Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 19

Исо зани сомариро таълим медиҳад

Исо зани сомариро таълим медиҳад

ЮҲАННО 4:3–43

  • ИСО ЗАНИ СОМАРӢ ВА ДИГАРОНРО ТАЪЛИМ МЕДИҲАД

  • ТАРЗИ ИБОДАТЕ, КИ БА ХУДО МАЪҚУЛ АСТ

Вақте Исо бо шогирдонаш аз Яҳудия ба Ҷалил сафар мекунад, аз шимоли мамлакат, аз вилояти Сомария, мегузарад. Онҳо хеле монда мешаванд ва қарибии пешин дар шаҳри Суҳар, дар назди яке аз чоҳҳои об, барои дамгирӣ мешинанд. Ин чоҳро асрҳо пеш Яъқуб-пайғамбар канда буд, ё эҳтимол, барои ин кор касеро киро карда буд. Имрӯз чоҳи ба ин монандро дар наздикии шаҳри Ноблус ёфтан мумкин аст.

Исо барои дамгирӣ мешинаду шогирдонаш ба шаҳри ҳамсоя хӯрокхарӣ мераванд. Дар набудани онҳо зани сомарие ба назди чоҳ барои обгирӣ меояд. Исо аз ӯ хоҳиш мекунад:

— Ба ман каме об деҳ (Юҳанно 4:7).

Сомариёну яҳудиён якдигарро бад мебинанд ва одатан бо якдигар сарукор надоранд. Барои ҳамин зан аз гапи Исо ҳайрон шуда мепурсад:

— Чӣ тавр ту, ки яҳудӣ ҳастӣ, аз ман, ки зани сомарӣ мебошам, об мепурсӣ?

Исо дар ҷавоб мегӯяд:

— Агар ту медонистӣ, ки атои Худо чист ва кӣ ба ту мегӯяд, ки «ба ман каме об деҳ», худат аз ӯ об мепурсидӣ ва ӯ ба ту оби ҳаёт медод.

— Тақсир,— ҷавоб медиҳад зан,— ту ҳатто зарфе надорӣ, ки аз ин чоҳи чуқур об гирӣ, пас, он оби ҳаётро ба ман аз куҷо медиҳӣ? Магар ту аз падарамон Яъқуб, ки ин чоҳро ба мо додаасту худаш, писаронаш ва чорвояш аз он об менӯшиданд, бузургтарӣ? (Юҳанно 4:9–12).

Исо мегӯяд:

— Ҳар кӣ аз ин об менӯшад, боз ташна мемонад, вале ҳар кӣ аз обе, ки ман медиҳам, нӯшад, ҳеҷ гоҳ ташна намемонад, балки обе, ки ман медиҳам, дар ӯ чашмае мегардад, ки ҷӯш мезанад ва ҳаёти ҷовидонӣ мебахшад (Юҳанно 4:13, 14).

Ҳарчанд Исо монда аст, қуввати худро дареғ надошта, ба зани сомарӣ дар бораи ҳақиқати ҳаётбахш нақл мекунад.

Он зан ба Исо мегӯяд:

— Тақсир, илтимос, ба ман ҳам аз он об деҳ, то ки ман дигар ташна намонам ва барои об кашидан ба ин ҷо наоям.

Исо акнун гапро дигар тараф бурда мегӯяд:

— Рафта, ҳамроҳи шавҳарат ба ин ҷо биё.

Зан дар ҷавоб мегӯяд:

— Ман шавҳар надорам.

Исо ба ӯ ҷавоб медиҳад:

— Рост гуфтӣ, ки шавҳар надорӣ. Ту панҷ шавҳар доштӣ ва марде, ки ҳозир бо вай зиндагӣ мекунӣ, шавҳари ту нест. Ин гапат рост аст (Юҳанно 4:15–18).

Аз ҷавоби Исо зан ба ҳайрат меояд.

Ин суханон чашмони занро мекушоянд ва ӯ нидо мекунад:

— Тақсир, мебинам, ки ту пайғамбар ҳастӣ.

Аз суханони минбаъдаи зани сомарӣ маълум мешавад, ки ӯ ба масъалаҳои динӣ ҳам шавқ дорад:

— Падарони мо [сомариён] Худоро дар ин кӯҳ [кӯҳи Ҷаризим] ибодат мекарданд, вале шумо [яҳудиён] мегӯед, ки ҷойи ибодат дар Ерусалим аст (Юҳанно 4:19, 20).

Лекин Исо ба вай мефаҳмонад, ки дар куҷо ибодат кардани Худо муҳим нест. Ӯ мегӯяд:

— Бовар кун, соате фаро мерасад, ки Падарро на дар ин кӯҳ ибодат мекунед ва на дар Ерусалим.

Баъд ӯ илова мекунад:

— Соате фаро мерасад ва аллакай расидааст, ки ибодаткунандагони ҳақиқӣ Падарро дар рӯҳ ва ростӣ ибодат хоҳанд кард, зеро Падар маҳз чунин ибодаткунандагонро ҷустуҷӯ мекунад (Юҳанно 4:21, 23, 24).

