳад, ки ҷовидона зиндагӣ кунем.

Яҳува Исоро Шоҳ таъин кардааст, то ки ӯ бар замин ҳукмронӣ кунад. Ба ӯ 144 000 одамони содиқ ҳамроҳ мешаванд. Онҳо аз замин ба ҳаёти осмонӣ гирифта мешаванд. Исо ва 144 000 нафар як ҳокимияти осмонии одилона, яъне Салтанати Худоро ташкил медиҳанд (Ваҳй 14:1–3).

Салтанати Худо заминро биҳишт мегардонад. Ҷанг, ҷиноят, камбағалӣ ва гуруснагӣ дигар намешавад. Одамон дар ҳақиқат хушбахт мешаванд (Забур 144:16).