Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 7

Вохӯриҳои мо чӣ тавр мегузаранд?

Вохӯриҳои мо чӣ тавр мегузаранд?

Зеландияи Нав

Ҷопон

Уганда

Литва

Вохӯриҳои масеҳиёни замони пеш асосан аз суруд, дуо ва хондану муҳокима кардани Навиштаҳо иборат буда, дар онҳо ягон хел маросимҳои динӣ гузаронда намешуд (1 Қӯринтиён 14:26). Вохӯриҳои мо низ ҳамин тавр мегузаранд.

Мо аз Китоби Муқаддас таълим мегирем, ки ин бароямон фоиданок аст. Одатан рӯзи шанбе ё якшанбе, ҳар як ҷамъомад 30 дақиқа Нутқи бар Китоби Муқаддас асосёфтаро гӯш мекунад. Аз ин нутқҳо мо мефаҳмем, ки чӣ тавр Навиштаҳо ба ҳаёти мо кӯмак карда метавонанд ва мо дар кадом замон зиндагӣ мекунем. Ҳамаи мо барангехта мешавем, ки аз Китоби Муқаддас оятҳоро кушоем. Баъди нутқ як соат Омӯзиши «Бурҷи дидбонӣ» мегузарад, ки дар он ҳамаи ҳозирон дар муҳокимаи мақола иштирок карда метавонанд. Ин муҳокима ба мо ёрдам мекунад, ки маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро дар ҳаётамон ба кор барем. Ҳамон як мавзӯъ дар ҳамаи ҷамъомадҳои рӯи замин, ки шумораашон зиёда аз 110 000 ададро ташкил медиҳанд, омӯхта мешавад.

Мо қобилиятҳои таълимдиҳии худро беҳтар мекунем. Ҳамчунин мо одатан дар байни ҳафта бегоҳӣ вохӯрӣ мегузаронем. Ин вохӯрӣ «Ҳаёт ва хизмати мо» ном дорад ва аз се қисм иборат аст. Он дар асоси барномаи дафтари вохӯрии ҳармоҳа мегузарад. Якум қисми ин вохӯрӣ «Ганҷҳои Каломи Худо» ном дорад. Ба воситаи он ҷамъомад бо порчаҳои Китоби Муқаддас, ки пешакӣ хонда буд, шинос мешавад. Сипас, дар қисми «Дар кори мавъиза боғайрат бошед» нишон дода мешавад, ки чӣ тавр бо дигарон дар асоси Китоби Муқаддас сӯҳбат кардан мумкин аст. Бародари таъиншуда ба касоне ки баромад карданд, маслиҳат медиҳад, то хонишу гуфторашонро беҳтар кунанд (1 Тимотиюс 4:13). Қисми охирони барнома «Ба Масеҳ пайравӣ кунед» ном дорад ва он барои дар ҳаёт истифода бурдани принсипҳои Китоби Муқаддас кӯмак мерасонад. Ин қисми барнома бо ёрии саволу ҷавоб гузашта фаҳмиши моро оиди Китоби Муқаддас чуқуртар месозад.

Вақте ки шумо ба вохӯриҳои мо меоед, аз он ҷо шумо дар асоси Китоби Муқаддас таълим мегиред, ки ин бешубҳа бароятон таъсирбахш хоҳад буд (Ишаъё 54:13).

  • Дар вохӯриҳои ҳарҳафтаинаи мо шумо кадом чизҳоро шунида метавонед?

  • Ба кадоме аз вохӯриҳои мо шумо омадан мехостед?