Барои Падари мо, Худо, дар куҷо ибодат кардан неву чӣ тавр ибодат кардани Ӯ муҳим аст. Маҳз ҳаминро Ӯ аз парастандагони ҳақиқӣ интизор аст. Ин суханони Исо ба дили зан сахт таъсир мекунанд.

— Медонам, ки бояд Масеҳ биёяд ва, вақте ӯ меояд, ҳама чиро ба мо кушоду равшан нақл мекунад,— мегӯяд зан (Юҳанно 4:25).

Исо ба ӯ ошкоро мегӯяд:

— Он шахс ман ҳастам (Юҳанно 4:26).

Исо то ҳол ба ҳеҷ кас рӯирост нагуфта буд, ки ӯ Масеҳ аст. Лекин ба ин зани сомарӣ, ки вақти пешин барои об меояд, ин ҳақиқати муҳимро ошкор мекунад. Чӣ шарафи бузурге!

БИСЁР СОМАРИҲО ИМОН МЕОРАНД

Шогирдони Исо хӯрок гирифта, аз Суҳар бармегарданд. Онҳо аз дур мебинанд, ки Исо бо зани сомарие сӯҳбат карда истодааст. Вақте онҳо ба назди Исо меоянд, зан кӯзаи обашро монда, ба шаҳр меравад.

Он зан ба Суҳар расида, ба одамони он ҷо суханони Исоро нақл мекунад. Ӯ онҳоро даъват мекунад: «Биёед ва касеро бинед, ки ба ман ҳамаи корҳои кардаамро нақл кард». Баъд, шояд, барои бедор кардани кунҷкобии мардум, мегӯяд: «Шояд ӯ Масеҳ бошад?» (Юҳанно 4:29). Аз замони Мӯсо-пайғамбар то он рӯз одамон интизори Масеҳ буданд (Такрори Шариат 18:18). Барои ҳамин сомариён суханони занро шунида ба дидани Исо мешитобанд.

Дар ин миён шогирдон аз Исо хоҳиш мекунанд, ки каме хӯрок хӯрад. Лекин ӯ ҷавоб медиҳад: «Ман хӯроке дорам, ки шумо дар борааш намедонед». Шогирдон ҳайрон шуда аз якдигар мепурсанд: «Магар ягон кас ба ӯ хӯрок овард?» Исо ба онҳо бо меҳрубонӣ мефаҳмонад: «Хӯроки ман ин аст, ки хости Фиристандаи худро ба ҷо орам ва кореро, ки Ӯ ба ман супурдааст, ба анҷом расонам» (Юҳанно 4:32–34). Ҳар як пайрави Исо бояд ҳамин хел фидокор бошад.

Исо гапашро давом дода мегӯяд: «Чашмони худро бардоред ва ба киштзор назар андохта бинед, ки ҳосил барои дарав тайёр аст. Даравгар музди худро гирифта истодааст ва барои ҳаёти ҷовидонӣ ҳосил ҷамъ оварда истодааст, то кишткунанда ва даравгар якҷоя хурсандӣ кунанд» (Юҳанно 4:35, 36). Исо ин ҷо дарави аслии ғалларо дар назар надорад, чунки то он боз чор моҳи дигар аст. Ӯ дарав гуфта, ба кори шогирдсозӣ ишора мекунад.

Зани сомарӣ рафта, ба ҳамшаҳриёнаш суханони ӯро нақл мекунад. Бисёриҳо аз Суҳар нақли он зани сомариро шунида, ба Исо имон меоранд, чунки зан дар бораи Исо мегӯяд: «Ӯ ба ман ҳамаи корҳои кардаамро нақл кард» (Юҳанно 4:39). Барои ҳамин онҳо назди Исо омада, аз ӯ хоҳиш мекунанд, ки ҳамроҳашон каме истад. Исо даъвати онҳоро қабул карда, дар Сомария боз ду рӯзи дигар меистад.

Баъди шунидани суханони Исо одамони боз ҳам бештар ба ӯ имон меоранд. Онҳо ба зани сомарӣ мегӯянд: «Акнун имони мо на танҳо бар гуфтаҳои ту асос меёбад, зеро мо бо гӯши худ суханони ӯро шунидем ва ҳоло медонем, ки ин мард дар ҳақиқат наҷотдиҳандаи ҷаҳон аст» (Юҳанно 4:42). Зани сомарӣ барои ҳамаи мо намунаи ибрат аст. Мо ҳам метавонем дар бораи Масеҳ ба дигарон нақл карда, шавқи одамонро бедор кунем.

Ба хотир оред, ки то саршавии дарав, эҳтимол, ҷавдарав, чор моҳи дигар аст. Дар ин ҷойҳо ҷавро дар фасли баҳор медараванд. Ҳозир, аз афташ, моҳи ноябр ё декабр аст. Пас, маълум мешавад, ки баъди ҷашн гирифтани иди Раҳоии соли 30-и милодӣ Исо ва шогирдонаш тахминан ҳашт моҳ дар вилояти Яҳудия бо таълим ва таъмид додани шогирдон машғул буданд. Акнун онҳо ба тарафи шимол, ба Ҷалил, мераванд. Онҳоро дар диёрашон чӣ интизор бошад?