Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 27

Аз китобхонаи ибодатгоҳ чӣ гуна манфиат гирифтан мумкин аст?

Аз китобхонаи ибодатгоҳ чӣ гуна манфиат гирифтан мумкин аст?

Исроил

Ҷумҳурии Чехия

Бенин

Ҷазираҳои Кайман

Оё шумо мехостед, ки донишатонро оиди Китоби Муқаддас васеътар гардонед? Оё дар бораи ягон воқеа, шахс, ҷой ё чизи дар Китоби Муқаддас навишташуда чуқуртар фаҳмидан бароятон шавқовар аст? Оё шумо фикр кардаед, ки Каломи Худо дар ҳал кардани ташвишҳои шахсиатон ёрдам карда метавонад? Агар дар ҷои шумо ибодатгоҳ бошад, шумо имконият доред, ки аз китобхонаи он истифода баред.

Он барои омӯзиши чуқур воситаҳои ёрирасон дорад. Эҳтимол шумо на ҳамаи адабиётҳои Шоҳидони Яҳуваро ба забони худ доред. Лекин дар китобхонаи ибодатгоҳ аксарияти адабиётҳои ба наздикӣ чопшуда дастрасанд. Дар он ҷо ҳамчунин шояд тарҷумаҳои гуногуни Китоби Муқаддас, луғатҳои хуб ва дигар маълумотномаҳои ёрирасон ҳастанд. Шумо аз ин китобхона то вохӯрӣ ва баъди он бемалол истифода бурда метавонед. Агар дар он ҷо компютер бошад, шояд он «Китобхонаи электронии Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ»-ро дошта бошад. Ин барномаи компютерие мебошад, ки шумораи васеи адабиётҳоямонро дар бар мегирад. Бо ёрии он мо ягон мавзӯъ, калима ё оятро ба осонӣ ёфта метавонем.

Он барои тайёрӣ ба касоне, ки да вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо» супориш доранд, кӯмак мекунад. Хангоми тайёрӣ ба супоришҳоятон аз китобхонаи ибодатгоҳ истифода бурда метавонед. Ба китобхона барандаи вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо» ҷавобгар аст. Вай бояд назорат кунад, ки адабиётҳои охирин дар китобхона ҳастанд ва ботартиб гузошта шудаанд. Ӯ ё шахсе, ки бо шумо омӯзиш мегузаронад, ба шумо метавонад нишон диҳад, ки маълумоти даркориро чӣ тавр ёфтан мумкин аст. Лекин, ягон адабиёти китобхона набояд аз ибодатгоҳ ба дигар ҷо бурда шавад. Ва, албатта, мо мехоҳем, ки китобҳоро эҳтиёткорона истифода барем ва ба онҳо хат накашем.

Китоби Муқаддас мефаҳмонад, ки барои ёфтани «дониши Худо» мо бояд тайёр бошем, ки онро «мисли ганҷҳо ҷустуҷӯ» кунем (Масалҳо 2:1–5). Китобхонаи ибодатгоҳ ба шумо ба сар кардани ин ҷустуҷӯ ёрӣ медиҳад.

  • Барои гузарондани омӯзиши чуқур дар китобхонаи ибодатгоҳ кадом воситаҳо дастрасанд?

  • Барои ба таври беҳтар истифода бурдани китобхона кӣ ба шумо ёрӣ дода метавонад?