Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 23

Адабиётҳои мо чӣ тавр навишта ва тарҷума карда мешаванд?

Адабиётҳои мо чӣ тавр навишта ва тарҷума карда мешаванд?

Шӯъбаи Нависандагӣ, ИМА

Кореяи Ҷанубӣ

Арманистон

Бурунди

Шри-Ланка

Мо кӯшиши зиёдро ба харҷ медиҳем, то ки хушхабарро «ба ҳар қабила ва сибт, ва забон ва қавм» эълон намоем. Бо ин мақсад мо ба зиёда аз 700 забон адабиёт нашр мекунем (Ваҳй 14:6). Ин кори душвор чӣ тавр иҷро карда мешавад? Мо дар бисёр давлатҳо нависандагон дорем, ки аз миллатҳои гуногун мебошанд. Онҳо ва ҳамчунин тахминан 3300 тарҷумонон дар ин кор ёрӣ медиҳанд. Ҳамаи онҳо Шоҳидони Яҳуваанд.

Матни аслӣ бо забони англисӣ тайёр карда мешавад. Дар идораи марказии мо Шӯъбаи Нависандагӣ амал мекунад, ки фаъолияти онро Ҳайати роҳбарикунанда назорат мекунад. Ин шӯъба кори нависандагонеро, ки дар идораи марказӣ ва дар баъзе филиалҳо хизмат мекунанд, роҳбарӣ мекунад. Азбаски нависандагони мо аз ҳар миллат ва мамлакат мебошанд, мо метавонем оиди мавзӯҳое нависем, ки ба одамони халқу маданияташон гуногун писанданд.

Матн ба тарҷумонон фиристода мешавад. Баъди он ки чизи навишташударо аз назар гузаронида ислоҳ мекунанд ва ба нашри он иҷозат медиҳанд, он ба воситаи компютер ба тамоми гурӯҳҳои тарҷумонӣ фиристода мешавад. Онҳо онро тарҷума, тафтиш ва ислоҳ мекунанд. Тарҷумонон мекӯшанд, ки калимаҳои дурустро интихоб кунанд, то ки маънои матни англисӣ ба забони онҳо пурра дода шавад (Воиз 12:10).

Компютерҳо суръати корро тез мегардонанд. Компютер ҷои нависандагон ва тарҷумононро гирифта наметавонад. Лекин кори онҳо бо ёрии компютер, луғатҳои электронӣ ва барномаҳои электронии маълумоткобӣ тез иҷро шуда метавонад. Шоҳидони Яҳува системаи бисёрзабонаи нашри электрониро (MEPS) ихтироъ кардаанд. Ин имконият медиҳад, ки матн бо садҳо забон ба расму суратҳои лозима ҳамроҳ карда шавад ва ба чоп тайёр гардад.

Барои чӣ мо ин қадар кӯшиш ба харҷ медиҳем, то ҳатто ба забонҳое, ки ҳамагӣ якчанд ҳазор одам гап мезананд, адабиёт нашр кунем? Чунки иродаи Яҳува дар он аст, ки «ҳамаи одамон наҷот ёбанд ва ба дониши ростӣ бирасанд» (1 Тимотиюс 2:3, 4).

  • Адабиётҳои мо чӣ тавр навишта мешаванд?

  • Барои чӣ мо ба забонҳои хеле зиёд адабиётҳоямонро тарҷума мекунем?