Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 9

Ҳаёти Исо дар Носира

Ҳаёти Исо дар Носира

МАТТО 13:55, 56 МАРҚӮС 6:3

  • ОИЛАИ ЮСУФУ МАРЯМ КАЛОН МЕШАВАД

  • ИСО ДУРЕДГАРИРО ЁД МЕГИРАД

Исо дар Носира ном шаҳри на он қадар калоне ба воя мерасад. Ин шаҳр дар минтақаи кӯҳии Ҷалил, дар тарафи ғарбии кӯли калоне, ки баҳри Ҷалил ном дорад, ҷойгир аст.

Ҳангоми тахминан дусола будани Исо Юсуф ва Марям аз Миср ба Носира кӯчида меоянд. Аз афташ, ҳоло Исо фарзанди ягонаи Юсуфу Марям аст. Лекин баъдтар онҳо боз соҳиби якчанд писар ва духтар мешаванд. Ва, чи хеле ки аз Китоби Муқаддас маълум аст, номи писарони онҳо Яъқуб, Юсуф, Шимъӯн ва Яҳудо мебошад. Барои ҳамин гуфтан мумкин аст, ки Исо камаш шаш додару хоҳар дорад.

Бешубҳа, Исо хешу табори дигар низ дорад. Мо аллакай бо Элисобаъ ва писари ӯ Яҳё шиносем. Онҳо хеле дуртар аз Носира, дар Яҳудия, зиндагӣ мекунанд. Дар Ҷалил бошад, дар наздикии Юсуфу Марям, Салӯмит зиндагӣ мекунад. Ӯ, аз афташ, хоҳари Марям ва холаи Исо аст. Номи шавҳари Салӯмит — Забдой ва номи ду писари онҳо, яъне холабачаҳои Исо, Яъқуб ва Юҳанно мебошад. Мо аниқ намедонем, ки оё Исо дар кӯдакӣ ва ҷавониаш бо онҳо вақти зиёд мегузаронд ё не. Лекин, вақте Яъқуб ва Юҳанно калон мешаванд, онҳо чун расулони Исо хизмат карда, дӯстони наздики ӯ мегарданд.

Юсуф, ки дуредгар аст, барои таъмин кардани оилаи калони худ бояд бисёр меҳнат кунад. Ӯ Исоро чун писари худ калон мекунад ва барои ҳамин одамон вайро «писари дуредгар» меноманд (Матто 13:55). Юсуф ба Исо касби дуредгариро ёд медиҳад ва ӯ устои моҳир мешавад. Баъдтар одамон худи Исоро ҳам дуредгар меноманд (Марқӯс 6:3).

Ибодат ба Яҳува дар ҳаёти Юсуф ва аҳли оилааш дар ҷойи аввал меистад. Юсуфу Марям мувофиқи Шариати Худо амал карда, ҳангоми дар хона нишастан, роҳ рафтан, хобидан ва бархостан фарзандонашонро дар роҳи Худо тарбия мекунанд (Такрори Шариат 6:6–9). Дар Носира яҳудиён ибодатгоҳ доранд ва бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки Юсуф бо аҳли оилааш доимо ба он ҷо меравад. Баъдтар, вақте Исо калон мешавад, ӯ низ «мувофиқи одати худ» рӯзҳои шанбе ба ибодатгоҳ меравад (Луқо 4:16). Ҳамчунин Исо ҳамроҳи оилаашон ҳар сол ба маъбади Яҳува ба Ерусалим мераванд ва чунин сафарҳо ба ҳар як аъзои оила хурсандии зиёд мебахшанд.