Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 22

Филиалҳои мо кадом корҳоро иҷро мекунанд?

Филиалҳои мо кадом корҳоро иҷро мекунанд?

Ҷазираҳои Сулаймон

Канада

Африқои Ҷанубӣ

Аъзоёни оилаи Байт-Ил дар шӯъбаҳои гуногун хизмат карда кори мавъизаро дар як ё якчанд мамлакат дастгирӣ менамоянд. Онҳо дар гурӯҳҳои тарҷумонӣ, шӯъбаҳои чопкунии маҷаллаҳо, муқовабандии китобҳо, дар анбори адабиёт, шӯъбаи сохтани аудио ва видеосабтҳо хизмат мекунанд ё барои он маҳал корҳои дигарро иҷро менамоянд.

Кумитаи филиал ба фаъолияти он роҳбарӣ мекунад. Ҳайати роҳбарикунанда роҳбарии ҳар як филиалро ба ӯҳдаи Кумитаи филиал супоридааст, ки он аз се ё зиёда пирони ботаҷриба иборат мебошад. Ин кумита ба Ҳайати роҳбарикунанда хабар медиҳад, ки кори Шоҳидон дар ҳар як давлати зери назорати филиалбуда чӣ гуна пеш рафта истодааст ва кадом душвориҳо мавҷуданд. Чунин ҳисобот ба Ҳайати роҳбарикунанда ёрӣ медиҳад, то қарор кунад, ки дар адабиётҳои оянда ва вохӯриҳову анҷуманҳо кадом мавзӯъҳо бояд муҳокима карда шаванд. Аз тарафи Ҳайати роҳбарикунанда бародароне таъин карда мешаванд, ки мунтазам ба филиалҳо ташриф меоранд ва ба Кумитаи филиалҳо оиди иҷрои вазифаашон дастурот медиҳанд (Масалҳо 11:14). Вақте ки ин бародарон ба филиал ташриф меоранд, барои маҳалли зери назорати филиалбуда барномаи махсус ташкил карда мешавад. Дар он вохӯрӣ ин бародарон бо нутқ баромад мекунанд.

Дастгирӣ кардани ҷамъомадҳои маҳаллӣ. Дар филиалҳо бародарони масъул ба ташкилёбии ҷамъомадҳои нав назорат мекунанд. Бародарон ҳамчунин ба фаъолияти пешравон, миссионерон ва нозирони ноҳиявӣ, ки дар маҳалли зери назорати филиалбуда хизмат мекунанд, роҳбарӣ менамоянд. Онҳо дар гузарондани анҷуманҳо ва сохта шудани ибодатгоҳҳо роҳбариро ба ӯҳда мегиранд. Инчунин онҳо назорат мекунанд, ки адабиёт ба ҷамъомадҳо фиристода шаванд. Ҳар коре, ки дар филиал карда мешавад, ба иҷрои ботартиби кори мавъиза мусоидат мекунад (1 Қӯринтиён 14:33, 40).

  • Чӣ тавр филиалҳо ба Ҳайати роҳбарикунанда ёрӣ медиҳанд?

  • Филиал кадом корҳоро иҷро мекунад?