Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 12

Таъмид гирифтани Исо

Таъмид гирифтани Исо

МАТТО 3:13–17 МАРҚӮС 1:9–11 ЛУҚО 3:21, 22 ЮҲАННО 1:32–34

  • ИСО ТАЪМИД МЕГИРАД ВА ТАДҲИН КАРДА МЕШАВАД

  • ЯҲУВА БА ҲАМА МАЪЛУМ МЕКУНАД, КИ ИСО ПИСАРИ ӮСТ

Аз он вақте, ки Яҳёи Таъмиддиҳанда мавъизаро сар кард, қариб ним сол гузашт. Исо, ки ҳоло тахминан сисола аст, ба назди Яҳё, пеши дарёи Урдун меояд. Бо кадом мақсад? Исо на барои хабар гирифтани Яҳё ва на барои дидани пешравии кори ӯ меояд. Исо омада, аз Яҳё хоҳиш мекунад, ки ӯро таъмид диҳад.

Лекин Яҳё ба Исо мегӯяд: «Ин ман бояд аз ту таъмид гирам, ту бошӣ, ба назди ман меоӣ?» (Матто 3:14). Яҳё медонад, ки Исо Писари Худо аст. Ба хотир оред, ки, вақте Марями ҳомиладор ба хабаргирии модари Яҳё, Элисобаъ, омада буд, Яҳё аз хурсандӣ дар шиками модараш ба ҷунбиш омад. Бешубҳа, Элисобаъ баъдтар дар ин бора ба писараш нақл кард. Яҳё ҳамчунин медонист, ки Ҷабраили фаришта таваллуди Исоро пешгӯйӣ карда буд ва шаби таваллуд шудани Исо фариштагон ба чӯпонон зоҳир шуда буданд.

Яҳё мефаҳмад, ки барои таъмид гирифтан ба назди ӯ касоне меоянд, ки аз гуноҳҳои худ пушаймон шуда, тавба кардаанд. Азбаски Исо бегуноҳ аст, Яҳё ӯро аз ин кор боздоштан мехоҳад. Вале Исо дар гапаш истода мегӯяд: «Ба ман монеъ нашав, зеро ин тавр мо ҳар он чиро, ки дуруст аст, ба ҷо меорем» (Матто 3:15).

Пас, чаро Исо таъмид мегирад? Таъмиди Исо рамзи аз гуноҳҳо тавба кардан нест, балки нишонаи он аст, ки ӯ худро барои иҷро кардани хости Падараш пешкаш мекунад (Ибриён 10:5–7). Исо то ба имрӯз дуредгар буд, вале ҳоло вақти он расид, то хизматеро, ки Падараш ба ӯ супоридааст, ба ҷо орад, чунки ӯ барои ҳамин ба замин омадааст. Ба фикри шумо, оё Яҳё медонист, ки дар вақти таъмид гирифтани Исо чизи ғайриодие рӯй медиҳад?

Баъдтар Яҳё мегӯяд: «Оне, ки маро барои дар об таъмид додан фиристод, чунин гуфта буд: “Бар касе, ки рӯҳ фаромада, қарор гирад, ӯ ҳамонест, ки бо рӯҳи муқаддас таъмид медиҳад”» (Юҳанно 1:33). Бинобар ин Яҳё интизор аст, ки бар яке аз шахсоне, ки назди ӯ омада, таъмид мегирад, рӯҳи муқаддас мефарояд. Ва, вақте ӯ мебинад, ки рӯҳи Худо «чун кабӯтаре фаромада, бар Исо қарор» мегирад, аз ин ҳайрон намешавад (Матто 3:16).

Лекин дар вақти таъмиди Исо боз чизи дигаре рӯй медиҳад. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Осмон кушода шуд». Ин чӣ маъно дорад? Эҳтимол, ин маънои онро дорад, ки Исо ҳаёти пешинаашро ба хотир меорад, ҳаётеро, ки пеш аз ба замин омаданаш ба сар мебурд. Ӯ ҳаётеро, ки дар осмон дошт, ва ҳамчунин донишеро, ки Худо дар он ҷо ба ӯ таълим дода буд, ба ёд меорад.

Илова бар ин, ҳангоми таъмид гирифтани Исо садое аз осмон шунида мешавад, ки чунин мегӯяд: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз ӯ розиям» (Матто 3:17). Ин овози кист? Ин овози Худост. Баъзеҳо чунин ақида доранд, ки Исо Худо аст, лекин оё гуфтан мумкин аст, ки ин овози Исост? Не, чунки ӯ дар пеши Яҳё истодааст. Ин воқеа нишон медиҳад, ки Исо Худо нест, балки писари Ӯст.

Бояд гуфт, ки Исо низ чун инсони аввалин — Одам, писари Худо аст. Луқо ном шогирди Исо дар бораи ӯ чунин мегӯяд: «Вақте Исо хизмати худро сар кард, ӯ тақрибан сисола буд ва мувофиқи ақидаи одамон писари Юсуф... писари Элӣ... писари Довуд... писари Иброҳим... писари Нӯҳ... писари Одам... писари Худо буд» (Луқо 3:23–38).

Исо ҳам мисли Одам писари заминии Худо аст. Ҳангоми таъмид бошад, ӯ бо Худо муносибати нав пайдо мекунад ва Писари рӯҳии Худо мегардад. Акнун ӯ метавонад ҳақиқатро дар бораи Худо таълим дода роҳеро, ки сӯйи ҳаёт мебарад, нишон диҳад. Исо хизматеро сар мекунад, ки дар охири он ҷони худро барои одамони нокомил қурбон мекунад.