Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 25

Ибодатгоҳҳои Шоҳидони Яҳува — барои чӣ ва чӣ тавр сохта мешаванд?

Ибодатгоҳҳои Шоҳидони Яҳува — барои чӣ ва чӣ тавр сохта мешаванд?

Боливия

Нигерия, то ва баъди азнавсозии ибодатгоҳ

Таити

Ибодатгоҳ — биноест, ки дар он Шоҳидони Яҳува вохӯриҳои худро мегузаронанд. Мавзӯи асосие, ки дар вохӯриҳои мо муҳокима карда мешавад, Подшоҳии Худо мебошад. Ин ҳамон чизест, ки Исо дар борааш мавъиза мекард (Луқо 8:1).

Онҳо чун маркази ибодати ҳақиқӣ хизмат мекунанд. Дар ибодатгоҳҳо кори мавъиза ташкил карда мешавад (Матто 24:14). Намуд ва шакли толорҳои ибодат гуногунанд, вале онҳо аз меъёр зиёд оро дода нашудаанд. Бисёр вақт аз як толор якчанд ҷамъомад истифода мебарад. Солҳои охир мо даҳҳо ҳазор ибодатгоҳи нав сохтем (ба ҳисоби миёна дар як рӯз панҷто), то ки ҷамъомадҳои афзудаистода бе ҷой намонанд. Ин чӣ тавр имконпазир шуд? (Матто 19:26).

Онҳо аз ҳисоби фонди Ибодатгоҳи Шоҳидони Яҳува сохта мешаванд. Ин хайрияҳо ба филиал фиристода мешаванд ва аз ин фонд ба ҷамъомадҳое, ки ба сохтмон ё азнавсозии ибодатгоҳ ниёз доранд, маблағи муваққатии бефоиз фиристода мешавад.

Онҳо аз тарафи ихтиёриёне сохта мешаванд, ки касбу кори гуногун доранд. Дар бисёр мамлакатҳо Гурӯҳи сохтмончиёни ибодатгоҳ ташкил карда шудаанд. Ин гурӯҳ аз хизматчиёни сохтмонӣ ва ихтиёриён иборат аст. Онҳо аз як ҷамъомад ба ҷамъомади дигари мамлакат ва ҳатто ба ноҳияҳои дурдаст мераванд, то ба ҷамъомадҳои маҳаллӣ дар сохтмони ибодатгоҳ кӯмак расонанд. Дар мамлакатҳои дигар бошад, Шоҳидони бомаҳорат таъин карда шудаанд, то ба сохтмон ва азнавсозии ҷойҳои ибодат дар он минтақа назорат кунанд. Ҳарчанд бисёр сохтмончиёни бомаҳорат аз ҷойҳои дигар омада ихтиёран дар ҳар як сохтмон иштирок мекунанд, ба ҳар ҳол аъзоёни ҷамъомади маҳаллӣ қисми калони коргарони ихтиёриро ташкил медиҳанд. Рӯҳи Яҳува ва кӯшишҳои самимии хизматгорони Ӯ сохтани ин қадар ибодатгоҳҳоро имконпазир мегардонад (Забур 126:1; Қӯлассиён 3:23).

  • Мавзӯи асосие, ки дар ибодатгоҳҳои Шоҳидони Яҳува муҳокима мешавад, кадом аст?

  • Дар тамоми ҷаҳон сохтани ибодатгоҳҳоро чӣ имконпазир мегардонад?