Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 21

Дар ибодатгоҳи Носира

Дар ибодатгоҳи Носира

ЛУҚО 4:16–31

  • ИСО ПОРЧАЕРО АЗ НАВИШТАҲОИ ИШАЪЁ-ПАЙҒАМБАР МЕХОНАД

  • МАРДУМИ НОСИРА ИСОРО КУШТАН МЕХОҲАНД

Мардуми Носира аз омадани Исо дар ҳаяҷонанд. Тахминан як сол пеш, пеш аз он ки Исо таъмид гирад, ӯ дар шаҳри худ дуредгар буд. Акнун бошад, ӯро чун шахси мӯъҷизакор мешиносанд. Ҳамшаҳриёнаш бесаброна интизоранд, ки ӯ дар ин ҷо ҳам мӯъҷиза ба амал орад.

Вақте Исо аз рӯйи одати худ ба ибодатгоҳ меояд, ҳама интизор мешаванд, ки ҳозир ӯ ягон кори аҷоиб мекунад. Одатан мардум «ҳар шанбе дар ибодатгоҳҳо» дуо мегӯяд ва аз навиштаҳои Мӯсо-пайғамбар порчае мехонад (Аъмол 15:21). Онҳо навиштаҳои дигар пайғамбаронро низ мехонанд. Вақте Исо барои хондан аз ҷояш мехезад, ӯ, мумкин, чеҳраҳои шиносро мебинад. Дар давоми солҳо ӯ ҳамроҳи онҳо ба ин ибодатгоҳ меомад. Ба ӯ дастхати китоби Ишаъё-пайғамбарро медиҳанд. Исо порчаеро меёбад ва дар бораи шахсе мехонад, ки Яҳува ӯро бо рӯҳи муқаддасаш тадҳин кардааст. Имрӯз мо ин матнро аз Ишаъё 61:1, 2 ёфта метавонем.

Дар он ҷо гуфта мешавад, ки он интихобшудаи Худо озодиро ба асирон ва биноиро ба кӯрон эълон мекунад ва дар бораи вақте, ки розигии Яҳуваро соҳиб шудан мумкин аст, мавъиза мекунад. Исо дастхатро ба хизматгузори ибодатгоҳ медиҳад ва ба ҷояш мешинад. Ҳама бо кунҷкобӣ ба ӯ нигоҳ мекунанд. Сипас ӯ чизи хондаашро каме шарҳу эзоҳ медиҳад ва фикри муҳимеро қайд мекунад: «Суханоне, ки ҳоло аз Навиштаҳои Муқаддас шунидед, имрӯз ба иҷро расиданд» (Луқо 4:21).

Одамон «аз суханони фораме, ки аз даҳони ӯ шуниданд», ба ҳайрат меоянд ва ба якдигар мегӯянд: «Магар ӯ писари Юсуф нест?» Исо пай мебарад, ки онҳо аз ӯ мӯъҷизае интизоранд, барои ҳамин мегӯяд: «Бешубҳа, шумо ба ман суханони зеринро нисбат медиҳед: “Эй табиб, аввал худатро шифо деҳ”, ва мегӯед: “Мо дар бораи ҳамаи корҳое, ки дар Кафарнаҳум кардаӣ, шунидаем, ҳоло дар ватани худат ҳам чунин корҳоро ба амал ор”» (Луқо 4:22, 23). Ҳамшаҳриҳои Исо, мумкин, фикр мекунанд, ки ӯ бояд аввал дар зодгоҳи худаш одамонро шифо медод, баъд дар ҷойҳои дигар. Барои ҳамин, шояд, ба назарашон чунин тобад, ки Исо онҳоро писанд накард.

Фикрҳои онҳоро фаҳмида Исо аз таърихи Исроил якчанд мисол меорад. Дар рӯзҳои Илёс-пайғамбар дар Исроил бевазанони зиёде буданд, лекин Илёс ба назди ҳеҷ кадоми онҳо фиристода нашуд. Ӯ ба назди бевазане рафт, ки исроилӣ набуд ва дар назди Сидӯн, дар шаҳри Сорефот, зиндагӣ мекард. Илёс мӯъҷиза карда, дар он ҷо ҳатто писари он занро зинда кард (3 Подшоҳон 17:8–16). Дар рӯзҳои Элишоъ-пайғамбар бошад, дар Исроил махавиёни зиёде буданд, лекин пайғамбар танҳо Наамони суриягиро шифо дод (4 Подшоҳон 5:1, 8–14).

Ин мисолҳо худхоҳу сустимон будани мардуми Носираро фош мекунанд, барои ҳамин онҳо аз хашму ғазаб пур мешаванд. Онҳо Исоро кашола карда аз шаҳр берун мебаранд ва ба қуллаи кӯҳе, ки шаҳр бар он бино шуда буд, бароварда, аз ҷарӣ партофтанӣ мешаванд. Лекин Исо аз дасти онҳо халос шуда меравад. Баъди ин воқеа ӯ ба шаҳри Кафарнаҳум, ки дар соҳили шимолу ғарбии баҳри Ҷалил ҷойгир аст, равона мешавад.