Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 13

Пешравон киҳоянд?

Пешравон киҳоянд?

Канада

Мавъизаи хона ба хона

Омӯзиши Китоби Муқаддас

Омӯзиши шахсӣ

Калимаи «пешрав» бисёр вақт ба шахсе ишора мекунад, ки дар сафи пеш аст ва барои рафтани дигарон роҳ мекушояд. Исоро ба маъное пешрав гуфтан мумкин аст, чунки ӯ ба замин фиристода шуд, то хизмат карда барои наҷоти одамон роҳ кушояд (Матто 20:28). Имрӯз Шоҳидони Яҳува ба намунаи ӯ пайравӣ намуда вақти зиёдашонро барои шогирдсозӣ сарф мекунанд (Матто 28:19, 20). Баъзеҳо имконият доранд, ки чун пешрав хизмат кунанд.

Пешрав воизи пурравақт аст. Ҳамаи Шоҳидони Яҳува воизони хушхабари Подшоҳӣ мебошанд. Лекин баъзеҳо ҳаёташонро тавре ба нақша мегиранд, то ҳар моҳ ба кори мавъиза 70 соат сарф карда чун пешравони доимӣ хизмат кунанд. Барои ин, бисёриҳо кореро ёфтаанд, ки соати кориаш камтар аст. Дигарон пешравони махсус таъин мешаванд ва дар ҷойҳое, ки ба воизони хушхабар ниёзи калонтар вуҷуд дорад, хизмат мекунанд. Онҳо ҳар моҳ 130 соат ё вақти зиёдтарро дар хизмат мегузаронанд. Пешравон аз гузарондани ҳаёти оддӣ қаноатманданд ва боварӣ доранд, ки Яҳува онҳоро бо чизҳои зарурии ҳаёт таъмин хоҳад кард (Матто 6:31–33; 1 Тимотиюс 6:6–8). Онҳое, ки пешрави доимӣ буда наметавонанд, имконият доранд, ки дар вақти шароит доштан чун пешравони ёвар хизмат карда, дар як моҳ то 30 ё 50 соат мавъиза кунанд.

Пешравро муҳаббат ба Худо ва одамон бармеангезад. Мисли Исо, мо мебинем, ки чӣ тавр бисёр одамон дар ҳолати ғамовари рӯҳонӣ қарор доранд (Марқӯс 6:34). Вале мо донишеро дорем, ки ба онҳо дар ҳаёти ҳозираашон кӯмак карда метавонад ва ба оянда умеди қавӣ мебахшад. Муҳаббат ба одамон пешравро бармеангезад, ки вақту қувваташро саховатмандона сарф карда ба одамон аз ҷиҳати рӯҳонӣ ёрӣ расонад (Матто 22:39; 1 Таслӯникиён 2:8). Ин имони пешравро мустаҳкам мекунад, ӯро ба Худо наздик мегардонад ва шодиву хурсандии зиёд мебахшад (Аъмол 20:35).

  • Пешравро шумо чӣ гуна тасвир мекардед?

  • Чӣ баъзеҳоро барои пешрав шудан бармеангезад?