Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 2

Ба Исо пеш аз таваллудаш иззату эҳтиром нишон дода мешавад

Ба Исо пеш аз таваллудаш иззату эҳтиром нишон дода мешавад

ЛУҚО 1:34–56

  • МАРЯМ БА НАЗДИ ЭЛИСОБАЪ МЕРАВАД

Ҷабраил ба Марям мегӯяд, ки вай соҳиби фарзанд мешавад ва номи ӯро Исо мемонад. Фарзанди вай Подшоҳи бузурге мегардад ва то абад ҳукмронӣ мекунад. Марям ҳайрон шуда мепурсад:

— Ин чӣ тавр шуда метавонад? Охир, ман ҳоло шавҳар накардаам (Луқо 1:34).

Ҷабраил мегӯяд:

— Рӯҳи муқаддас бар ту мефарояд ва қудрати Худои Таоло бар ту соя мекунад. Аз ин сабаб кӯдаке, ки ту таваллуд мекунӣ, муқаддас ва Писари Худо номида мешавад (Луқо 1:35).

Шояд, барои он ки Марям ба ин гап бовар кунад, Ҷабраил илова мекунад:

— Инак, хешат Элисобаъ низ, ки мардум ӯро нозой меномиданд, дар пириаш ҳомиладор шуда, писаре дар батн дорад ва ҳоло моҳи шашуми ӯст, зеро чизе нест, ки аз дасти Худо наояд (Луқо 1:36, 37).

Марям ба суханони Ҷабраил бовар карда мегӯяд:

— Ман канизи Яҳува ҳастам. Бигзор бо ман аз рӯйи гуфти ту шавад (Луқо 1:38).

Баъди рафтани Ҷабраил Марям барои ба назди Элисобаъ рафтан тайёрӣ мебинад. Элисобаъ бо шавҳараш Закарё дар кӯҳистони Яҳудо, дар наздикии Ерусалим, зиндагӣ мекунад, Марям бошад — дар Носира. Барои ба хонаи Элисобаъ расидан ӯ бояд роҳи се-чоррӯзаро тай кунад.

Баъди сафари дурудароз Марям ба хонаи Закарё меояд ва бо хешаш Элисобаъ салому алейк мекунад. Он вақт Элисобаъ аз рӯҳи муқаддаси Худо пур шуда чунин мегӯяд: «Ту дар миёни занон баракат ёфтаӣ ва самари батни ту баракатёфта аст! Ин чӣ шарафест, ки модари Ҳазратам ба назди ман омад! Ҳамин ки садои саломи ту ба гӯшам расид, кӯдак аз хурсандӣ дар батнам ба ҷунбиш омад» (Луқо 1:42–44).

Марям бо миннатдорӣ мегӯяд: «Ҷони ман Яҳуваро ситоиш мекунад ва рӯҳам дар Худои Наҷотдиҳандаи ман шодиву хурсандӣ мекунад, зеро Ӯ ба канизи ночизи Худ эътибор додааст. Минбаъд ҳамаи наслҳо маро хушбахт меноманд, чунки Қодир барои ман корҳои бузург ба амал овардааст». Ҳарчанд Марям соҳиби чунин шараф гаштааст, ӯ танҳо Яҳуваро сазовори шӯҳрату ҷалол меҳисобад. Марям мегӯяд: «Номи Ӯ муқаддас аст. Ӯ ба тарсгорони Худ аз насл ба насл раҳму шафқат мекунад» (Луқо 1:46–50).

Марям аз рӯҳи муқаддас пур шуда ба Худо ҳамду сано гуфтанро давом медиҳад: «Ӯ бо дасти Худ корҳои бузург ба амал овард; касонеро, ки андешаҳои дилашон ҳавобаландона аст, пароканда кард, шахсони соҳибқудратро аз тахт ба зер афканд ва одамони одии ночизро сарбаланд гардонд. Ӯ мӯҳтоҷонро аз неъматҳо пур кард ва сарватдоронро дасти холӣ фиристод. Ӯ ба хизматгори Худ Исроил дасти ёрӣ дароз кард, то нишон диҳад, ки ваъдаи Худро оиди зоҳир кардани раҳму шафқат ҳамеша дар хотир дорад ва он ваъдаро, чуноне ки ба падаронамон гуфтааст, Ӯ ба Иброҳим ва наслаш дода буд» (Луқо 1:51–55).

Марям қариб се моҳ дар хонаи Элисобаъ мемонад. Дар ҳафтаҳои охири ҳомиладориаш ба Элисобаъ ёрдаму дастгирии Марям хеле даркор аст. Чӣ хуб аст, ки ин ду зани содиқ дар ин лаҳзаи муҳими ҳаёташон бо ҳам мебошанд!

Аҳамият диҳед, ки ба Исо пеш аз таваллудаш иззату эҳтиром нишон дода шуд. Элисобаъ ӯро «Ҳазратам» гуфт ва баъди омадани Марям кӯдаки батнаш аз хурсандӣ «ба ҷунбиш омад». Лекин, чи тавре ки баъд мефаҳмем, дар оянда одамон ба Маряму кӯдакаш тамоман дигар хел муносибат мекунанд.