Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 24

Кори умумиҷаҳонии мо аз кадом ҳисоб амалӣ мегардад?

Кори умумиҷаҳонии мо аз кадом ҳисоб амалӣ мегардад?

Непал

Того

Бритониё

Ҳар сол ташкилоти мо миллионҳо адад Китоби Муқаддас ва дигар адабиётҳоро нашр карда ба одамон бепул паҳн мекунад. Мо ибодатгоҳҳо ва филиалҳо месозем ва он биноҳоро нигоҳубин мекунем. Мо ҳазорон аъзоёни Байт-Ил ва миссионеронро дастгирӣ мекунем ва дар вақтҳои офатҳои табиӣ ба осебдидагон кӯмаки моддӣ мерасонем. Шояд шумо фикр кунед, ки ҳамаи ин корҳо аз ҳисоби кадом маблағ карда мешаванд?

Мо аз одамон ҳеҷ гуна пул ҷамъ намекунем. Ҳарчанд хароҷоти кори мавъизаи мо хеле калон аст, мо аз одамон пул намепурсем. Зиёда аз сад сол пеш, дар шумораи дуюми маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» гуфта шуда буд, ки мо боварӣ дорем, ки Яҳува пуштибони мо аст ва мо «ҳеҷ гоҳ одамонро зорӣ ва илтимос намекунем, ки ба мо ёрӣ диҳанд»— ва дар ҳақиқат инро мо ҳеҷ гоҳ накардаем! (Матто 10:8).

Фаъолияти мо аз ҳисоби хайрияҳои ихтиёрӣ дастгирӣ карда мешавад. Бисёр одамон кори таълимдиҳии моро қадр менамоянд ва барои он хайрия мекунанд. Худи Шоҳидон низ вақту қувват, пул ва дигар чизҳояшонро хурсандона сарф мекунанд, то иродаи Худо дар тамоми замин иҷро карда шавад (1 Вақоеънома 29:9). Дар ибодатгоҳҳо ва анҷуманҳои мо қуттиҳо ё конвертҳо барои хайрияҳои ихтиёрӣ гузошта шудаанд, ки шахсони хоҳишманд ба онҳо хайрия карда метавонанд. Пулҳое, ки хайрия мешаванд, асосан аз тарафи одамоне мебошанд, ки миёнаҳол зиндагӣ мекунанд. Онҳо ба бевазани камбағале, ки ба ганҷинаи маъбад ду танга андохта, сазовори таърифи Исо гашта буд, монанданд (Луқо 21:1–4). Пас, ҳар каси дилхоҳ метавонад мунтазам маблағеро «назди худ пасандоз карда нигоҳ дорад», то миқдори пулеро, ки дар дилаш ният кардааст, хайрия кунад (1 Қӯринтиён 16:2; 2 Қӯринтиён 9:7).

Бешубҳа, Яҳува минбаъд низ онҳоеро, ки бо дороии худ Ӯро ҷалол додан мехоҳанд, бармеангезад, ки кори мавъизаро дастгирӣ кунанд, то ки иродаи Ӯ иҷро шавад (Масалҳо 3:9).

  • Ташкилоти мо аз дигар динҳо бо чӣ фарқ мекунад?

  • Хайрияҳои ихтиёрӣ чӣ тавр истифода бурда мешаванд?