Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 12

Кори мавъизаи мо чӣ гуна иҷро карда мешавад?

Кори мавъизаи мо чӣ гуна иҷро карда мешавад?

Испания

Беларус

Ҳонконг

Перу

Чанде пеш аз маргаш, Исо гуфт: «Ин Инҷили Малакут [хушхабар оиди Подшоҳӣ] дар тамоми олам мавъиза хоҳад шуд, то ки барои ҳамаи халқҳо шаҳодате шавад; ва он гоҳ интиҳо фаро хоҳад расид» (Матто 24:14). Лекин чӣ тавр ин кори мавъизаи умумиҷаҳонӣ бояд иҷро карда мешуд? Он бояд аз рӯи намунае, ки Исо вақти дар замин буданаш нишон дод, ба ҷо оварда мешуд (Луқо 8:1).

Мо мекӯшем, ки бо одамон дар хонаҳояшон сӯҳбат кунем. Исо шогирдонашро таълим медод, ки хушхабарро хона ба хона мавъиза кунанд (Матто 10:11–13; Аъмол 5:42; 20:20). Он мавъизачиёни асри як барои ба маҳалҳои махсус мавъиза кардан таъин шуда буданд (Матто 10:5, 6; 2 Қӯринтиён 10:13). Мисли ин, имрӯз кори мавъизаи мо хуб ташкил ёфтааст ва ҳар як ҷамъомад ба маҳалли муайяне таъин шудааст. Ин ба мо имконият медиҳад, ки шумораи бештари одамонро ёбем ва амри Исоро иҷро карда, «ба мардум мавъиза намоем» (Аъмол 10:42).

Мо мекӯшем, ки дар ҳар ҷое, ки одамонро ёфтан мумкин аст, мавъиза кунем. Исо ҳамчунин бо он ба мо намуна гузоштааст, ки ӯ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мавъиза мекард. Масалан, ӯ дар соҳили баҳр ё дар назди чоҳе, ки одамон барои об меомаданд, бо онҳо гап мезад (Марқӯс 4:1; Юҳанно 4:5–15). Мо низ дар ҳар ҷое, ки метавонем бо одамон сӯҳбат мекунем, аз он ҷумла дар кӯчаҳо, дар маҳалҳои корӣ, дар боғҳои истироҳатӣ ё ба воситаи телефон. Мо инчунин дар вақти пайдо шудани имконияти мувофиқ ба ҳамсояҳо, ҳамкорон, ҳамсинфон ва хешу таборамон шаҳодат медиҳем. Ҳамаи ин кӯшишҳои якҷояи мо ба миллионҳо одамони гӯшаву канори дунё имконият медиҳанд, ки хушхабари наҷотбахшро шунаванд (Забур 95:2).

Шумо ба кӣ метавонед хушхабари Подшоҳии Худоро нақл кунед ва фаҳмонед, ки ин хабар ба ояндаи онҳо чӣ дахл дорад? Ин корро ба ақиб напартоед!

  • Хушхабар оиди чӣ бояд эълон карда шавад?

  • Чӣ тавр Шоҳидони Яҳува ба намунаи мавъизакунии Исо пайравӣ мекунанд?