Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 26

Чӣ тавр мо ибодатгоҳҳоро нигоҳубин мекунем?

Чӣ тавр мо ибодатгоҳҳоро нигоҳубин мекунем?

Эстония

Зимбабве

Муғулистон

Пуэрто-Рико

Ҳар як Ибодатгоҳи Шоҳидони Яҳува ба худ номи муқаддаси Худоро дорад. Барои ҳамин, мо мефаҳмем, ки иштирок дар тозаю зебо ва ҳолати хуб нигоҳ доштани ин биноҳо шараф ва қисми муҳими хизмати муқаддаси мост. Ҳама метавонанд дар ин корҳо иштирок кунанд.

Ихтиёриён баъди вохӯрӣ рӯбучин мекунанд. Баъди ҳар як вохӯрӣ, бародарон ва хоҳарон бо омодагӣ ибодатгоҳро тоза мекунанд. Ҳафтае як маротиба оиди тозакунӣ корҳои васеътар гузаронда мешаванд. Пири ҷамъомад ё хизматгузори ҷамъомад, ки дар ин кор роҳбариро ба ӯҳда дорад, одатан аз рӯи дастурот амал мекунад. Вобаста аз зарурият, ихтиёриёни алоҳида толорро мерӯбанд, бо чангкашак тоза менамоянд, фарши онро мешӯянд, чангҳоро пок мекунанд, курсиҳоро ба тартиб меоранд, оина ва тирезаҳоро пок мекунанд, ҳоҷатхонаҳоро шуста бо маҳлулҳои химиявӣ безарар мегардонанд, партовҳоро мебароранд ва ҳамчунин рӯи ҳавлиро тоза мекунанд. Камаш дар як сол як маротиба рӯбучини калон гузаронда мешавад. Ба баъзе корҳо кӯдаконро низ ҷалб кардан мумкин аст, чунки бо ин мо ба онҳо ёд медиҳем, ки ҷойҳои ибодатро эҳтиром кунанд (Воиз 4:17).

Иштирок дар корҳои таъмирӣ. Ҳар сол берун ва даруни бинои ибодатгоҳ бодиққат аз назар гузаронда мешавад. Дар асоси чунин тафтиш саривақт корҳои таъмирӣ гузаронда мешаванд, то ки толор дар ҳолати хуб нигоҳ дошта шавад ва хароҷотҳои нозарур ба миён наоянд (2 Вақоеънома 24:13; 34:10). Толори тоза ва дар ҳолати хуб буда барои ибодат кардани Худо ҷои шоиста аст. Дар ин кор иштирок карда мо нишон медиҳем, ки Яҳуваро дӯст медорем ва ҷои ибодати Ӯро қадр мекунем (Забур 121:1). Ин ҳамчунин ба дигар одамон таассуроти хуб мебахшад (2 Қӯринтиён 6:3).

  • Барои чӣ мо бояд ба тозагии ҷойҳои ибодатамон бепарвоӣ накунем?

  • Барои тоза нигоҳ доштани ибодатгоҳ кадом корҳо ташкил карда мешаванд?