Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 17

Чӣ тавр нозирони ноҳиявӣ ба мо кӯмак мерасонанд?

Чӣ тавр нозирони ноҳиявӣ ба мо кӯмак мерасонанд?

Малави

Вохӯрӣ барои мавъиза

Хизмати мавъиза

Вохӯрии пирон

Дар бисёр ҷойҳои Навиштаҳои Юнонӣ дар бораи Барнаббо ва Павлуси ҳавворӣ гуфта мешавад. Ин мардон чун нозирони сайёр хизмат карда, ба ҷамъомадҳои замони пеш ташриф меоварданд. Барои чӣ? Онҳо самимона дар бораи беҳбудии бародарони рӯҳонии худ ғамхорӣ мекарданд. Павлус гуфт, ки мехоҳад аз нав рафта бародаронро хабар гирад, то бубинад, ки «аҳволашон чӣ гуна аст». Ӯ тайёр буд, ки садҳо километр роҳро тай кунад, то рафта онҳоро қувват бахшад (Аъмол 15:36). Имрӯз нозирони сайёр айнан ҳамин гуна хоҳиш доранд.

Онҳо барои рӯҳбаланд кардани мо меоянд. Ҳар як нозири ноҳиявӣ тақрибан 20 ҷамъомадро ба ӯҳда дорад, ки дар як сол ду маротиба онҳоро хабар гирифта, бо ҳар як ҷамъомад як ҳафта ҳамкорӣ мекунад. Аз намунаи ин бародарон ва агар онҳо оиладор бошанд, аз намунаи ҳамсарони онҳо мо барои худ манфиати зиёд гирифта метавонем. Онҳо мекӯшанд ҳам бо ҷавонон ва ҳам бо калонсолон шинос шаванд ва хеле мехоҳанд дар хизмати мавъиза ва гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддас бо мо ҳамкорӣ кунанд. Ин нозирон ҳамроҳи пирон ба хабаргирии аъзоёни ҷамъомад мераванд ва ҳамчунин дар вохӯриҳо ва анҷуманҳо бо нутқҳои рӯҳбаландкунанда баромад карда моро қувват мебахшанд (Аъмол 15:35).

Онҳо ба ҳама таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Нозирони ноҳиявӣ ба ҳолати рӯҳонии ҷамъомадҳо диққати махсус равона мекунанд. Онҳо бо пирон ва хизматгузорони ҷамъомад вохӯрда комёбиҳои бадастовардаи ҷамъомадро дида мебароянд ва ба онҳо барои иҷрои вазифаҳояшон маслиҳатҳои фоиданок медиҳанд. Нозирони ноҳиявӣ ба пешравон барои бомуваффақият хизмат кардан ёрӣ медиҳанд ва аз шиносоӣ бо аъзоёни нави ҷамъомад ва шунидани пешравии рӯҳонии онҳо хурсанд мешаванд. Ҳар яки ин бародарон бо омодагӣ бар манфиати мо хизмат мекунанд ва ҳамкорони мо мебошанд (2 Қӯринтиён 8:23). Хуб мебуд, ки ба имон ва садоқатмандии онҳо пайравӣ кунем (Ибриён 13:7).

  • Барои чӣ нозирони ноҳиявӣ ба ҷамъомадҳо ташриф меоранд?

  • Шумо аз ташрифи онҳо чӣ манфиат гирифта метавонед?