Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 21

Байт-Ил чист?

Байт-Ил чист?

Шӯъбаи расмкашӣ, ИМА

Олмон

Кения

Колумбия

Байт-Ил калимаи ибронӣ буда, маънояш «Хонаи Худо» аст (Ҳастӣ 28:17, 19). Биноҳое, ки Шоҳидони Яҳува барои роҳбариву дастгирии кори мавъиза истифода мебаранд, ба ин ном мувофиқат мекунанд. Идораи марказии умумиҷаҳонии мо дар шаҳри Ню-Йорки ИМА ҷойгир аст. Ҳамчунин дар бисёр давлатҳои дигар филиалҳои Шоҳидони Яҳува амал мекунанд. Ҳайати роҳбарикунанда дар Идораи марказӣ хизмат карда ба фаъолияти филиалҳо назорат мебарад. Онҳое, ки дар ин биноҳо хизмат мекунанд, оилаи Байт-Илро ташкил медиҳанд. Онҳо мисли як оилаи тифоқ якҷоя кор ва зиндагӣ мекунанд, ҳамроҳ хӯрок мехӯранд ва Китоби Муқаддасро меомӯзанд (Забур 132:1).

Ягона ҷоест, ки дар он ҳама мисли як оила фидокорона меҳнат мекунанд. Ходимони Байт-Ил вақту қуввати худро пурра барои иҷрои иродаи Худо ва манфиатҳои кори Яҳува мебахшанд (Матто 6:33). Ҳеҷ кадоми онҳо барои кори кардаашон маош намегиранд, вале бо ҷои зист, хӯрок ва ёрдампулӣ барои хароҷоти шахсӣ таъмин карда мешаванд. Ҳар як шахс дар Байт-Ил таъиноте дорад. Баъзеҳо кори офисро мекунанд, дигарон бошанд, дар ошхона, шӯъбаҳои чопкунӣ ё муқовабандӣ, тозагӣ, хизматрасонии техникӣ, ҷомашӯӣ ва ғайраҳо хизмат мекунанд.

Марказест, ки мавъизаи хушхабарро дастгирӣ мекунад. Мақсади асосии ҳар як Байт-Ил ин аст, ки ба шумораи ҳар чӣ бештари одамон ҳақиқати Китоби Муқаддас расонда шавад. Барои мисол, худи ин брошураро мегирем. Он зери назорати Ҳайати роҳбарикунанда навишта шуда, сипас ба воситаи компютер ба садҳо гурӯҳҳои тарҷумонӣ фиристода шуд, баъд дар машинаҳои чопии баландсуръати якчанд Байт-Илҳо чоп гашт ва оқибат ба зиёда аз 110 000 ҷамъомадҳо фиристода шуд. Дар давоми ҳар яки ин корҳо оилаи Байт-Ил хизмати лозимаро ба ҷо оварда кори аз ҳама таъхирнопазир — мавъизаи хушхабарро дастгирӣ мекунад (Марқӯс 13:10).

  • Киҳо дар Байт-Ил хизмат мекунанд ва нисбати онҳо чӣ гуна ғамхорӣ карда мешавад?

  • Ба воситаи фаъолияти ҳар як Байт-Ил кадом кори муҳим дастгирӣ карда мешавад?